Arzon march 2024
«Formula55» Темур Раҳимовро варзишгари беҳтарини соли 2022 арзёбӣ намуд
01.02.2023
ОИЛА
463

 

Рӯзи 27 январ дар шаҳри Душанбе дар Кохи Суруш маросими навбатии солонаи "Беҳтарин варзишгари сол 2022" мувофиқи натиҷаҳои нахустин ширкати миллии букмекерӣ "Formula55" баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки маросими мазкур беш аз 12 сол боз баргузор мешавад!

image_2023-01-28_16-26-46

Дар маросими супурдани ҷоиза тамоми ситораҳои варзиши тоҷик, ки соли гузашта дастовардҳои зиёдеро соҳиб шуданд, ҳузур доштанд. Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, «Эйнштейни тоҷик» Петр Сегрт, намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиш, федератсияҳои варзиш ва расонаҳо низ ба ҳайси меҳмон даъват шуда буданд.Номзадҳо зиёд буданд, ҳама сазовор буданд, аммо Темур Раҳимов беҳтарин дониста шуд!⠀ Инчунин, Миҷгона Самадова, Жасмин Ан-Нимр, Пайрав Воҳидов (мураббии тими футзал), Бахтиёр Доноёров, Аъзам Ғафоров, Шервони Мабатшоев ва дигарон пешбарӣ ва мукофотонида шуданд. Аксари варзишгарон ва меҳмонон фазои гуворо дар ин чорабинӣ ва аҳамияти онро барои рушди варзиш қайд карданд. Дар анҷоми чорабинӣ бо варзишгарон аксбардорӣ ташкил карда шуд.

image_2023-01-28_16-24-15

Қобили зикр аст, ки «Формула55» дар доираи лоиҳаи худ «Тоҷикистон ба пеш» барои соли 2022 пайваста беш аз 20 варзишгари кишвари моро дастгирӣ намуд! Инчунин, дар доираи лоиҳаи Фонди кӯмаки «Орзуи нек» соли 2022 Формула55 зиёда аз 30 мактаби варзишӣ, майдончаҳо, толорҳо ҳам барои кӯдакони ятим ва ҳам барои варзишгарони ҳозиру ояндасоз таъмиру барқарор карда шуд, ки аллакай натиҷаҳои хеле хуб нишон дода истодаанд. Масалан, толори варзишии Темур Раҳимов ва толори машқ барои Ҷонона Рустамова (бокс) таъмир карда шуданд.

image_2023-01-28_16-24-34

Соли гузашта ба шарофати мусобиқоти Formula55 CUP ва сарпарастии мусобиқаи байналмилалии волейбол нисбати варзишгари мо Ёдгор Ғуломалиев аз кишварҳои дигар низ таваҷҷуҳ карданд ва ҳоло Ёдгор дар Қазоқистон бозӣ мекунад ва дар он ҷо аллакай бо командаи худ соҳиби ҷои 2-юм ва Суперҷоми Қазоқистон гаштааст.

image_2023-01-28_16-25-11

Клубҳои футболи мо ҳам бетаъсир намонданд. Formula55 қаблан шартномаҳои сарпарастӣ бастааст ва ба клубҳои ФК “Хуҷанд”, ФК “Равшан” (Кӯлоб), ФК “Динамо Душанбе” ва бисёр дигарон кӯмак кардааст.

image_2023-01-28_16-26-54

Formula55 ният дорад минбаъд низ дар рушди варзиши Тоҷикистон саҳм гузорад, варзишгарон, чорабиниҳои варзишӣ ва федератсияҳои варзиширо дар саросари кишварамон дастгирӣ намояд!

image_2023-01-28_16-27-07

Темур Раҳимов аз рӯи натиҷаҳои Формула 55 беҳтарин варзишгари соли 2022 дониста шудааст.

image_2023-01-28_16-23-38

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД