formula
ГУРЕЗАҲО ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?
3194

 

Шамима аз кишварест, ки муддати 40-сол боз оташи ҷанг дар сарзаминаш ҳеҷ хомӯш намешавад. Маъмулан занҳое, ки даҳшати ҷангро бо чашми худ дидаанд, хеле афсурда, беҷуръат ва дилшикаста мешаванд, аммо ин зани афғон иродаи қавӣ ва рӯҳи шикастнпазир дорад. Вай аслан аз Бумиён аст, аммо чанд соли охир ҳамроҳи аҳли хонаводааш дар Ҳирот зиндагӣ мекард.

Шамима аз оилаи зиёӣ ва зани соҳибмаълумот буда, дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Афғонистон ба донишҷӯён дарс мегуфт, бар замми ин, ҳамчун момодоя ном бароварда буд ва мушкили хонумҳоро осон мекард. Ин зани чаққони панҷ панҷааш ҳунар дар корҳои ҷамъиятӣ низ хеле фаъол буд ва дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ барои занону духтарони афғон курсҳои компютерӣ, таъмири телефонҳои мобилӣ, бофандагию хайётӣ кушода, кӯшиш менамуд, ки ба бонувони сарзаминаш ёрӣ расонад.

Ҳаёти пур аз ҷӯшу хурӯш ва шодиву нишот дошт ин зан, аммо як амали бехирадонаи шавҳараш зиндагии орому осудаи Шамимаро ба дӯзах табдил дода, маҷбураш намуд, ки тарки хонаву хонумон бигӯяд...

-Новобаста ба ҷангу ҷидол ва хунрезиҳои Афғонистон мо зиндагии хушбахтона доштем ва ман ягон бор ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки рӯзе мерасаду аз баҳри ҳама чиз гузашта, тарки Ватан мекунам. Шавҳарам дар ягон ҷо кор накунад ҳам, худро ба сад дар зада, кӯшиш мекардам, ки барои фарзандонам тамоми шароитҳоро фароҳам биёрам. Такудавҳои маро дида ҳаққу ҳамсояҳо, ҳатто охунди масҷид (домулло) маро ба дигарон намунаи ибрат нишон медоданд. Азбаски Афғонистон мисли дигар кишварҳои мусалмонӣ ҷомеаи мардсолор аст, намехостам вирди забони мардум гаштани номи ман ба иззати нафси шавҳарам сахт расад, аз ҳамин хотир ӯро ба курсҳои компютерӣ дохил кардам. Муддати шаш моҳ ҳазина, яъне маблағи таҳсилашро пардохт намудам, баъдан барояш васоили аккосӣ харида, хоҳиш кардам, ки ақаллан бо акксӣ машғул шавад, то мардум нагӯянд, ки ин мардак аз ҳисоби занаш зиндагӣ мекунад. Он вақт ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки бар ивази ин ҳама некиҳои дар ҳаққи ӯ кардаам, шавҳари носипосам даст ба амали нангине мезанад, ки номи неки хонаводаи моро доғдор намуда, боиси парокандагии оила ва сарсонию оворагиамон мешавад...- Ду қатра ашк ба мисли ду дурдона аз чашмаи чашмони шаҳлои Шамима ба рӯйи рухсораҳои зебояш мечаканд. Ҷавонзанро гиря гулӯгир карда, рӯяшро ҷониби дигар гардонда, лаб мегазад, то фиғони қалбашро пинҳон созад...

Ҷинояти шавҳару оворагии оила

Шавҳараш даст ба ҷиноят зад ва Шамима ҳамчун зани босавод натавонист гуноҳи ӯро рӯйпӯш намояд. Пас аз он ки шавҳараш ба зиндон афтид, хешу табори ӯ ба сари ин зани бегуноҳ шӯрида, ба таҳдид гузаштанд ва чанд маротиба бо мошинҳои сиёҳшиша духтарҳояшро таъқиб намуданд. Шамима хуб медонист, ки пайвандони шавҳараш шӯхӣ намекунанд, аз тарси он ки ба сари фарзандонаш ягон балои азимро наоранд, вай маҷбур шуд, ки аз баҳри кору бор, аз баҳри хонаву дари обод, аз баҳри Ватанаш гузашта, гуреза шавад...

Тоҷикистон-Ватани дуюм

Инак, қариб як сол мешавад, ки Шамима бо фарзандонаш дар кишвари мо умр ба сар мебарад. Ин зани шуҷоъи афғон Тоҷикистонро Ватани дуюми худ мешуморанд ва аз давлату ҳукумат ва мардуми тоҷик сипосгузор аст, ки бо оғӯши боз онҳоро қабул намуданд.    

-Дар Тоҷикистон нисбати гурезаҳо ягон навъи табъиз вуҷуд надорад. Касе ба хотири афғон ё гуреза буданамон моро таҳдид намекунад, паст намезанад, гапҳои пасту баланд намегӯяд. Ба куҷое, ки наравем, моро хуб қабул карда, ҳурмату эҳтиром мекунанд ва дар ҳаққамон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ман махсусан аз табибони тоҷик миннатдорам, ки ба саломатии мо, гурезагон ва фарзандонамон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд,-мегӯяд Шамима миннатдорона.

Самира, духтари калонии Шамима мушкилоти равонӣ дошт. Рӯзе, ки гуреза шуда ба Тоҷикистон омаданд, дар фурудгоҳи Кобул бемориаш хурӯҷ намуд ва шишаҳои тирезаҳои фурудгоҳро сангборон карда шикаст. Баъди ба Тоҷикистон омадан низ ҳолати духтарак хеле бад буд ва худ аз худ ҷангу ҷидол бардошта, бо чанд кас даргир шуд.

-Боварӣ надоштам, ки бидуни қайд ва ҳуҷҷат моро қабул мекунанд, вале “ҳарчи бодо, бод” гӯён, духтарамро ба назди Фирӯз ном духтури тоҷик бурдам. Ин табиб моро хеле хуб қабул кард ва бо мусоидати ӯ тавонистам духтарамро дар бемористони кӯдаконаи касалиҳои асаб бистарӣ намоям. Ростӣ, ман аз муносибати табибони тоҷик дар ҳайрат афтидам. Аҷаб мардуми меҳрабоне будаанд, духтурҳои тоҷик. Ҳар гоҳ, ки ба аёдати духтарам равам, Зарринаҷон, яке аз духтурҳои табобатиаш маро дилдорӣ дода мегуфт: “Очаи Самираҷон, ташвиш накаш, духтарат албатта шифо меёбад!” Қаблан ман фарзандамро ду маротиба барои табобат ба Ҳиндустон бурда будам, аммо ба дардаш даво ёфта натавонистанд. Умед надоштам, ки Самира аз ин беморӣ халос мешавад, аммо ҳамагӣ 18-рӯзи табобати табибони тоҷик ду баробари табобати дар Ҳиндустон гирифтаамн таъсир карда, асабҳои духтарам ба пуррагӣ ором шуданд. Акнун боварӣ ҳосил намудам, ки табибони тоҷик аз ҳампешагони хориҷиашон монданӣ надоштаанд ва ҳатто дар баъзе ҷодаҳо бартарӣ ҳам доранд,-мегӯяд Шамима.

Пандемия ва гурезаҳо

Шамима худ гуреза ва бо даҳҳо мушкилот рӯ ба рӯ бошад ҳам, қалби пурмеҳраш нагузошт, ки дар давраи пандемия нисбати тақдири дигарон бетараф бошад. Ин зани меҳрубону ҳунарманди афғон аз ҳисоби худаш матоъ мехарид ва шабҳо то саҳар хоб накарда, ниқобҳои муҳофизатӣ-маска медӯхт. Ниқобҳои дӯхтаи Шамимаро кормандони Ташкилоти Ҷамъиятии “Кӯдакон, гурезаҳо ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” ба таври ройгон ба ниёзмандон тақсим карда медоданд. Бо ҳамин роҳ Шамима тавонист андаке бошад ҳам, саҳми худро дар пешгирии сирояти коронавирус дар байни гурезагон ва фарзандони онҳо гузорад...

Мушкилоти ягонаи Шамима дар Тоҷикистон бекорӣ аст, вале ин зани мардонадил пеши ягон мушкилӣ сар хам накардаасту намекунад. Шамима мехоҳад бо кӯмаки Ташкилоти Ҷамъиятии “Кӯдакон, гурезаҳо ва шахсони эҳтиёҷманд” ба курсҳои дӯзандагӣ дохил шуда, ҳунари хайётии худро сайқал диҳад ва ҳаёти худу фарзандонашро бо ҳамин роҳ пеш барад.

Мо ба ин зани қавииродаи афғон барору комёбӣ таманно намуда, умед мебандем, ки зиндагии Шамима барои дигар гурезаҳо дарси ибрат мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД