formula
Фоида ва зарари компютер ба кӯдакон
3754

 

Ҷаҳони муосиро бидуни компютер тасаввур кардан имкон надорад. Имрӯз оилаеро (хоса дар шаҳр) пайдо кардан душвор аст, ки компютер надошта бошад. Аксари модарон аз субҳ то шом дар сари компютер нишастани фарзандонашонро дида, хурсанд мешаванд, ки бо ин дастоварди техникии замони нав овора шуда, кӯдак дигар шӯхию беқарорию беодобӣ намекунад ва бемалол бо кору бори худ машғул шуда метавонанд. Аз як тараф хуб аст, ки бача кӯчагардӣ накарда, вақташро бо бозиҳои компютерӣ мегузаронад, вале набояд фаромӯш кард, ки шавқу ҳаваси аз ҳад зиёд ба компютер ба саломатӣ ва руҳияи кӯдакон бе таъсир намемонад.

Фоидаи компютер ба бачаҳо
Компютер ба инкишофи ҷаҳонбинии кӯдакон ёрӣ мерасонад, агар онро дуруст истифода барад. Бозиҳои омӯзандаи компютерӣ барои ошно шудан бо муҳити атроф ва гирифтани донишҳои нав ба нави замонавӣ бо роҳи бозӣ ба кӯдакон ёрӣ мерасонанд. Волидонро лозим аст, ки барои фазандонашон бозиҳои муфиди компютериро интихоб намоянд, то бача вақташро ба ҳар бозиии бемаънии фачу лаҷ сарф накунад. Вақте ки фарзанди шумо бо компютер бозӣ карда расм мекашад ё оҳанг эҷод менамояд, ин амалҳо ба рушди эҷодии кӯдак ёрӣ мерасонанд ва баҳри дар оянда эҷодкори асил шуданаш заминаи хуберо фароҳм меоранд.

Компютер ба мактаббача даркор аст ё не?
Имрӯз қариб тамоми мактабҳо бо компютер таҷҳизонида шудаанд. Мавҷуд будани компютер дар хона ба кӯдакон дар тайёр кардани вазифаҳои хонагӣ ва пайдо намудани маълумотҳои навтарин тариқи Интернет ёрӣ мерасонад, ба ғайр аз ин, бозиҳои компютерӣ хастагии кӯдакро ба сонӣ мебароранд. Ҳангоми бемориҳои сабук бо бозиҳои шавқовари компютерӣ машғул шуда, бача худаш пай намебарад, ки чи тавр дарди дардон ё гӯшаш худ аз худ гум шуд, вале…

Зарари компютер
Новобаста ба ҳама нафъҳояш компютер бе зарар нест. Дурудароз дар сари компютер нишастан метавонад кӯдакро ба бемориҳои гуногун гирифтор созад, бинобар ин, то сини 3-4 солагӣ компютеро ба бача тамоман нишон надиҳед. Ошноиро бо компютер тахминан аз синни 5-солагӣ сар карда, оҳиста-оҳиста тарзи истифода бурдани онро ба кӯдак нишон диҳед.

Бачаҳои синну соли мактабӣ низ набояд зиёд дар паси манитори компютер бишинанд. Гап сари он аст, ки соатҳои дароз чашми худро аз экран накандани кӯдак боиси пайдо шудани дарди сар, паст ё суст шудани биноӣ, гирифтор гаштан ба бемориҳои чашм ва ҳатто остеохондроз мегардад. Ҳамеша дар сари компютер нишастан ба руҳияи бачаҳо низ бе таъсир намемонад. Кӯдаконе, ки рӯз то бегоҳ дар пушти манитор мешинанд асабонию бадқаҳр шуда, барои дупула гап бо дигарон ҷангу ҷанҷол мекунанд.

Аз бозиҳои даҳшатангез дурӣ ҷӯед!
Волидон дар компютер ҷангбозӣ кардан ё филмҳои даҳшатангез тамошо кардани фарзандонашонро дида «ин танҳо як бозӣ аст» гӯён, даст меафшонанд, ҳол он ки чунин бозиҳо ба психикаи нозуки кӯдак бе таъсир намемонанд. Равоншиносони кӯдакона ҳушдор медиҳанд, ки тамошои филму бозиҳои даҳшатангези компютерӣ (ужастикҳо) ба асаби кӯдакон таъсири манфӣ расонида, онҳоро тарсончак ё баръакс сангдилу бераҳм месозад.

Дамдузд, одамгурез ва танбал
Боз як зарари дигари компютер дар он аст, ки бача бо муошират ва бозиҳои вертуалӣ машғул шуда, аз ҳаёти реалӣ канда мешавад ва одамгурезу дамдузд ба воя мерасад. Кӯдаконе, ки вақташонро танҳо дар сари компютер мегузаронанд ба осонӣ бо ҳамсолонашон забон ёфта наметавонад. Ин кӯдакон ба варзиш шавқу ҳавас надоранд. Ишқи компютер меҳри китобро аз дили бача берун мекунад. Вақте ки кӯдак китоб намехонад, донишҳои омӯхтаи ӯ сатҳӣ буда, дар майнааш амиқ ҷой намегиранд.

Вобастагии компютерӣ
Аз ҳама бадаш он аст, ки дар як ҳафта ҳафт рӯз аз субҳ то шом ё нимаи шаб дар назди монитор нишастан касро аз ҷиҳати психологӣ ба компртер побанд карда мемонад. Вобастагии компютерӣ низ ба мисли нашъамандӣ ва шаробхорӣ як нав беморӣ буда, барои аз он халос шудан ба равонишинос муроҷиат намудан лозим меояд.

Барои он ки компютер ба саломатӣ ва руҳияи кӯдакони шумо таъсири манфӣ нарасонад, дар пушти манитор нишастани фарзандонатонро ҳатман зери назорат бигиред. Кӯшиш намоед, ки бачаҳо танҳо дар вақтҳои муаян сари компютер нишаста бо бозиҳои манфиатовар машғул шаванд ва аз он маълумотҳоеро бигиранд, ки барои омӯхтани илму дониш ва васеъ кардани ҷаҳонбиниашон чун обу ҳаво заруранд.

Бобева Зухро, омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД