sebiston july new
Гуруҳи дуюми хонандагон ба Сочи рафтанд
303

Аз 15 июл то 5 август як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар Лагери истироҳативу маърифатии Маркази байналмилалии кӯдаконаи «Артек» (Сочи) истироҳат мекунанд.

Роҳхат ба ин истироҳатгоҳро хонандагони мазкур бо ба даст овардани ғолибият дар озмуни байналмилалӣ аз рӯи Барномаи «Ҷавонони Иттиҳод» сазовор гардиданд.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин хонандагон ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар карда, то 5 август истироҳат менамоянд.

Қаблан, иттилоъ дода будем, ки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и шаҳри Норак Ҳавасмоҳ Исоева ва Роҳел Ғуломова низ, ки аз ҷумлаи ғолибони олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони русӣ мебошанд, барои истироҳат ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд.

Ҳавасмоҳ Исоева хонандаи синфи 9 ва Роҳел Ғуломова хонандаи синфи 7-и мактаби №3-и шаҳри Норак буда, барои хониши аъло ва ғолибияташон дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби роҳхат ба истироҳатгоҳи «Артек» — и шаҳри Сочии Федератсияи Русия гаштанд. Онҳо дар «Артек» истироҳат намуда, дар ин ҷо бо ҳамсолони худ аз Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик шиносоӣ пайдо менамоянд, ки барои боз ҳам васеъ гаштани ҷаҳонбинии онҳо ва афзудани шумораи дўстонашон мусоидат менамояд.

Дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон изҳор доштанд, хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ғолиб шудаанд, пайваста қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд. Ҳамчунин, волидайн ва омўзгорони хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд, ҳавасманд гардонида мешаванд.

«Ин амал як воситаи муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас мебошад», — тазаккур доданд дар ин Раёсат.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД