sebiston july new
Фирӯза Ҳафизова наркоман аст?
2872

 -Салом Фирӯзабону! Шуморо аз сомонаи “Оила” ташвиш медиҳем. Сабаби занг заданамон сабтест, ки чанд рӯз боз дар сомонаи иҷтимоӣ паҳн шуда, боиси овозаю ҳангома ва сару садоҳои бисёре гаштааст...

-Уф, беҳтараш шумо напурседу ман нагӯям! Ин мардуми мо аз паша фил месозанд. Ба фикрам ягон кори дигар надоранд, барои ҳамин аз пайи овозаву ҳангома давида, шаъну шарафи сарояндагон ва дигар одамони машҳурро бо кадом роҳе, ки набошад, паст задан мехоҳанд.
Firuza-Hafizova-He-he-kujoi
-Аслан, ин сабт аз куҷо пайдо шуд?
-Онро ман худам дар шабаки Истаграмм “прямой эфир” карда будам, вале на дар он шакле, ки имрӯз сомонаҳо онро пахш карда истодаанд. Кадом душманам як порчаи онро бурида, дар байни мардум паҳн кардааст, то ки обрӯи маро резонад.
-Ростӣ, на худи сабт, балки нигоҳи шумо дар он боиси овозаю ҳангомаҳои зиёде гаштааст, зеро ба назар чунин мерасад, ки сархуш ҳастед ва мастона сухан мегӯед...
-Аслан, чашмони ман модарзод хуморӣ ҳастанд, бар замми ин, дар чашмонам линза гузошта будам. Аз ҳамин сабаб ба назар чунин мерасад, ки гӯё ман дар ҳолати сархушӣ қарор дорам. Дар асл ман на бангиям, на наркоман. Касоне, ки маро хуб мешиносанд, инро тасдиқ карда метавонанд. Одами сархуш чунин ҳарф зада наметавонад.
-Мақсади асосии шумо аз ин навор чӣ буд?
-Дар Истаграмм нафароне зиёде ҳастанд, ки ҳамеша шаъну шарафи сарояндагон ва дигар одамони номдорро паст зада, фалон ҳофиз банг мезанад, дигараш нашъа мекашад, сеюмаш фоҳишаю чорумаш арақхӯр мегӯянд. Бовар кунед, аз гапҳои подарҳавои онҳо ҷонам ба лабам расида, тоқатам тоқ шуд, охир то ба кай ба туҳмат тоқат мекунӣ?! Телефонро гирифтаму ба мардум муроҷиат карда гуфтам, ки ин қадар ба пойи сарояндагон туҳмату буҳтон набандед. Шуморо бо зиндагӣ ва сархуш будан ё набудани мо чӣ кор? Сарояндаҳо низ инсон ҳастанд ва имон доранду ҳеҷ гоҳ ба чунин кирдори ғайриахлоқӣ даст намезананд. Ба ҷойи ғайбат кардан аз паси зиндагии худ шавед...
Firuza-Hafizova-6

-Фирӯзабону, шумо ба касоне, ки ин наворро паҳн кардаанд, чӣ гуфтаниед?
-“Олим шудан осону одам шудан мушкил аст” гуфтаанд. Хуб мебуд, ки мардуми мо маданият омӯзанд ва дигар аз паси таҳқиру паст задани ҳамдигар нашаванд. Як бор ба мардуми ӯзбек назар кунед. Чаро узбекҳо ягон ҳунармандашонро паст намезананд? Онҳо хуб медонанд, ки он ҳунарманд ҳам яке аз ҳаммиллатони худашон аст ва туф кардани ба рӯйи ӯ ба рӯйи худ туф кардан барин мешавад. Хуб мебуд, ки мардуми мо низ пеш аз обрӯи ин ё он ҳунармандро резондан инро андеша намоянд. Хуб ҳастем ё бад, мо ҳама тоҷикем!

аввава

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД