Commerc banl
Гӯшҳои чемпион
29.03.2026
Oila.tj
32

Кумар Ракеш аз Ҳиндустон бо гӯшҳояш борҳои вазнинро бардошта, шуҳрат ба даст овардааст.

Кумар чандин сол аст, ки бо варзиш машғул аст, ӯро атлетикаи вазнин ва бодибилдинг ҷалб мекунанд. Барои расидан ба чунин дастовард Кумар аз вазни сабуктар сар кардааст, то ки суфраҳои гӯшаш ба вазнбардорӣ одат кунанд. Ин марди ҳинду аллакай ду маротиба ба китоби рекордҳо ворид гардидааст. Рекорди аввалааш ҳангоми бо як гӯш ва дувумаш бо ҳар ду гӯш дар якҷоягӣ кашидани вазн ба қайд гирифта шудааст.

Барои бардоштани вазн Ракеш “зажим”-и махсусеро истифода мебарад, ки онро бо болти махсус ба гӯшаш маҳкам мекунад. Ба ин болт тасмаҳо ва баъдан бор васл мегардад. Бо як гӯшаш Кумар метавонад 82,6 килограммро бардораду бо ҳар ду гӯшаш 111 килоро бемалол мебардорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД