“Avanger: Endgame” (“Мстители: Финал”) фоидаовартарин филм дар таърихи синамои ҷаҳон мебошад.
Филми мазкур 22-юми апрели соли 2019 ба экран баромада, истеҳсоли студияи филмоварии “Marvel”-и Амрико мебошад. Арзиши филм 356 миллион долларро ташкил медод, аммо баъди ба фурӯш баровардан зиёда аз 2 миллиарду 790 миллион доллар фоида овард.
Роберт Даунии хурдӣ, Скарлетт Йоҳанссон, Крис Ҳемсворт, Крис Эванс ва Марк Руффало нақшҳои асосиро дар филм иҷро кардаанд.