Formula novemver 2024
Ҷинояткорӣ дар байни занону духтарони тоҷик меафзояд?
1481


Афзоиши ҷинояткорӣ дар байни занону духтарон, хоса даст ба куштор ва дигар ҷиноятҳои вазнин задани бонувон ва манъи наврасон аз таҳсил аз мушкилоти доғи рӯзи ҷомеаи мо ба ҳисоб мераванд.

Танҳо дар соли 2021 нисбати намояндагони ҷинси латиф аз ҷониби мақомотҳои мухталифи тафтиштӣ 895 парвандаи ҷиноӣ ба суд ирсол гашта, 177 нафари дигар бо ҷумми монеъ шудан ба таҳсили наврасон гунакор карда шудаанд.
Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди олӣ ин нуқтаро имрӯз дар нишасти хабарӣ қайд намуданд.


Номбурда ҳамчунин илова кард, ки бармаҳал ба шавҳар додани духтарони ноболиғ мушкилоти дигари ҷомеа буда, мутаассифона то ба имрӯз чунин ҳолатҳо тез-тез ошкор карда мешаванд. Дар соли 2021 бо ҳамин масъала дар суд 15 парванда баррасӣ шудааст.
Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди олӣ парвандаҳоеро, ки нисбати занон, махсусан, бо ҷурми одамкушӣ ва ҷиноятҳои вазнин баррасӣ шудаанд, тавшишовар хонд.


Тибқи омори ин ниҳод дар соли 2021, нисбати намяндагони ҷинси латиф 895 парванда баррасӣ шудааст. Аз ин шумора 7 зан бо ҷурми одамкушӣ ва 14 нафар ба расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ муттаҳам дониста шуда, ҳамчунин 3 ҳолати хариду фурӯши кӯдакони ноболиғ ошкор гаштааст.


Ноуфта намонад, ки нисбати 102 нафар занон бо ҷурми қалобӣ ва дигар ҷиноятҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз ёфта, ба гунакорон ҷазоҳои гуногун таъин карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД