Arzon march 2024
ФИЛМИ “УЖАС” РИШТАИ ҶОНИ ЯК МУХЛИСРО БАРКАНД
1933


Сайёҳи 77-сола Бернард Чэннинг дар Паттай (Тайланд) барои рафъи хастагӣ ва қувва гирифтан истироҳат мекард. Рӯзе зафқи тамошои филми даҳшатнок (ужас) дар дилаш ҷӯш зад, аммо танҳо ба тамошои кинои даҳшатнок ҷуръат накарду аз кинотеатр чипта харидорӣ намуд.

Он мӯйсафеди бечора аз куҷо медонист, ки он чиптаро на барои тамошои филм, балки баҳри сафар ба он дунё харид. Дар кинотеатр одамони зиёд ҷамъ омада буданд. Ҳама бо чашмони калон-калон кушода, ангушт дар даҳон газида, бо рангу рӯйи парида, бе миҷазанӣ филми “Проклятие Аннабель 3”-ро тамошо доштанд. Пас аз анҷоми филм доду войи зан толори кинотеатрро ларзонд. Дар курсӣ нафақахӯри бритониёӣ ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Гарчанде, ки фавран ба ёрии таҷъилӣ занг зада бошанд ҳам, кӯмаки тиббӣ расондан ба ҷаноб Чэннинг дигар лозим наомад, ӯ аллакай сактаи дил шуд. Ҳангоми тамошои саҳнаи ваҳшатнок дили мӯйсафед заду, ҳамон дам ба ҳалокат расид.

Ҷасади мӯйсафедро бо ҷойпӯш пӯшонданду аз дари қафои кинотеатр бароварда, рост ба морг бурданд. Табиист, ки дигар тамошобинон бениҳоят ҳаросону ларзон буданд...

Аммо аҷибаш ин, ки ҳарчанд филм беҳад даҳшатнок буд, лекин аз қаҳрамонони кино касе ба ҳалокат нарасиду дар толор тамошобин ҷон дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД