goodwell
Гулдастаи азимтарин
28.06.2026
Oila.tj
30

Дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон бузургтарин гулдастаи ҷаҳон сохта шуд, ки онро мутахассисони Китоби рекордҳои Гиннес расман ҳамчун рекорди ҷаҳонӣ эътироф намуданд.

Ин гулдаста аз ҷониби Иттиҳодияи мунисипиалии Аҳмадобод омода гардидааст. Ин муассиса аз соли 1950 фаъолият дошта, масъули рушди зерсохтор ва идоракунии шаҳр мебошад. Аз соли 2013 ин ташкилот ҳамасола Намоишгоҳи байналмилалии гулҳоро баргузор мекунад. Ин чорабинӣ дар соҳили дарёи Сабарматӣ доир шуда, имрӯз ба яке аз ҷолибтарин мавзеъҳои сайёҳӣ табдил ёфтааст. Ҳадафи намоишгоҳ муаррифии фарҳанг, таърих, афсонаҳо ва дастовардҳои Ҳиндустон тавассути санъати гулороӣ мебошад.

Гулдастаи рекордӣ, ки «Шукуфаи ваҳдат» ном дошта, аз 11 ҳазору 700 дона гули довудии зинда иборат аст, маркази асосии намоишгоҳ гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД