Formula september
ЗИНДАГИИ ПУРДАРДИ ЗАНИ МУҲОҶИР
7165

 

Сағераи сарсахт

Оиша ҳамагӣ ду сол дошт, ки падараш ба садамаи автомобилӣ гирифтор гашта, ҷавонмарг шуд. Он вақт вай хеле хурд буд ва то кадом андоза бузург будани мусибати ба сарашон омадаро сарфаҳм намерафт, аммо баъди сари падар рӯзи ин духтараки ятим сиёҳ гашт. Пас аз гузаронидани маъракаҳои мотамӣ бобояш “келин, тақдиру насиби писари мо ҳамин будааст. Ман намехоҳам, ки шавҳарам мурд гуфта, худатро зинда дар гӯр кунӣ. Ту ҳоло ҷавон ҳастӣ, агар хоҳӣ, фарзандонатро ба мо монда, аз паси бахтат шав, вале “ман бе бачаҳоям зиндагӣ карда наметавонам” гӯйӣ, метавонӣ кӯдаконатро ҳам гирифта барӣ. Ману кампири хушдоманат аз ту розӣ ҳастем ва дуои сафедат медиҳем. Илоҳо соҳиби хонаи обод ва хушбахт шавӣ” гӯён, ба келин фаҳмонд, ки дигар барои ӯ дар ин хона ҷой нест.
Рӯзи дигар Саодат дасти писару духтараки ятимашро гирифта, гириста-гириста хонаи бахташро тарк намуд.

Нонхӯри зиёдатӣ
Пештар, вақте ки падарашон зинда буд, ҳар гоҳе, ки бо дастурхони пур аз кулчаву тӯша ва қанду шириниҳои қиматбаҳо ба хонаи бобою бибаш меҳмонӣ раванд, аҳли оила дар гирди онҳо парвонавор давр мезаданд. Тағоҳояш, холаҳояш, янгаҳояш Оиша ва бародараш Комронро ба қавли кампиракони деҳа “бо забонашон “лесида” меҳрубониҳои зиёде мекарданд ва беҳтарин хӯрданиҳоро пешашон мегузоштанд, аз ҳамин хотир, вақте модар онҳоро ба хонаи бобояшон овард, дар оғоз ҳарду хеле хурсанд шуданд, аммо...
Аҳли хонадон вақте фаҳмиданд, ки Саодат минбаъд бо фарзандони ятимаш дар ин хона зиндагӣ мекунад, хотирашон озурда гашт. Тағоҳояш се-чортогӣ фарзанд доштанд ва намехостанд, ки хоҳари шавҳармурдаашон бо ду сағера як умр ба гарданашон бор шавад.Акнун касе дар ин хона ба онҳо рӯйи хуш намедод. Янгаҳояш ошкоро “нонхӯри зиёдатӣ” гӯён, Оиша ва Комронро дуоҳои бад мекарданд, тағоҳояш бошад, барои хурдтарин хато ин ду ятимаки бечораро зери мушту лагад гирифта, дашномҳои қабеҳ медоданд.

Паиндари сангдил
Азбаски Саодат ҷавонзани хеле зебо ва хушқаду қомат буд, баъди сари шавҳараш чандин мардони занмурда ӯро талабгор шуданд. Ҷавонзан аз ғур-ғури янгаҳову таънаву маломати бародаронаш безор шуда, баъди як сол ба як марди аз худаш 10-15 сол калон ба шавҳар баромад. Вай бисёр мехост ҳарду фарзандашро бо худ барад, вале домоди пир “майлаш, хотири ятим буданашон ман як кӯдакашро қабул мекунам, дигарашро худатон тарбият кунед” гӯён, шарт гузошт. Саодат дар оғоз ин шартро қабул кардан намехост, вале падару модараш “духтарҷон, баъди сари мо ту дар ин хона рӯз намебинӣ. Беҳтараш розӣ шав ва писаратро гирифта бар. Духтарчаатро мо як илоҷ карда, худамон калон мекунем” гӯён, бо панду насиҳати зиёд ӯро ба гап дароварданд. Рӯзе, ки модараш дубора ба шавҳар баромад ва бародараш Комронро бо худ гирифта, Оишаи хурдакакро партофта рафт, барои духтарчаи ятим сахттарин рӯзи ҳаёташ буд. Вай то ҳол ёд дорад, ки чь тавр “очаҷон, маро партофта нарав, илтимос, маро ҳам бо худатон баред” гӯён, зор-зор гиря карда, пойлуч аз паси мошини паиндараш медавид. Қариб монда буд, ки рӯдаҳои ин духтарчаи берӯзӣ канда шаванд, аммо шавҳари нави модараш, ки марди сангдиле буд, мошинро нигоҳ надошт...

Хола ба ҷойи модар
Ҳамон рӯзи наҳс Оиша ба санге пешпо хӯрда афтид ва аз ҳуш рафт. Вақте ки чашмонашро кушод, бо сари баста дар хонаи холааш дар рӯйи бистари беморӣ мехобид. Холааш сару рӯйи ӯро силакунон бо чашмони акшбор Оишаро тасалло медод: “Зиқ нашав духтарҷон, аз ҳамин рӯз эътиборан ман очаи ту мешавам....”
Ҳамин тавр, Оиша духтари холааш шуда монд. Ин зани бефарзанд аз ятимхона як духтару як писарчаи бесоҳибро ба фарзандӣ қабул карда буд, вале худаш дар ба дар бошад ҳам, аз сари меҳру шафқат Оишаи гирёнро низ ба фарзандӣ пазируфт.
Холааш як зани танҳои камбағал буд ва дар кашидани аробаи зиндагӣ душворӣ мекашид. Онҳо аксар вақт хӯроки бе гӯшт мехӯрданд, либосҳои кӯҳнаву нимдошти бачаҳои ҳамсояро мепӯшиданд, вале бо ин ҳама азобу хориҳо Оиша аз холааш миннатдор аст, ки ӯро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо намонда, зери қаноти худ гирифт, дар ҳоле, ки модараш, зане, ки ӯро ба дунё овардааст, ба хтири як марди дигар шуда, мисли як ашёи нодаркор Оишаро партофта рафт...

Домоди бе касу кӯй
Азбаски шароити иқтисодии холааш бисёр бад буд, Оиша натавонист баъди хатми мактаби миёна ба ягон донишгоҳ ё донишкада дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардад. Дар синни 18-солагӣ холааш як дег ош монда, Оишаро ба як ҷавони мисли худаш ятим ва бесоҳиб ба шавҳар дод. Модари Алишер дар чорсолагии писараш вафот карда, падараш зани дигар гирифта будааст. Беҳуда намегӯянд, ки “Падар баъди сари модар паиндар мешавад”, падари Алишер низ бо зани дуюм ва фарзандони аз ин зан ба дунё омадааш сарсону саргардон буд ва умуман аз ҳоли писараш пурсон намешуд.
-Оиша, то ба кай мо дар хонаи холаат зиндагӣ карда, дарди сари ин зани танҳо мешавем. Биё ҳардуямон ба Русия рафта кор кунем ва як сум-ду сум ҷамъ карда, ягон сарпаноҳ харем,-рӯзе арзи матлаб намуд Алишер.
Оиша ин пешниҳоди шавҳарашро бо хушӣ пазируфт, зеро ӯ ҳам намехост як умр ба холаи бечорааш сарборӣ гардад.
Ҳамин тавр, зану шавҳари ҷавон маслиҳатро пазонданд ва чиптаи ҳавопаймо харида ба Русия парвоз карданд...

Дар мулки ғурбат
Моҳҳои аввал зану шавҳари ҷавон дар Русия хеле азоб кашиданд, аммо баъди се-чор моҳи сарсонию саргардонӣ билохира ҷойи кор ёфтанду зиндагиашон ба низом даромад. Алишер дар сохтмон кор мекард, Оиша бошад, парастории кампираки маъюби русро бар дӯш гирифт. Нигоҳубини пиразани бемор, ки чанд сол боз рӯйи ҷогаҳ мехобид ва ҳатто ба ҳоҷатхона рафта наметавонист, осон набуд, вале ба хотири каме ҳам бошад, ба шавҳараш ёрӣ расонидан, Оиша ба ҳама душвориҳо тоқат мекард. Вай дар як рӯз чанд бор памперс ва либосҳои таҳпӯши беморро иваз мекард, бо сад азоб кампири маъюбро оббозӣ медоронд, барояш хӯрокҳои гуногуни парҳезӣ пухта, мисли кӯдак бо қошуқ хӯрок мехӯронд ва нигоҳубин менамуд. Ба модараш содиқона хизмат кардани парастори тоҷикро дида, писари кампир, ки марди саркору серпул буд, баъзан ба Оиша бар замми маошаш боз маблағи иловагӣ медод, аммо...

Пандемия- оғози бадбахтиҳо
Моҳи декабри соли 2019 дар байни мардум миш-мишҳо пайдо шуданд, ки вабо омадааст, вале баъдтар маълум гашт, ки ин вабо нею як навъ вирус аст. Якбора телевизин, интернет ва тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз хабарҳои бадвоҳима дар бораи коронавирус гашт. Журналистон бо пахши хабарҳои пурҳангома дар бораи рӯз то рӯзу соат ба соат афзудани шумораи қурбониёни ин вируси марговар дар сар то сари олам дар дили мардум тухми ваҳму воҳима мекоштанд. Оиша ҳамон шабу рӯзҳо ҳомиладор буд ва як шом шавҳараш ба хонаи кампираки бемор ба аёдати вай омада гуфт:
-Занакҷон, вазъият торафт бадтар шуда истодааст. Мегӯянд, ки ҳама ҷо карантин мешавад. Намехоҳам, ки ту бо шиками дамида дар ин ҷо озоб кашида гардӣ. Коратро бас кун, ман бароят чипта харида туро ба назди холаат ба Тоҷикистон мефиристам.
-Мо маслиҳат карда будем, ки то пули хонаро ҷамъ накунем, ба Ватан бар намегардем. Якҷоя омадем,якҷоя меравем,-эътироз намуд Оиша.
-Якравӣ накун, карантин шавад, дар ин ҷо бе кору бе пул чӣ мехӯрем?! Ту ба Ватан баргард, ман як-ду моҳи дигар кор карда, пули билетро ҷамъ кунам, аз пасат меоям,-ваъда дод Алишер ба ҳамсараш.
Рӯзе, ки Оиша ба Душанбе парвоз мекард, шавҳараш гаштаву баргашта таъкид менамуд: “Занакҷон, барои харҷу хароҷоти таваллудхона чӣ қадар маблағе, ки лозим бошад, ман ягон илоҷ карда мефиристам, ту фақат писарамро эҳтиёт кун...”
Ҷавонзан он рӯз ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин дидор охирин дидори онҳост ва дидани рӯйи фарзанди деринтизораш ба Алишер муяссар нахоҳад гашт...

Қурбонии коронавирус
Ҳамин тавр, охирҳои моҳи январи соли 2020 Оиша ба Ватан баргашт. Вай он вақт ҳафтмоҳа ҳомиладор буд. Шавҳараш ба ӯ тез-тез занг зада аз ҳолу аҳволаш пурсон мешуд ва кам-кам пул ҳам мефиристод, аммо баъд...
Вақтҳои охир садои Алишер ким-чи хел ҳазину даролуд ба гӯш мерасид. Ҳангоми сӯҳбат ӯро тез-тез сулфа мегирифт.
-Барои чӣ ин қадар месулфед?-ташвишомез пурсид Оиша.
Намедонам занакҷон, ҳолам бисёр бад аст. Таб мекунам, баъзан шабҳо нафасам мегирад,-иқрор шуд шавҳараш.
-Барои чӣ ба духтур намеравед. Пули бештар кор кунам гуфта худро ин қадар афгор накунед,-гӯён, вай ба шавҳараш маслиҳат дод, ки ҳатман ба табибон муроҷиат намояд.

-Ҳуҷҷатҳоямро дар метро гум кардам. Як моҳ мешавад, ки аз тарс ҳатто ба кӯча бармада наметавонам. Ин ҷо карантин шудагӣ. Аз бепулӣ 10-12 муҳоҷири тоҷик дар як подвал хобем. Бе пулу бе ҳуҷҷат ягон духтур маро қабул намекунад. Пештар ба як-ду рафиқам каме маблағ қарз дода будам, агар ҳамонҳо пуламро баргардонанд, дигар як рӯз ҳам дар ин ҷо намемонам. Фавран чипта мехарам ва мисли кабӯтар ба наздат парвоз мекунам. Мехоҳам вақти таваллуд шудани писарам дар наздат бошам. Мехоҳам нахустин садои гиряашро шунавам. Мехоҳам бо меҳр писаракамро ба оғӯш гирифта, ормон шиканам,- орзупарварона гуфт дар ҷавоб Алишер, вале...
Пас аз ин гуфтугӯ сӯҳбати онҳо якбора қатъ гашт. Алишер дигар на занг мезад ва на ба зангҳои телефонии Оиша ҷавоб медод.
Ҳамин тавр, аз байн қариб 40 рӯз гузашт. Дар ин миён Оиша писарчаи зебоеро ба дунё овард.

Шумхабар
Кӯдак 20 рӯза шуда буд, ки як бегоҳ садои занги телефон баланд шуд. Рақамҳои шавҳарашро дида Оиша безобита шуд ва осемасар гӯширо бардошт, вале аз он ҷониб садои ношиносе ба гӯш расид:
-Апа, шумо зани акаи Алишер мешавед?
-Бале, ман оилааш, чӣ буд?
-Ҳамдардии моро қабул кунед, акаи Алишер бандагӣ кард!
Хабари тақдирсӯзи аз олам гузаштани шавҳарашро шунида якбора замину осмон дар назари Оиша чапагардон шуд.
-Кай бандагӣ кард? Чӣ хел бандагӣ кард? Шумо чиҳо гуфта истдаед,-фиғон кашид ҷавонзан.
-Апаҷон, шавҳаратон ду ҳафта пеш аз каронавирус аз дунё гузашт. Роҳҳо маҳкаманд, барои ҳамин мо ӯро дар ҳамин ҷо ба хок супурдем. Рақамҳоятонро хеле кофта ҳамин рӯз ёфтем. Барои ҳамин занг зада истодаам, ки шуморо хабардор кунам. Тақдир ҳамин будааст, апаҷон, ҳамдардии моро қабул кунед,-инро гуфта ҳамсӯбати ношиноси Оиша телефонро хомӯш кард...

Санҷишҳои пай дар пайи қисмат
Ҳамин тавр, Оиша бо писарчаи 20-рӯзааш дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монда, азобҳои зиёде кашид. Бадбахтӣ танҳо намеояд гуфтагӣ барин, охирҳои моҳи май худи Оиша ба бемории пневмания гирифтор гашт. Ногуфта намонад, ки Оиша се шабонарӯз дард кашида, мустақилона кӯдакашро ба дунё оварда натавонист, аз ҳамин сабаб табибон ӯро ҷарроҳӣ намуда, бачаро гирифтанд. Тамоми маблағе, ки аз Русия оварда буд, сарфи ҳамон ҷарроҳии чоки қайсар гашта, бар замми ин, холааш боз қарздор ҳам шуда буд. Оилаи онҳо дар давраи пандемия рӯзҳои хеле вазнинро аз сар мегузаронд, болои сӯхта намакоб, худи Оиша ба пандемия гирифтор шуда, қариб монда буд, ки ин дунёро абадан тарк бигӯяд. Холаи бечора сарашро ба сад дар зада ба дарди ӯ даво меҷуст. Ин зани рӯзгордида намехост писарчаи бе падари Оиша аз модар ҳам маҳрум гашта, як умр азият кашад ва аз дасташ чӣ коре, ояд, барои аз чанголи ин беморӣ наҷот додани духтархондаш мекард. Табибони маҳаллӣ ба ин оилаи камбизоат дасти ёрӣ дароз намуда, Оишаро дар бемористон бистарӣ намуданд ва ба таври ройгон табобат карданд. Талошҳои шабонарӯзии табибон бари наҷоти ҷони ин ҷавонзани бетақдир асар карданд ё худованд ба ҳоли писарчаи навзодаш раҳм намуд, ки баъди ду ҳафтаи табобат ҳоли Оиша рӯ ба беҳбудӣ оварда, аз бемористон ҷавоб шуд...

Овораю сарсон
Аввалҳои моҳи сентябр Оиша бо писарчаи шашмҳааш ба шаҳри Душанбе омад. Вазъи иқтисодии зиндагии холааш бисёр вазнин шуда буд ва ӯ беш аз ин ба ин зани солманди танҳо сарборӣ шудан нахост. Дар пойтахт на ягон шинос дошт, на хешу таборе, ки дасташро бигирад. Тифлаки шашмоҳа дар бағал ӯ дар канори роҳ нишаста бо алам гиря мекард. Оиша менолид барои ятимию бекасиаш, менолид барои шавҳари ғуррамаргашт, ки ҳатто як бор ҳам рӯйи фарзандашро надида дар мулки мардум аз каронавирус аз олам гузаштааст, менолид ба ҳоли худ, ки натавонист бо падари фарзандаш ақаллан видоъ гӯяд, менолид аз талхиҳои зиндагӣ ва бозиҳои номардонаи қисмат...
Шом фаро расида буд ва пардаи торикӣ мефаромад, аммо ин зани танҳо намедонист дар ин шаҳри калон дари киро кӯбад ва шабашро дар куҷо саҳар кунад....

Роҳгузари раҳмдил

Дили як зани роҳгузар ба ҳоли ин зани язияткашида ва тифлакаш сӯхта, Оишаро бо писарчааш ба хонаш бурд. Манзили ин зани некдил аз шаҳр хеле дур буда, ягон шароит надошт, вале Оиша ба ҳаминаш ҳам шукрона мекард, ки дар кӯча намонд. Барои он ки дарди сари соҳибхона нашавад, вай шабона, вақти хоби писарчааш самбӯсаҳои варақӣ мепухт, то як пора нонашро худаш ёфта хӯрад. Занҳои ҳамсоя келинчаки бо дасту панҷа будани Оишаро фаҳмида, ҳангоми ба ягон тӯй ё маърака рафтанашн ба ӯ пухтани ҳар хел шириниҳоро супориш медоданд. Вай аз маҳсулоти овардаи худашон барои онҳо самбӯсаву ширинҳои рангоранг пӯхта медод. Занҳо хурсанд шуда бар ивази заҳматаш ба Оиша 20-30 сомонӣ пул ё шакару равғану биринҷ барин хӯрданиҳо медоданд. Ҳамин тавр, вай зиндагии худу писарчаашро пеш мебурд, аммо...

Боз дар кӯча
Аз байн тахминан ду моҳ гузашта буд, ки боз зиндагии Оиша ноором гашт. Писари соҳибхона манзилашонро гарав монда, аз як бонк пули калон қарз гирифта будааст. Бо сабаби қарзро барнагардониданаш бонк хонаро ба фурӯш гузошт ва Оиша маҷбур шуд, ки бо чашмони гирён манзили он зани меҳрубонро тарк бигӯяд.

Худо, агар мадад кунад...
Тирамоҳ ба охир мерасид ва ҳаво чунон хунук шуда буд, ки ба тани кас мурғак медамид. Дар ин ҳавои хунук ин зани танҳо тифли маъсум дар бағал ба куҷо рафтанашро намедонист. Чанд муддат дар як сохтмони нотамом зиндагӣ карда, ранҷу азобҳои зиёде кашид, вале билохира шахсони хайрхоҳе пайдо шуданд, ки ба ин зани танҳо ва фарзанди ятимаш дасти ёрӣ дароз намуда, барояш манзилеро яксола иҷора гирифтанд, то дар зимистони қаҳратун дар кӯча намонад.
Ҳоло Оиша бо писарчааш дар хонаи гарму нарм зиндагӣ карда истодааст. Шахсони хайрхоҳе, ки ин хонаро барояш иҷора гирифтанд, тез-тез ба Оиша занг зада, аз каму кости рӯзгораш пурсон мешаванд. Тақдири ояндаи ӯ ва писарчааш чӣ мешавад, намедонад, вале дар дил як орзу дорад, ки илоҷе карда ба Русия сафар намояд ва гӯри шавҳари муҳоҷирашро пайдо намояд. “Дар зиндагӣдидани рӯйи фарзандаш ба шавҳари ҷавонмаргам муяссар нагашт, аз ҳамин хотир мехоҳам илоҷе карда ақаллан як маротиба писарамро ба сари гӯри падараш барам..” мегӯяд ин зани тоҷик, ки пандемия ӯро аз беҳтарин неъмат-бахту оила бенасиб гардонидааст.

Нигора


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД