Arzon march 2024
Гулбаҳор Ғаффорова соҳиби хона шуд!
993


Чанде пеш якбора ду ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик-Гулбаҳор Ғаффорова ва Бахтиёр Раҳимов аз мушкилоти бехонагии худ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ қисса карданд.

Ин ду ҳунарманди маъруф таъкид намуданд, ки солиёни зиёде барои рушди санъату ҳунари тоҷик заҳмат кашида бошанд ҳам, бо сабаби хеле кам будани музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг имконият наёфтанд, ки оддитарин шароитҳои зиндагиро барои худ ва аҳли оилаашон фарҳам оваранд. Гулбаҳор ва Ғарибшоҳ иқрор шуданд, ки то ҳол хонаи шахсии худро надоранд ва солҳост, ки дар ба дари иҷорахонаҳо мегарданд.

Азоби бехонагӣ ин ду ҳунарманди машҳурро маҷбур кардааст, ки рӯ ба мухлисон оварда, аз ҳаводорони ҳунарашон ва соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик дар ҳалли масъалаи манзилашон кӯмак бипурсанд.

Раҳими Ғармӣ-яке аз соҳибкорони машҳур ва хайрхоҳи тоҷик баъди шунидани муроҷиати Ғарибшо ба ҳаҷвнигори маъруф дасти ёрӣ дароз намуда, ба Бахтиёр Раҳимов барои харидани хона 60 ҳазор доллари амрикоӣ дод.
Ба думболи Ғарибшоҳ Гулбаҳор Ғаффорова низ бо дастгирии ин соҳибкори инсондӯст соҳиби хона гашт.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД