arzon replenishment
Гирдоби сарнавишт (ҚИСМИ 2)
1453

- Фикр мекунем. Мекобем, барои намурданамон мубориза мебарему баъди раҳоӣ аз ин ҷазира интиқомамонро аз гунаҳкорон меситонем.

Зулхумор ҳарисона бо об макарони хушкро хӯрду аз ҷой бархоста, ба назди кампираки русе рафта нишаст.

- Шуморо кӣ ба ин ҷазира оварда партофт?

- Намедонам,- гириста ҷавоб дод кампир,- писарам гуфт, ки рафта дар Туркиё истироҳат кун. Аммо шабона аз меҳмонхона касе моро ғайриихтиёрӣ рабуда оварда ба ин ҷо партофтааст.

Ба суҳбаташон як мӯйсфеди дигар ҳамроҳ шуда, чунин гуфт:

- Ман дар киштӣ будам. Ногаҳон худ ба худ ғанабам бурду баъди чанде худро дар ин ҷо дидам. Писарам маро маҷбурӣ ба курорт фиристода буд.

- Аз ин маълум мешавад, ки ҳамаи мо бо мақсади барқасдона ба ин ҷо оварда партофта шудаем,- нафасаш гирифта, гуфт Зулхумор.

- Мисли киноҳои хориҷӣ, моро одамони нодаркор гуфта оварда ба ин ҷо партофтаанд, то аз гушнагиву танҳоӣ ҳамин ҷо хору зор мурда равем.

Зулхумор тамоми зиндагии гузаштаашро саҳифагардон кард. Бо Носир онҳоро падару модар хонадор карда буданд. Аммо баъди тӯй муносибати Носир бо ҳамсараш хеле хуб буд. Якдигарро сахт эҳтиром мекарданд. Зулхумор шавҳарашро хеле ва хеле дӯст медошту ҳар замон рашк мекард. Аз рашки зиёди зан оҳиста-оҳиста байни зану шавҳар сардӣ пайдо гардид.

Акнун Носир кӯшиш мекард, ки ба хона дертар биёяд. Бо баҳонаи сафари хизматӣ ҳафтаҳо дар хона набуд. Зулхумор барои аҳли хонаводаи шавҳар келини хубу порсо буд. Аммо барои шавҳар зани ҷанҷолии рашкин ҳисоб меёфт.

Ба тамоми дунё сафар карда, аз ташхиси духтурон гузаштанд, аммо аз Зулхумор фарзанд таваллуд нашуд. Аммо Зулхумор боз айбро ба гардани шавҳар гузошта, мегуфт, ки ту безурётӣ.

Рӯзе қаҳри Носир омаду гуфт:

- Ман солимам. Аммо духтури занона гуфт, ки сабаби фарзанд нашудан маҳз ту мебошӣ. Мефаҳмӣ, ки ту ҳаёти маро сӯзонида истодаӣ?

- Месӯзонам? Баръакс, туйи як қишлоқии камбағалро ман гирифта одам кардам. Падарам раиси ноҳия, туро дар қаноташ гирифта, соҳиби пулу мол гардонид. Ту бошӣ, маро фиреб карда, то ин вақт бо занҳо мегаштаӣ. Наҳсии занакабозиат задааст, ки ҳоло ҳам фарзанд надорем.

- Бас кун, ки чунон лагадкӯбат кунам, ки аз ёдат то мурдан наравад!

Носир пинҳонӣ аз Зулхумор кайҳо зан гирифта, бо ӯ зиндагӣ мекард. Ҳафтаи охирини ҳомилагии занаш муносибаташ бо Зулхумор хеле бад шуду Носир дар дил нақша кашид, ки чӣ тавр аз ҳамсараш раҳоӣ ёбад. Барои ҳамин, аз як дӯсти наздикаш маслиҳат пурсид. Ҷӯрааш гуфт, ки ман як шиносе дорам, ки тавассути фирмаи туристиаш одамони нодаркорро ба ҷазираи хурдакаке бурда мепартофтааст. Аммо барои ин маблағи хеле калон лозим аст.

- Чӣ тавр мебарад?

- Масалан ту ҳамсаратро бо баҳонаи тамошову истироҳат ба Туркиё мефиристӣ. Баъди ду рӯзаш ин одамро пинҳонӣ дору дода, ба ҷазираи беодаме бурда мепартоянд. Ба он ҷо ҳар моҳ кормандони ин фирма рафта, халтаҳои пур-пури макарони хушкро аз даруни вертолёт мепартоянд. Ин одамони нодаркор ҳамон ҷо зиндагӣ карда, баъзеаш аз зиқиву танҳоӣ зуд мемиранд. Баъзеи дигар то ҳол зиндаанд. Хоҳӣ, ман туро бо ин шиносам аз наздик ошно мекунам.

- Майлаш, ҷӯраҷон, шинос кун.

- Аммо набояд дар ин хусус ба ягон кас нақл кунӣ.

- Ман ба ягон кас нақл карданӣ ҳам нестам.

Раиси ин ширкати туристӣ Сабур аввал хоҳиши ӯро напазируфта, гуфт, ки «мо танҳо хоҳиши нафаронеро қонеъ мекунем, ки кафолати хомӯш буданро дошта бошанд».

- Ман ба ҷое шикоят нахоҳам бурд.

- Мисли ту марди маҳаллие омада зорӣ кард, ки ҳамсари беморашро аз ҳаёташ хат занем. Аммо баъди чанде омада гуфт, ки агар ҳамсарашро сиҳату саломат барнагардонем, моро ба милиса медиҳад.

- Не, дар ин бора фикр накунед. Ман кайҳо боз аз занам дилхунукам. Намехоҳам бо ӯ зиндагӣ намоям. Дар ҷойи дигар зан дорам. Аммо ин занам аз ман ҷудо шудан намехоҳад.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД