Arzon march 2024
КУШТОРИ ШАВҲАР, ИШҚИ ДОДАРШӮЙ ВА САРНАВИШТИ ТАЛХИ ЯК ЗАНИ ГУРЕЗА
10591

 

Бо ин зани гандумгун ва ширинзабони афғон дар дафтари минтақавии Ташкилоти Ҷамъиятии “Кӯдакон, гурезаҳо ва шахсони эҳтиёҷманд” ошно гаштам. Зоҳиран табассум намояд ҳам, дар қаъри чашмони ин зани ғариб ҳузни ниҳонеро мушоҳида намудан мумкин буд. Вақте чӣ тавр гуреза шуданашро пурсон шудам, дар чашмони шаҳлои Гулнор қатраҳои калон-калони ашк давр заданд ва оҳи сарде кашида, ба нақл кардани қиссаи талхи тақдираш шурӯъ намуд. Саргузашти ин зани афғон чунон ваҳшатангез аст, ки бо шуниданаш ба бадани кас мурғак медамад...

Фирор аз ҷабри додаршӯй

-Мо ҳанӯз 12-сол пеш аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуреза шудем. Шавҳарам бисёр марди бою бадавлат буд, аммо оқибат давлату сарваташ сарашро хӯрд. Писари амаки худаш, ки бо гурӯҳи “Толибон” ҳамроҳ буд, шавҳари маро бераҳмона ба қатл расонд, то заминҳои беканор ва молу амволашро аз худ намояд. Аммо сабаби гуреза шуданамон қатли шавҳарам нест. Ҳама аз ҷанги Афғонистон гурезанд, ман аз ҷабри ҳевар (акаи шавҳарашро дар назар дорад) хоки ватанамро тарк намуда, овораю сарсону гуреза шудам,-бо чашмони ашкбор мегӯяд Гулнор...

Арӯси 14-сола

Вақте ки ӯро ба шавҳар доданд, Гулнор нав ба баҳори 14-уми умраш қадам гузошта буд ва ҳанӯз ба маънии оилаву оиладорӣ сарфаҳм намерафт. Волидони духтарак ба ин издивоҷ розӣ набуданд, зеро домод марди 55-солаи бою бадавлат буда, зану фарзанд ва ҳатто чанд набера ҳам дошт. Ин марди пулмаст аз зани якумаш писар надошт, аз ҳамин хотир ин духтараки камонабрӯйи камбағалро таги чашм карда, ба болои занаш зани дуюм гирифтан мехост, то билохира ба орзуи деринааш расида, соҳиби писар шавад.

Падари Гулнор, ки худ марди таҳсилкарда ва табиб буд, ба ҳеҷ ваҷҳ гул барин духтарашро ба ин мӯйсафед баднамуд додан намехост, аммо бо сабаби камбағалӣ ва ягон пушту паноҳ надоштан вай натавонист дар муқобили ин марди сарватманд истодагарӣ намояд.

Ҳамин тавр, домоди пир бо зӯрии яроқ волидонашро “розӣ” карда Гулнори ноболиғро никоҳ карда гирифт ва арӯс карда ба хонааш бурд.

Дар дӯзахи палонҷ

Аксарият гумон доранд, ки занҳои дуюми мардони сарватманд мисли шоҳбону зиндагӣ мекунанд, аммо ин арӯси 14-сола дар хонаи шавҳари бою бадавлаташ муддати 6 сол мисли канизак бо ранҷу азоб ва хорию зориҳои зиёд умр ба сар бурдааст. Зани якум ва духтарҳои қадраси шавҳараш аз рӯзҳои аввалини ба хонаи шавҳар қадам ниҳоданаш ба ин арӯсаки ҷавон рӯйи хуш надода, ҳаёти Гулнорро ба дӯзахтабдил доданд...

“Зану духтарҳои шавҳарам бо ҳар баҳона тез-тез маро зери мушту лагад гирифта, бисёр бераҳмона мезаданд ва рӯю мӯямро меканданд. Шавҳарам марди сарватманд бошад ҳам, баъзан чанд рӯз гуруснаву ташна мегаштам, чунки палонҷам ҳама чизро дар сандуқ қулф карда, калидро пинҳон мекард. Ин зани солхӯрдаи пашту ба дараҷае бераҳму беинсофу сангдил буд, ки ҳатто барои сару либосамро шустан ба ман собун намедод,-қисса мекунад Гулнор.

Дар 15-солагӣ модар шудаму...

Ҳанӯз 15-сола нашуда Гулнор фарзанди нахустинашро ба дунё вард. Шавҳари сарватмандаш дар орзуи писар буд, вале қасд кардагӣ барин, зани дуюмаш ҳам духтарчаи заркокуле таваллуд кард. Латтаи ин марди худпараст ба об афтид...

Худо накарда, зани якумаш бубинад, ки шавҳарам ба ман ягон сухани хуш гуфта истодааст ё маро меҳрубонӣ дорад, қиёмат қоим мешуд. Рӯзи дигар ҳатман мани сарсахт аз палонҷам ва духтарҳои шаттоҳаш мушту лагад мехӯрдам. Азбаски маро ба он марди пиру баднамуд маҷбуран никоҳ карда буданд, дар дилам нисбати шавҳарам ба ғайр аз кинаву адоват ва нафрату бадбинӣ дигар ягон хел ҳиссиёт набуд, аммо зани якумаш рашк бурда, маро азобу шиканҷа медод,-қисса мекунад Гулнор.

Шавҳараш ҳам дар зулму ситам аз зану духтарҳояш монданӣ надошт ва гоҳҳо бо қамчини аспу гоҳи дигар бо мушту лагад Гулнори бечораро чунон бераҳмона мезад, ки аз даҳону биниаш хун ҷорӣ шуда, чанд рӯз аз ҷояш хеста наметавонист...

Марги шавҳару ишқи додаршӯй

Ҳамин тавр, дар бадали 6 соли зиндагии пур аз кашмакаш ва ҷанҷолу моҷаро Гулнор аз ин марди калонсол соҳиби 2 фарзанд гашт. Духтараш 5 солаю писарчааш шаш моҳа шуда буд, ки барои пулу мол кашмакаши авлодӣ сар шуд. Писари амаки шавҳари Гулнор бо гурӯҳи “Толибон” ҳамроҳ буд ва барои пулу молу боигарӣ шуда, як рӯзи наҳс бо дастаи хунхораш ба хонаи онҳо зада даромад ва дар пеши чашми зану фарзандонаш шавҳари Гулнорро бераҳмона ба қатл расонд.

“Аз марги шавҳарам нав 20 рӯз гузашта буд, ки як шоми тираву тор бародари 70 солааш маро ба наздаш хонд ва гапро ғоз надода гуфт: “Бародарам аз дунё гузашт. Акнун ту барои мо бегона ҳисоб мешавӣ. Аз рӯйи қонунҳои шариати ислом дар як хона зиндагӣ кардани зану марди ба ҳамдигар номаҳрамон гуноҳ аст, аз ҳамин хотир ман туро ба никоҳи худам медарорам.” Бо шунидани ин сухан маро даҳшат фаро гирифт, зеро дар ақли ман намеғунҷид, ки чи тавр ака метавонад бо зани додараш дар як болин сар ниҳад. Фиғон кашида гуфтам, ки ман ин пешниҳоди беақлонаро қабул намекунам ва мурам ҳам ба ин никоҳ розӣ намешавам. Додаршӯйи бераҳмам чанг зада аз банди мӯям дошт ва таҳдид кард, ки агар ба хубӣ никоҳи ӯ надароям, маро мекушад,-бо чашмони пуроб қисса мекунад ин зани азияткашида.

Фирор

Гулнор хуб медонист, ки суханони бародари шавҳараш таҳдиди хушку холӣ нестанд ва аз дасти ин марди ҷаллод ҳама кор меояд. Рӯзи дигар вай пайти муносиб ёфта ба падараш занг зад ва даҳшати ба сараш омадаро қисса карда, зориву тавалло намуд, ки ҷони ӯро аз ин дӯзах наҷот бахшад. Падараш, ки марди таҳсилкарда буд, ваъда дод, ки албатта ягон чора меҷӯяд.

Ҳамин тавр, бо кӯмаки падар ва хешу табори наздикаш Гулнор ду рӯз пас нимашаб бо ду фарзандаш аз хонаи шавҳар фирор намуд. Модараш Гулнорро бо чеҳраи гирифта пешвоз гирифта гуфт:

-Ту набояд фирор мекардӣ. Акнун додаршӯйи хунхорат моро ором намегузорад. Метарсам, ки аз рӯйи ту шуда бачаҳяшро накушанд...

Тамоми хешу табори шавҳараш яроқбадаст буданд, аз ҳамин хотир волидонаш аз тарс Гулнорро ба хонаи апааш, ки дар шаҳри дигар зиндагӣ мекард, фиристоданд.

Додаршӯяш аз онҳо чандин километр дур бошад ҳам, муддати ду моҳ ин ҷавонзани ситамкашида аз тарс бо кӯдаконаш дар таҳхона зиндагӣ кард, то касе дар ин ҷо буданашро пай набарад, вале...

Қурбонӣ

Дар тӯли ин муддат бародари шавҳараш чанд маротиба ҳамроҳи дастаи “Толибон” бо чашмони хунгирифта ба хонаи падару модари Гулнор рафтанд ва ҳама ҷо, ҳатто даруни танӯрро кофтукоб карданд, аммо аз вай ягон хату хабар наёфтанд. Волидони Гулнор худро ба нодонӣ зада мегуфтанд, ки аз духтарашон тамоман хабар надоранд аслан намедонанд, ки вай бо ду кӯдаки хурдсол ба куҷо ғайб задааст. “Духтари мо дар хонаи шумо буд, шояд зани якуми шавҳараш аз нафрату бадбинӣ Гулнор ва бачаҳояшро кушта зери хок карда бошад” мегуфтанд пайвандони Гулнор, аммо ин ҳиллаҳо ба кор нарафтанд. Фирори Гулнор боиси сар задани ҳодисаи хунин ва даҳшатангезе гашт, ки модарро абадан бо духтараш душман кард.

Як рӯзи наҳс додаршӯяш боз ба ҷустуҷӯйи Гулнор омад ва ӯро пайдо накарда, аз қаҳру ғазаб як автомат тирро дар бадани акаву додари Гулнор холӣ карду ҳамроҳи гурӯҳи каллабурҳояш баромада рафт.

Замин аз хуни ду ҷавони ормонии бе гуноҳ дар як дам лолагун гашта, фиғони аҳли оила ба фалак печид. Модари ҷигарсӯхта ҷисми дар хоку хун ғарқи ду писарашро ба ғӯш гирифта зор-зор гиря мекард ва рӯю мӯяшро канда, Гулнорро дуои бад мекард, ки аз рӯйи ӯ бачаҳои бегуноҳаш қурбон шуданд...

Дур аз Ватан

Язнаи Гулнор хабари кушта шудани бародарони занашро шунида дар таҳлука афтид. Вай хуб медонист, ки он хунхорҳо роҳи манзили ӯро низ ба зудӣ пайдо хоҳанд кард. Барои он ки боз ягон фоҷиаи хунин рӯй надиҳад, вай ба Гулнор маслиҳат дод, ки ҳамроҳи бачаҳояш тарки Афғонистон намояд.

Азбаски барои онҳо дигар ягон роҳи наҷот намонда буд, аҳли оила ба зудӣ виза ва дигар ҳуҷҷатҳояшонро тахт намуда, тарки Ватан карданд.

Хоки Тоҷикистонро бӯса мекунам!

Инак, муддати 12 сол мешавад, ки ин оила дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд. Гулнор аз Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳукумати кишвар ва мардуми тоҷик сидқан миннатдор аст, ки ӯро гарм истиқбол гирифтанд. Ин зани язияткашида дар Ватани худ азоби дӯзахро аз сар гузаронидааст ва худоро шукр мегӯяд, ки аз ҳама азобу уқубатҳо халос шуда, дар Тоҷикистон зиндагии пурсаодат ва озодона дорад.

-Ман ҳар рӯз хоки Тоҷикистонро бӯса мекунам, чунки барои ман барин як инсони ҷафокашида, ки азоби дӯзахро аз сар гузаронидааст, ин кишвар мисли биҳишт аст. Пинҳон намекунам, баъзе мушкилиҳо дар ҳаёти мо, гурезагон вуҷуд доранд. Пайдо кардани кор душвор аст. Ҷойи кор ёбӣ ҳам, музди зиёд намедиҳанд. Иҷоранишин ҳастем ва дар пардохти маблағи иҷора бисёр вақт душворӣ мекашем, аммо сулҳу субот ва оромию осудагие, ки дар Тоҷикистон ҳаст, ин камбудиҳоро сад дар сад мепӯшонад. Шаб дар кӯча бихобӣ ҳам, касе ба ту ягон зиёну зарар намерасонад. Ин бисёр неъмати бузург аст. Ба қадри ин неъмат касе мерасад, ки чӣ будани даҳшати ҷангро бо чашмони худаш дидааст,-мегӯяд Гулнор.

Дандони гӯштхӯриро кандем, вале...

Гулнор бисёр зани чусту чолок буда аст. Вай дар як ошхона зарфшӯй шуда кор мекунад, бар замми ин, дар тӯю маъракаҳои мардум хизмат карда, зиндагии худ ва ду фарзандашро пеш мебарад.

-Ман аз субҳ то шом меҳнат карда, ҳар рӯз 25 сомонӣ пул кор мекунам. Ба 10 сомонӣ нон мехарам, ба 15 сомонии боқимонда як рӯз шакар, рӯзи дигар макарон, рӯзи сеюм картошкаю пиёз харида бо ҳамин роҳ рӯзи худ ва фарзандонамро мегузаронам. Писарам бемор аст, мудом аз биниаш хун меравад. Духтурҳо мегӯянд, ки бача бояд хӯрокҳои серғизо ва меваю сабзавоти тару тоза хӯрад, то иммунитеташ пурқувват шавад, вале ман барои гӯшту мева харидан имконият надорам,-иқрор мешавад ин зани гуреза.

Пандемия ва гурезаҳо

Азбаски рӯзи дароз дар оби сард зарф мешӯяд, намию хунукии зиёд ба саломатии Гулнор бе таъсир намонда, дар фасли тирамоҳ ба бемории шамолкашии роҳҳои нафас ва илтиҳоби шуш гирифтор гашт. Бо кӯмаки табибони тоҷик ин зани гуреза тавонист саломатии худро дубора барқарор созад.

-Ман аз Раёсати кор бо гурезаҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва Ташкилоти Ҷамъиятии “Кӯдакон, гурезаҳо ва шахсони эҳтиёҷманд” бисёр миннатдорам, ки дар давраи пандемия дасти мо, гурезагонро гирифта, ҳаматарафа ёрӣ расониданд. Қатори дигар оилаҳои ниёзманд ману кӯдаконам низ аз ин ташкилотҳо чанд маротиба кӯмаки молиявию ғизоӣ гирифтем. Вақте ки бемор шудам, ташкилоти ҷамъиятии “Кӯдакон, гурезаҳо ва шахсони эҳтиёҷманд” тамоми хароҷоти табобати маро бар дӯш гирифт,-миннатдорона мегӯяд ин зани гуреза.

Дар баробари ташкилотҳои хориҷӣ мақомоти давлатии Тоҷикистон низ ба гурезагон ғамхорӣ зоҳир намуда, дасти ёрӣ дароз мекунанд. Дар давраи пандемия дар қатори оилаҳои серфарзанд ва камбизоати тоҷик чандин оилаҳои гурезаи муқими Тоҷикистон, аз ҷумла Гулнор низ дар ҳаҷми 400 сомонӣ кӯмакпулӣ гирифтанд.

Ду орзуи як зани гуреза

Гулнор ҳар лаҳзаву ҳар соат шукронаи тинҷиву ободӣ ва сулҳу суботи Тоҷикистон мекунад. Ягона чизе, ки ӯро дар ин ҷо нороҳат месозад, надоштани хонаи шахсӣ ва мушкилти пардохти маблағи иҷора аст. Ин зани гурезаи афғон дар дил ду орзу дорад. Орзуи якумаш он аст, ки соҳиби манзили худ гашта, ҷонаш аз кӯчокӯч ва иҷоранишинӣ халос шавад. Орзуи дуюми Гулнор он аст, ки фарзандонаш таҳсили худро идома дода, соҳиби касбу ҳунар ва одамони бофарҳангу босавод гарданд, то ки мисли ӯ дар зиндагӣ азоб накашанд.

Дуо мекунем, ки Худованд ин зани азияткашидаи афғонро ба муроди дилаш бирасонад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД