Бо сабаби таъмири зеристгоҳҳои барқӣ имрӯз, 24-уми ноябр интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ карда мешавад.
То соати 17:00 интиқоли нерӯи барқ ба кӯчаҳои Яккатут, 1-уми Май, Мумзин, Шодиёна ва Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ қатъ мегардад.
Бино ба маълумоти масъулини соҳа, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.