shoh palace
Форуми «Занон ва об» дар Душанбе оғоз шуд!
811


Форуми байналмилалии «Занон ва об» аз 6 то 9-уми июн идома ёфта, кори худро дар Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат» шуруъ намуд. Дар ин форум аз 48 давлати ҷаҳон 170 нафар иштирок доранд.

Форуми мазкур дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилаллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мегардад.

Норасоии оби ошомиданӣ ва дастрасӣ ба он яке аз мушкилиҳои асосии ҷомеаи муосир буда, об махсусан дар ҳаёти занону кӯдакон нақши калидӣ дорад. Тибқи сарчашмаҳо 80 фоизи занҳои хонашин ба ҷумак дастрасӣ надорад, ин дар ҳолест, ки маҳз онҳо барои таъмини зиндагии ҳаррӯзааашон бо об вазифадор ҳастанд.

Форуми «Занон ва об» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ, ки фаъолияти бонувонро дар ин самт инъикос менамояд, дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД