arzon replenishment
Имтиёзи нав ҳам киссаро пур мекунаду ҳам буҷҷаро
686

Дар соли 2022 аз ҷониби масъулини Агентии хоҷагии ҷангали мамлакат барои вайрон кардани қонунгузорӣ нисбат ба ҳифзи ҷангал нисбат ба 2009 шаҳрванд санад тартиб дода шуда, ба маблағи 826 000 сомонӣ зарар муайян карда шуд, - зикр шуд дар нишасти хабарии ин ниҳод.

Абдуҷаббор Юсуфзода, роҳбари ин ниҳод зикр кард, ки соли сипаришуда аз ҳисоби зарари расонидашуда 612,5 000 сомонӣ барқарор карда шуд.

"Аз ин шумора 928 санад бо зарари 333 000 сомонӣ аз ҳисоби ҷангалбурӣ, 475 адад бо зарари 243.7 000 сомонӣ ба чорвочаронии худсарона, 307 адад бо маблағи 196.4 000 сомонӣ аз ҳисоби ҷамъоварии худсаронаи гиёҳ, 137 адад бо маблағи 14.1 000 ба шикори беиҷозат ва 114 адад бо маблағи 34.3 000 сомонӣ ба дигар навъи қонунвайронкуниҳо рост меояд", - гуфт мавсуф.

Қайд гардид, ки дар самти густариши масъулият нисбат ба ҳифзу барқароркунии ҷангалҳо ба кормандон имтиёзи иловагии нав пешниҳод гардид, ки он тавонист теъдоди қонуншиканиҳоро бештар ошкор кунад.

"Яъне, ба хотири кам будани маош минбаъд ҳар ҷангалбон аз ҳисоби санади тартибдода ва ҷаримаи ситонидааш 30% ҳақ мегирад. Ин ҳам масъулияти онҳоро зиёд мекунад ва ҳам зиндагиашонро беҳтар”, - гуфт мавсуф.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД