arzon replenishment
Фурӯхту зиндон шуд
663

Суди шаҳри Алма - Атои Ҷумҳурии Қазоқистон хабар дод, ки ректори собиқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории занонаи ин кишвар Гавҳар Алдамбергенова ба муҳлати 7 сол зиндонӣ шудааст.

Дар хабар гуфта шудааст, ки мушовири ректор К. Кожантаев низ ба ҳамин муҳлат зиндон шуд.

Бино ба шаҳодати далелҳо, ректор ва мушовираш ҳудуди 9 га замини донишгоҳро нахуст ба номи наздиконашон сабт карда, баъдан ба шаҳрвандони дигар фурӯхтаанд. Зарари аз ин ҳисоб ба донишгоҳ расида 205 ҳазор доллар баҳо дода мешавад. Фурӯши заминҳо дар соли 2018 сурат гирифтааст.

Ҳамчунин, бо ҳукми суд маҳкумшудаҳо аз ишғоли вазифа дар идораҳои давлатӣ ба таври якумрӣ маҳрум шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД