Овозхони тоҷик, ки панҷ сол пеш дар «Голос» бо садои махмалинаш тамоми доваронро ба худ гардонда буд, ин дафъа дар «Ну-ка, все вместе!» 97 коршиносро аз ҷой хезонд ва мустақим ба ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Илҳом Тоҳиров (Тагиров) кист ва роҳи ӯ аз Турсунзода то саҳнаҳои бузург чӣ гуна тай шуд?
Бозгашт
11 сентябри соли 2026 дар шабакаи «Россия 1» мавсими ҳаштуми яке аз пурбинандатарин озмунҳои овозхонии Русия - «Ну-ка, все вместе!» оғоз ёфт. Барои Тоҷикистон нахустин барномаи мавсим аз ҳамон оғоз ҷолиби диққат буд: дар миёни ҳашт иштирокчии аввал Илҳом Тоҳиров аз Тоҷикистон низ ба саҳна баромад.
Ӯ таронаи машҳури «Wake Me Up»-и Avicii-ро иҷро кард. Ҳанӯз иҷро ба анҷом нарасида буд, аксари аъзои «девори саднафара» аз ҷой бархоста, ба овози сарояндаи тоҷик ҳамроҳ шуданд. Натиҷа - 97 овоз аз 100.
Аммо ҳаяҷони асосӣ баъдтар оғоз шуд. Валентина Безух низ 97 хол гирифта буд. Барои муайян кардани ҷойи аввал коршиносон миёни ду сароянда дубора овоз доданд. Бо ҳисоби 54 ба 46 Илҳом Тоҳиров пирӯз гардид ва ҳамчун беҳтарин иштирокчии барномаи аввал бевосита ба ниманиҳоии мавсими ҳаштум роҳ ёфт. Нонна Еганян бо пирӯзӣ дар рақобати иловагӣ дуюмин ниманиҳоӣ шуд.
Барои Илҳом ин пирӯзӣ танҳо натиҷаи як барномаи телевизионӣ нест. Ин бозгашти сарояндаест, ки солҳо пеш бе таҳсилоти махсуси мусиқӣ вориди саҳна шуд, дар тарабхонаҳои Чин суруд хонд, баъдан чор довари «Голос»-ро якбора ба худ гардонд ва ҳоло, дар 32-солагӣ, боз исбот мекунад, ки овоз метавонад касро аз як шаҳри саноатии Тоҷикистон то саҳнаҳои калони байналмилалӣ расонад.
Аз Регар то Душанбе
Илҳом Тоҳиров 27 августи соли 1994 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Ӯ кӯдакиву наврасии худро дар ҳамин шаҳр, ки замоне Регар ном дошт, гузаронида, дар гимназия таҳсил кардааст. Баъдан барои идомаи таҳсил ба Душанбе омад.
Оилаи ӯ ба мусиқӣ робитаи касбӣ надошт. Модараш омӯзгор буд, падараш дар корхонаи алюминий фаъолият мекард. Дар як мусоҳиба худи Илҳом гуфтааст, ки дар айёми мактабӣ ҳатто тасаввур намекард, ки рӯзе овозхонӣ ба касби асосии ӯ табдил меёбад.
Ӯ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таҳсил карда, ихтисоси тарҷумонӣ ва забони чиниро интихоб кард.
Маҳз донишгоҳ ҳаёти ӯро ба самти дигар бурд.
Дар РТСУ ансамбли донишҷӯии «Славяне» фаъолият мекард. Илҳом ба ин гурӯҳ пайваст ва бори аввал ба таври ҷиддӣ худро ҳамчун сароянда санҷид. Ба гуфтаи ӯ, маҳз дар ҳамин ансамбл дарк кард, ки овозхонӣ танҳо шавқ нест ва метавонад роҳи ояндаи ӯ бошад.
Муҳим он аст, ки Илҳом таҳсилоти академии мусиқӣ надорад. Мактаби асосии ӯ саҳна, таҷриба ва кори мустақилона бо овоз шудааст.
Забони чинӣ ӯро ба саҳна бурд
Пас аз хатми донишгоҳ Илҳом муддате аз рӯйи ихтисос кор кард. Сипас ҳамроҳи ҳамсараш Манижа барои такмили забон ба Чин рафт.
Зиндагӣ дар Чин барои ӯ танҳо давраи таҳсил набуд. Илҳом рӯзона забон меомӯхт ва шабона дар муассисаҳои гуногун месароид. Ба ҳамин тартиб мусиқӣ оҳиста-оҳиста аз як машғулияти дӯстдошта ба манбаи асосии даромад табдил ёфт.
Ӯ дар мусоҳибаҳо гуфтааст, ки иҷрои таронаҳо ба забони чинӣ барои шунавандагони маҳаллӣ ҷолиб буд. Зиндагӣ дар муҳити дигар ба сароянда ҳам забон, ҳам саҳна ва ҳам муносибат бо аудиторияро омӯхт.
Ҳатто дар Чин Илҳом кӯшиш кард ба версияи маҳаллии «The Voice» роҳ ёбад. Ӯ аз марҳилаҳои шаҳрӣ ва музофотӣ гузашт, вале то қисми телевизионии озмун нарасид.
Ин таҷриба баъдтар дар Русия ба кор омад.
Бо оғози пандемия Илҳом ҳамроҳи оила ба Тоҷикистон баргашт ва аз ҳамон вақт фаъолияти овозхониро бештар идома дод.
Як маслиҳат
Соли 2021 дӯсти ӯ, сарояндаи тоҷик Даниел Рустамов, ки худ қаблан дар «Голос» иштирок карда буд, ба Илҳом маслиҳат дод, ки барои озмун дархост фиристад.
Илҳом чанд сабт ва акс фиристод. Баъд ӯро ба кастинги онлайн ва сипас ба марҳилаҳои навбатӣ даъват карданд.
16 октябри соли 2021 тамошобинони «Первый канал» бори аввал Илҳом Тоҳировро дар мавсими 10-уми «Голос» диданд.
Барои «слепые прослушивания» ӯ «Dream a Little Dream of Me»-ро интихоб кард - стандарти машҳури ҷазз, ки дар давраҳои гуногун Элла Фитзҷералд, Луи Армстронг, Дорис Дэй ва дигар овозхонони бузург иҷро кардаанд.
Ин интихоби тасодуфӣ набуд. Илҳом ба мусиқии ҷаззи англисӣ майл дошт ва эҳсос мекард, ки чунин сабк ба тембри ӯ мувофиқ аст.
Натиҷа аз интизориҳои худи сароянда ҳам бештар буд.
Ҳамаи чор довар - Александр Градский, Дима Билан, Пелагея ва Леонид Агутин курсиҳои худро ба ҷониби ӯ гардонданд.
Александр Градский иҷрои сарояндаи тоҷикро аз нигоҳи дақиқии вокалӣ махсус таъкид кард. Илҳом бошад, аз миёни чаҳор устод Дима Биланро интихоб кард.
То ниманиҳоии «Голос»
«Голос» барои Илҳом бо як баромади муваффақ анҷом наёфт.
Дар марҳилаи дуэтҳо ӯ бо Максим Завидия таронаи «Океан»-и Дима Биланро иҷро карда, ба даври дигар гузашт. Дар чорякниҳоӣ Илҳом ба асари «Love Is a Temple»-и Mario Biondi рӯ овард. Ҳамин баромад ӯро ба яке аз чеҳраҳои хотирмони мавсим табдил дод. Бо ҷамъбасти овози мураббӣ ва тамошобинон ӯ 70,3 дарсад гирифт ва ба ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дима Билан он вақт тембри ӯро шинохтанӣ ва худи Илҳомро аллакай ҳунарманди ҷолибу ташаккулёфта номида буд.
24 декабри соли 2021 дар ниманиҳоӣ Илҳом таронаи маъруфи «Let It Snow!»-ро иҷро кард. Бо вуҷуди баҳои мусбати доварон, дар рақобати дохили гурӯҳи Билан аз Ернар Садирбаев камтар овоз гирифт ва як қадам пеш аз финал аз озмун берун шуд.
Аммо то ниманиҳоии яке аз бузургтарин барномаҳои овозхонии Русия расидани ҷавоне, ки таҳсилоти махсуси мусиқӣ надошт, худ як натиҷаи муҳим буд.
Баъди «Голос»
Барои бисёр иштирокчиёни лоиҳаҳои телевизионӣ шуҳрат баъди анҷоми барнома зуд коҳиш меёбад. Илҳом роҳи дигарро интихоб кард.
Ӯ фаъолияти саҳнавиро идома дод, дар консертҳо ҳунарнамоӣ кард ва бо гурӯҳи зиндаи навозандагон барномаҳои ҷазз ва поп пешниҳод намуд. Дар эълонҳои консертии солҳои охир номи ӯ ҳамчун ниманиҳоии «Голос-10» ва иштирокчии «Ярче звёзд» муаррифӣ мешавад. Дар барномаҳои мустақили ӯ асарҳои Stevie Wonder, Bobby Caldwell, Coldplay, James Brown, Леонид Агутин, Алексей Чумаков ва дигарон ҷой доранд.
Илҳом ҳамзамон ба сабти таронаҳои худ низ рӯ овардааст. Дар феҳристи асарҳои ӯ сурудҳои «Вода и пламя», «Только с тобой», «Во снах» ва «Ты моя» зикр мешаванд.
Бори дигар ба телевизион
Соли 2026 Илҳом боз як санҷиши ҷиддиро интихоб кард — «Ну-ка, все вместе!».Ин озмун аз «Голос» ба куллӣ фарқ мекунад. Дар он на чор мураббӣ, балки 100 коршиноси мусиқӣ дар як девори бузург менишинанд. Вазифаи иштирокчӣ он аст, ки бо иҷрои худ ҳарчи бештари онҳоро водор кунад аз ҷой бархезанд ва ҳамроҳаш суруд хонанд. Ҳар коршиноси бархоста як хол меорад. Ҷоизаи асосии мавсими ҳаштум 5 миллион рубл аст. Муҷрии барнома Николай Басков ва роҳбари «садгона» Сергей Лазарев мебошанд. Барои расидан ба барномаи асосӣ Илҳом нахуст аз «Народный кастинг» гузашт.
Дар барномаи 31 июли соли 2026 дар Қазон ӯ таронаи «Lay Me Down»-и Sam Smith-ро иҷро кард. Ин як интихоби дигар аз репертуари англисизабон буд, ки ба садои мулоим ва тембри хоси ӯ мувофиқат мекард. Пас аз чанд марҳилаи интихоб Илҳом ба ҳайати иштирокчиёни мавсими асосӣ дохил шуд. Ва 11 сентябр лаҳзаи муҳим фаро расид. 97 нафар аз ҷой бархостанд
Ҳамин тавр, намояндаи Тоҷикистон аввалин пирӯзи барномаи нахустини мавсими ҳаштум гардид. Акнун ӯро ниманиҳоӣ интизор аст.
Албатта, то финал ҳанӯз роҳ мондааст. Ниманиҳоии «Ну-ка, все вместе!» аз марҳилаи интихобӣ ҳам сангинтар хоҳад буд: дар он овозхонҳое ҷамъ мешаванд, ки ҳар кадом аллакай тавонистаанд даҳҳо коршиноси касбиро ба ҳайрат оваранд. Вале мухлимон ба Илҳом бовар доранд.
СИПЕҲР