formula
Фурсати харид барои соли нав фаро расид!
438



Сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атроф имкон доранд, ки аз фурсати қулай истифода бурда, аз 21 декабр то 31-декабри соли равон барои дастурхони солинавии худ аз ярмарка молу маҳсулоти дилхоҳашонро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намоянд.

Дар арафаи соли нави мелодии 2023 аз 21 то 31-уми декабри соли равон дар чор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидаааст.

“Бино ба иттилои Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ин иқдом бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастархони сокинону меҳмонони пойтахт гирифта шудааст”-менависад сомонаи Пресса. ТҶ.

Ба иттилои манбаъ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД “Бозори Меҳргон”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ), майдончаи назди бозори “Қарияи боло”-и ноҳияи Сино ва майдончаи назди КВД “Бозори Саховат”-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил ва баргузор хоҳад шуд.

Фурсатро аз даст надода, барои дастурхони солинавии худ аз ин ярмаркаҳо молу маҳсулоти дилхоҳатонро бо нархҳои арзон дастрас намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД