17-уми декабри соли равон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати академии «Bright» ба имзо расид.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, мазмун ва муҳтавои Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти дарёфт, рушд ва дастгирии хонандагони болаёқат, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, баргузории олимпиадаҳо, озмунҳо, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон равона гардидааст. Ҳамзамон, санад табодули таҷриба дар истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои рақамӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи ҳар ду ҷонибро пешбинӣ менамояд.
Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо иштироки муассисаҳои таълимии хусусӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нав барои иштироки хонандагони тоҷик дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.