Дар Иёлоти Муттаҳида гурбачаи 10-моҳа бо номи Тоби ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун гурбае ворид шуд, ки аз ҳама бештар ангушт дорад. Дар панҷаҳои ӯ ҳамагӣ 28 ангушт мавҷуд буда, ин рекорди нави ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.
Тоби дар хонаи сокини шаҳри Лансинг Делани Ҳендерсон зиндагӣ мекунад. Дар ин оила боз як гурбаи полидактилӣ бо номи Конни низ ҳаст. Полидактилӣ ҳолатест, ки дар он ҳайвон нисбат ба гурбаҳои оддӣ ангуштони бештар дорад.
Ба гуфтаи соҳибаш, Тоби комилан солим буда, бисёр фаъолу бозигар аст. Ӯ хӯрок ва навозишро дӯст медорад ва ангуштони зиёдатӣ ба зиндагии ӯ ҳеҷ мушкиле эҷод намекунанд. Баръакс, маҳз ҳамин хусусият Тобиро ба яке аз нодиртарин гурбаҳои ҷаҳон табдил додааст.