Arzon march 2024
Гаравгонони хиёнат (қисми 6)
1598

Давомаш...

Дар тарабхонаи ваъдагӣ Мансуру Мавҷигул вохӯрданд. Мансур Мавҷигулро пешвоз гирифта гуфт:

– Хуш омадӣ ишқи нҳустин ва модари писари ягонаам. Ман бозгаштам.

Мавҷигул нӯги даст салом карда, дар курсӣ нишаста гуфт:

– Хуш омадӣ. Вале хоҳиши ягонаам ин аст, ки дигар занг назан ва моро ба ҳоли худ гузор. Дигар ман он Мавҷигули хиёнаткор нестам ва намехоҳам оилаи мо вайрон шавад.

Мансур гуфт:

– Фаромӯш кардӣ, ин фарзанди ман аст. Тақдири минбаъдаи ӯро ман ҳал мекунам. Ту чӣ фикр мекунӣ, маро истифода бурдӣ, акнун мехоҳӣ партоӣ? Ин таклифат намегузарад. Ту ҳам ба ман зарур нестӣ, вале фарзандамро дидан мехоҳам, ӯро ба оғӯш кашидан мехоҳам. Аз пагоҳ моро бо ягон баҳона бо фарзандам шинос кун.

Мавҷигул медонист, ки на таҳдид ва на хушомад ба Мансур асар намекунад ва оддитарин сухан метавонад вазъиятро муташанниҷ намояд. Вай сҳт метарсид аз он ки қаҳри Мансурро оварад. Ноилоҷ розӣ шуд.

Мавҷигул рӯзи дигар бо баҳонаи сайр писарашро ба боғ оварда, ба Мансур шинос карда гуфт:

– Дамирҷон шинос шав. Ин кас Мансур ном доранд. Яке аз дӯстони хели наздики бибият ҳастанд ва минбаъд дӯсти мо низ мешаванд.

Бо ҳамин дидори зуд – зуди онҳо оғоз ёфт ва ҳатто баъзан Мансур ба мактаб ба дидани Дамир меомад ва ӯро бо мошин то хона мебурд. Ба ӯ туҳфаҳо мехарид ва чун наздиктарин шҳсаш дили ӯро ба даст овардан мехост.

Рӯзе Мавҷигул чунин сухане аз Мансур шунид, ки агарчӣ интизор буд, вале аз шуниданаш метарсид.

Мансур гуфт:

– Духтари ман палид аст ва занам низ. Мисли насоси обкашӣ пул мехӯранд. Танҳо аз дидори писар ман мамнун мешавам. Медонӣ чӣ?

– Чӣ?

– Ӯ бояд аз падари аслии хеш огоҳ шавад. Албатта, ҳозир не, натарс. Баъдтар, вақте ки фаҳмида тавонад.

Аз шунидани ин сухан вазъи Мавҷигул вазнин шуд. Моҳҳо ба худ наомад. Ҳар лаҳза доруи тасаллибҳш истеъмол мекард. Хоб аз чашмонаш париданд. Шавҳари меҳрубонаш ба даҳшат афтода, ӯро ҳар рӯз назди табибон мебурд. Мавҷигул танҳо дар як фикр буд: «Мансур суханашро ба замин намемонад».

Мавҷигул худро баъзан таскин дода мегуфт, ки: «ҳеҷ мушкиле нест, ки осон нашавад». Вале боз ҳам яқин медонист, ки мушкили ӯ ҳатман бо фоҷиа анҷом меёбад.

Ӯ мегуфт:

– Ман ба ҳар ду хиёнат кардам. Ҳам ба писар ва ҳам ба шавҳар. На иштибоҳро аз байн бардошта метавонам, на вазъиятро дигаргун сохтан.

Ӯро фикрҳои гуногун ва ваҳмовар хеле азият медоданд. Агар шавҳар аз ҳақиқат огаҳӣ ёбад, бешак нобуд хоҳад шуд. Агар фарзанд бифаҳмад, ки падари ӯ шҳси дигар аст, модарро барои хиёнат ҳаргиз намебҳшад, он гуна ки Мавҷигул модарашро бҳшида натавонист.

Аз ҳама зиёд Мавҷигул мехост ҳарчӣ зудтар Мансур ба фоҷиае гирифтор шуда, аз бозӣ барояд. Вагарна то ӯ дар ин баҳс шарик аст, ҳар рӯз бадбҳтиҳои нав ба нав ба сари онҳо хоҳад омад. Ин аст, ки Мавҷигул ҷиддан тасмим гирифт, ки бо ҳар роҳе Мансурро нобуд кунад. Ӯ фикр мекард, ки танҳо бо ҳамин роҳ Далер метавонад чун падари ягонаи фарзандаш боқӣ монаду аҳли оиларо аз шармандагӣ наҷот диҳад. «Ё дар ин роҳ ман қурбон мешавам ё Мансур, бояд Далеру Дамирро наҷот диҳам», мегуфт Мавҷигул.

Вале Мансур ҳам ором набуд ва дар фикри аз байн бардоштани Далер шуд. Ӯ ҳам фикр мекард, ки роҳи ягонаи соҳиб шудан ба фарзанд аз байн бардоштани Далер аст.

Мансур нақшаи хеле ҷиддӣ кашид, вале дар ин бора ба Мавҷигул нагуфт. Агарчӣ Мавҷигул як умр дар назди ӯ забонкӯтоҳ буд, вале бо вуҷуди ин Мансур намехост, ки худро дар назди Мавҷигул чун қотил муаррифӣ кунад.

Далер бехабар аз оламу одам чун падари меҳрубону шавҳари ғамхор хизмати фарзанду оилаашро мекарду дар чорсӯи зиндагӣ бо вуҷуди танқисиҳои зиёд худро хушбҳт эҳсос мекард. Дамир бехабар аз бозиҳои тақдир машғули бозиҳои худ буд.

Мавҷигул нақшаи аз миён бардоштани Мансурро мекашиду, Мансур дар бораи он фикр мекард, ки бо чӣ роҳ Далерро нобуд созад, ки Мавҷигул аз ӯ гумонбар нашавад. Аммо тақдир бозии худро дошту нақшаҳое мекашид, ки касе имкони пешгирӣ намудани онҳоро надошт.

Рӯзе амаки Далер аз ноҳия ба ӯ занг зада, гуфт:

– Далерҷон, модарат дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ба назарам рӯзҳои охирини ҳаёташро пушти сар карда истодааст. Туро зарур аст, ки ба зудӣ ба дидори ӯ шитобӣ. Бисёр мехоҳад пеш аз марг туро бинад.

Бо шунидани ин хабар дасту пои Далер суст шуд. Ӯро зарур буд, ки ҳама кӯшишро ба харҷ дода, бо чӣ роҳе бошад худро ба назди модар расонад, то ақаллан охирин маротиба рӯйи гарми модарро бубинаду модар низ пеш аз марг ба дидори фарзандаш мушарраф шавад. Модари ӯ ҳанӯз як моҳ пеш, вақте ки на он қадар ҳолати вазнин дошт, шояд марги худро эҳсос карда буд, ки гуфт:

– Писари азизам, сину солам ба ҷое расид. Саломатиам рӯз ба рӯз бадтар шуда истодааст. Метарсам, ки як бори дигар рӯйи туву набераам Дамирҷонро надида меравам. Агар як бори дигар пеш аз марг набераамро ба оғӯш мекашидам, беармон мемурдам.

Вале, Далер он вақт суханони модарро ҷиддӣ қабул накарда буд:

– Модарҷон ин қадар ноумедона сухан нагӯед. Иншооллоҳ ҳоло дар хатнасури Дамир рақс ҳам мекунед. Ман ният дорам ин баҳор як маъракае ороста, ёру дӯстонро даъват намоям ва Дамирҷонро хатна кунем.

Модар гуфта буд:

–Дуо мекунам, ки ба ҳама орзуҳои дилат расӣ, писарам. Вале роҳҳо вазнин нашуда, агар як маротиба ҳамроҳи писарчаат меомадӣ, хеле хуб мешуд.

Шояд агар он вақт Далер ба суханони модар гӯш дода, ба дидорбинии модар мерафт, имрӯз ин қадар дар ташвиш намемонд. Ӯ зуд либосҳои гармашро пӯшида каме маблағ гирифту омодаи сафар шуд.

Дар пойтҳт чанд рӯз боз барфи сҳт меборид. Ҳаракати нақлиёт бинобар бориши зиёди барф тариқи ағбаҳои Анзобу Шаҳристон муваққатан қатъ шуда буданд ва сафар ба самти Хуҷанд номумкин буд. Бинобар муносибати сарди миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳаракати қатора низ ба ин самт қатъ гардида буд. Ин аст, ки ҷуз пиёда пеш гирифтани роҳ Далер илоҷи дигар надошт. Ӯ нав аз дар баромаданӣ буд, ки Дамир гирякунон – «падарҷон, ман ҳам ба дидани бибиам меравам» – гуфта, ба зориву тавалло даромад.

Ҳарчанд Далеру Мавҷигул ба ӯ мефаҳмонданд, ки роҳҳо мҳкам асту бурдани ӯ тамоман ғайриимкон, ў гӯш намекард. Мавҷигул гуфт...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД