Arzon march 2024
Филмҳои тоҷикӣ дар фестивали байналмиллалии синамо
653


Имрӯз 13-сентябр дар шаҳри Тошкенти ҷумҳурии ҳамсояамон Ӯзбекистон XIV -умин фестивали байналмиллалии кино бо унвони “Марворидҳои роҳи абрешим” ба кори худ шурӯъ хоҳад кард.

Фестивали мазкур то 18-сентябр идома ёфта, дар доираи ин чорабинӣ чандин барномаҳои дигари ҳунарӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар доираи фестивали “Марворидҳои роҳи абрешим” дар шаҳри Тошкент “Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон” гузаронида мешаванд.

Ба иттилоъи масъулини “Тоҷикфилм” тибқи нақша дар доираи рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон сенарияи филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи дӯстии ду абармади адабиёт Мавлоно Ҷомӣ ва сардафтари адабиёти класскиии ӯзбек Алишер Навоӣ бо унвони “Ҷилои ситораҳо: Ҷомӣ ва Навоӣ”муаррифӣ карда мешавад.
Ин филм бо пешниҳоди сарони ду давлат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба навор гирифта хоҳад шуд. Ёдрас мешавем, ки идеяи сабти чунин филм ҳанӯз тобистони соли гузашта, ҳангоми сафари кории президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз ҷониби сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя пешниҳод шуда буд. Интизор мешавад, ки ба ифтихори рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ оид ба сабти филми мазкур ба имзо расида, банаворгирии филми муштарак оғоз хоҳад ёфт.

Дар доираи фестивали мазкур дар шаҳрҳои Тошкент ва Урганҷ намоиши филмҳои ҳунарии киностудияи “Тоҷикфилм” ба нақша гирифта шудааст ва филмҳои коргардонҳои тоҷик Муҳаммадрабӣ Исмоилов “Шикори охирин”, Носир Саидов “Роҳ”, Файзулло Файзов “Се рӯзи як баҳор” ва , Умедшо Мирзоширинов “ШОС: роҳ ба сӯйи шукуфоӣ” намоиш дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Шӯрои VI -и директорони киностудияҳои давлатҳои муштарак ул манофеъ бастани шартномаи ҳамкорӣ барои сабти филмҳои муштарак, аз ҷумла ҳунарии “Норак”ва филми аниматсионии “Бабри барфӣ” дар назар дошта шудааст.
Дар фестивали байналмилалии кинои “Марворидҳои роҳи абрешим” ҳунармандони машҳури ҷаҳон аз ҷумла актери армрикоӣ Ҷони Деп ва кргардон Эндрю Левитас ширкат варзида, филми навашонро бо номи «Минамата» манзури мухлисони синамо месозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД