Formula july 2024
Ҳиммати падарандар Қисми 2
1587

 

Зиндагии хушбахтонаи мо бо вафот кардани бибии меҳрубонамон хотима ёфт, Осаф акнун дар як толор бонувонро машқ медоду баъд аз кор ба хона бер меомад ё нӯшидагӣ, маро зери мушту лагат мегирифту аз хона меронд.

Агар тағоҳо ё холаҳояш насиҳат карданӣ шаванд, “шумо ба ман кӣ? Маро ба сағирахона додед” гӯён, ҷанҷол мебардошт, ман аз таги мушту лагади ӯ мегурехтам ба хонаи модарам ва модарам моро бо қошу қавоқ пешвоз мегирифт.

-Боз омадӣ а? Ту кай дар хонаи шавҳар нишастанро ёд мегирӣ? Ман бо падари майхораи ту то дами мурданаш зиндагӣ кардам, Осафро худат ёфтӣ, чаро дилашро намеёбӣ? Акнун маро боз зери бори миннати падарандарат мемонӣ…

Ин ҳарфҳои модарам буданд, аммо падарандарам аз омадани мо хушнуд шуда, барои Гулноз шириниҳо меовард, бо ӯ сӯҳбат мекард, афсонааш мегуфт. Ман ба модарам бовар мекардам, мегуфтам, ки шояд амаки Қурбон дар пинҳонӣ миннат мекунад ӯро…

                                    Рози дили падарандар

Ин дафъа ҳам модарам маро бо қавоқҳои андохта пешвоз гирифта гуфт:

-Ту маро мекушӣ, боз думкашакатро гирифта омадӣ а? Ин дафъа ба модарам гуфтам:-Оча, ман дигар назди Осаф барнамегардам, ӯ маро зад, як дастам маъюб аст, боз мегӯяд, ки Гулноз ҳаромӣ асту духтари ман нест. Ман медонам, ӯ бо занони дигар муносибат дорад, маро дигар назараш намегирад. Ман кор меёбам, хонаи иҷора мегирам ва духтарамро гирифта меравам.

Модарам маро хеле ҷанг карду баромада, ба магазинаш, ки дар бозори калоне амаки Қурбон гирифта буд, рафт. Ман хонаву дарро тамиз кардаму карамшӯрбо пухтам, вале дилм сиёҳ, ки буд хӯрокамро нахӯрдам ва барои бахти бадам, ки аз рӯзи аввал осоиш надидам, хеле гиристам. Амаки Қурбон аз кор баргашт, ӯ дар як корхона ба ҳайси муҳофиз кор мекард, зеро акнун ба нафақа баромада буд. Ман ӯро дидаму хориям омад ва гуфтам:

-Амакҷон, ман шуморо ғам намедиҳам, ҳамин, ки кор ёфтам, хонаи иҷора гирифта меравам, зеро Осаф кадом рӯз маро зада мекушад. Падарандарам бо ҳайрат ба ман нигариста гуфт:

-Духтарҷон, чӣ қадаре мехоҳӣ ҳамин ҷо зиндагӣ намо, ман аз омаданат хурсанд, фақат бо модарат гапам каме гурехтааст, ба ин аҳмият надеҳ, ӯ мехоҳад ҳавлиро фурӯшаду мошини қиматбаҳо харида, мағозаашро кушодтар кунад, аммо ман розӣ нестам. Мошинаш бад нест, мағозааш ҳам…

                                 Ҳиммати падарандар

Он шаб модарам бо амаки Қурбон то рӯз ҷангу ҷанҷол кард, рӯзи дигар қарибиҳои нисфирӯз падарандарам ба хона омада, ба ман гуфт, ки либосҳоямро ғундораму духтарамро ҳам гирам, як ҷо меравем. Ӯ маро ба ҳавлии калони зебое овард, ҳавли якошёна бошад ҳам, таъмири хубе дошту тамоми шароит фароҳам буд.

-Ту пеши Худову бандаҳояш ба ҷои духтарам бошӣ, ҳамин ҷо зиндагӣ кардан гир, корат ҳам меёбем.

Чанд рӯз пас дар назди дарвоза сохтмони хонаи якҳуҷрагии зебо оғоз шуд, ки дар ду моҳ анҷом ёфт. Ман он ҷо дӯкони дӯзандагӣ кушодам, чун хонаамон дар сари роҳ аст, зуд мизоҷ низ пайдо кардам. Боз ду шогирд ҳам гирифтам, амаки Қурбон бо ману Гулноз зиндагӣ мекард. Ҳавлӣ аз шаш дар хона иборат буд ва хонаи калону зебои онро барои амаки Қурбо ҷудо кардем. Модарам инро шунида, девона шуд, омаду чунон ҷангу ҷанҷоле бардошт, ногуфтанӣ, аммо падарандарам дигар назди ӯ барнагашт. Модарам як сол бо мо ногап буд, ҳоло гоҳ-гоҳе меояду де-се рӯз истода меравад. Мо аз омаданаш хурсанд мешавем, хоса Гулноз ва амаки Қурбон.

-Модарат зани хубу меҳнатӣ, вале ҷангара аст, -мегӯяд бо ханда падарандарам, ки акнун ӯро дадаҷон мегӯям. Осаф пушаймон шуда омад, вале ман аз вай ҷудо шудам, мехоҳам духтарам бачагии рангин дошта бошад, на мисли худам сияҳфом…

Аҷаб гардишҳое дорад зиндагӣ, мешунавам, ки бисёриҳо аз падарандар азият дидаанд, шояд Худо раҳми мани сағирро хӯрду чунин падарро бароям фиристод?          

                                                       Шаҳноз, аз Хуҷанд

                                            

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД