Sebiston new 2024 october
Гуноҳи маро бубахш, мардак!
26.10.2024
ОИЛА.ТҶ
3203

Шавҳарамро дӯст дошта оиладор шудам. Хушдоманам зани бофарҳанг ва дар хонадони шавҳарам фазои тинҷу осуда ҳукмрон буд. Хешу табор ба зиндагии ширини ман ҳасад мебурданд. Солҳо турнасон гузаштанду мо соҳиби чанд фарзанд шудем.

Бо зиёд шудани сафи фарзандонамон бори зиндагӣ торафт гарон шудан гирифт ва ман ба шавҳарам гуфтам, ки бо майда-чӯйдафурӯшӣ машғул мешавам. Шавҳарам розӣ набошад ҳам, пинҳонӣ аз ӯву хушдоманам аз хешу табор ва шиносҳоям пул қарз гирифта, ба хона ҳар гуна молҳои ниёзи мардумро оварда мефурӯхтам. Намедонам аз бетаҷрибагӣ буд ё чизи дигар, ки ҳеҷ як тинам ду тин намешуд. Рафта-рафта, чунон ба қарз ғӯтидам, ки ногуфтанӣ. Қарздорон ба назди шавҳару хушдоманам омада, пулашонро талаб карданду сирри ман фош шуд.

Маблағи зиёд қарз гирифтанамро шунида, шавҳарам қариб аз ақл бегона мешуд. Асабаш вайрон шуда, дар сари қаҳр ҷавоби маро додан мехост. Хайрият, ки хушдоманам ба байн даромада, шавҳарамро аз аспи ҷаҳл фаровард, вагарна худам беваю фарзандонам дар ба дар мешуданд.

Аз кори кардаам сахт пушаймонам, вале оби рехтаро дигар бардошта намешавад. Шавҳару хушдоманам кор карда, қарзҳои маро кам-кам баргардонида истодаанд, вале муносибати шавҳарам бо ман тамоман сард шудааст. Медонам, ки сахт гунаҳкорам, вале мақсади мани хомхаёл беҳтар сохтани вазъи зиндагиямон буд. Дар бозору мағозаҳо ба бонувони савдогар нигариста, ҳавасам меомад, ки ман ҳам мисли ин занҳо пулёб шавам, вале акнун фаҳмидам, ки савдо кори саҳлу осон набудааст.

Мехоҳам аз шавҳару хушдоманам барои ин беақлиам узри гуноҳ талабам. Дигар ҳеҷ гоҳ бе розигии онҳо аз касе пул намегирам ва умуман ягон кори пинҳонӣ намекунам.

С. Л.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД