arzon replenishment
Гирифторони сил ва СПИД ҳам кам шудааст
284

 

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар як ҳамоиши сиёсӣ дар сатҳи баланд дар Ню-Йорк изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фавти модарон кам шудааст. 

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, шумораи фавтидагон дар миёни кӯдакон ва хонаводаҳои камбизоат низ коҳиш ёфтааст. Дар панҷ соли охир марги модарон 70 ва 36% коҳиш ёфтааст, гуфтааст вазир.

 

Зимни суханронӣ Завқизода таъкид кардааст, ки дар ин муддат шумораи гирифторони бемории сил ба қайд гирифташуда 26% ва гирифторони ВНМО 19,5% кам шудааст.

Ба гуфтаи вазир, барои ташкили низоми боэътимоди ҳифзи иҷтимоӣ барномаи кӯмаки суроғавӣ роҳандозӣ гардида, Феҳристи ягонаи миллии иттилоотии оилаҳои камбизоат ва маъюбон таъсис дода шудааст.

"Татбиқи чунин тадбирҳо имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31% дар соли 2015 то 22,5% дар соли 2022 коҳиш ёбад", - гуфтааст вазир.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД