formula
Гулноза чи тавр духтари Ҳайталӣ шуд?
850


Филми “Хусури ман” яке аз сериалҳои сертамошобини тоҷикӣ аст, ки диққати кулли мардумро ба худ кашидааст. Муаллиф ва коргардони ин филми ҷаззоб Набиҷон Пирматов буда, яке аз нақшҳои асосӣ-Зайнабро дар он Гулноза Хоҷаева бозидааст.

Ин ҳунарпешаи ҷавон дар бораи чӣ гуна роҳ ёфтанаш ба ин сериал зимни сӯҳбат бо кормандони сомонаи Оила. тч чунин гуфт:

“Дар саҳифаи Инстаграм бо ҳамроҳи дугонаам Фараҳнози Ҷамшед сториз кардем. Фараҳноз, ки дар филми “Ишқ,пул, Душанбе” нақш офарида буд, сторизи ӯро тасодуфан Набиҷон Пирматов, муаллиф ва коргардони силсилафилми “Хусури ман” дидааст. Баъд маро акаи Набиҷон ба кастинг даъват карданд. Ба ман танҳо як ҷумла доданд, ки он “Ман зиндагӣ кардан мехоҳам” буд. Ман онро бояд бо чанд тарз мегуфтам.

Хушбахтона аз ӯҳдааш бародам ва ҳамин тавр яке аз нақшҳои марказиро дар филм ба ман бовар карданд...”

Ёдовар мешавем, ки Гулноза Хоҷаева 20 сол дошта, донишҷӯи Академия идоракунии давлатии назди президент мебошад ва ҳамзамон ба сифати хабарнигор дар “Телевизони Баҳористон “кор мекунад.

Шакли пурраи сӯҳбати моро бо Гулноза Хоҷаева дар бораи кор ва фаъолияташ рӯзҳои наздик метавонед дар ютуб-канали “Оила тҷ” тамошо кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД