formula
ИНТИҚОМИ САГОНА
4159


Ҳамлаи як саги дайду дар шаҳри Хуҷанди Вилояти Суғд боиси ҷароҳат бардоштани чанд нафар сокинони ин шаҳр гашт.

Дар ин бора Спутник хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодиса рӯзи шанбе , 5-июн дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд сар зада, беш аз 10 нафар сокинони ин маҳалла аз захми дандони саги дайду, ки девонавор ба одамон ҳамла мекард, ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Ҷамшедҷон Абдуллоев, мудири нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии №1 и Хуҷанд дар сӯҳбат ба хабарнигорон ин хабарро тасдиқ намуда, гуфтааст, дар ҳақиқат рӯзи шанбе ба шуъбаи онҳо 8 нафар, ки дучори ҳамлаи саги дайду гашта буданд, муроҷиат намуданд.

Ба қавли табиб аксари муроҷиаткунандагон сокинони маҳаллаи 3 -юми шаҳри Хуҷанд буда, захми 3 нафарашон чуқур ва ҳолаташон вазнин буд, аз ҳамин сабаб онҳоро ба шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи клинникавии №1 интиқол доданд. 5- нафари дигар захми миёна бардошта буданд ва ба онҳо воксинаи зидди бемории ҳорӣ гузаронида шуд. Айн замон ҳолати онҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Аммо дар байни мардум овоза ҳаст, ки ин саги дайду, ки рангаш зард ва пешониаш сафед будааст, ба 12 нафар ҳамла кардааст.

Ба қавли баъзе сокинони маҳаллӣ дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд амалиёти несту нобудсозии сагҳои дайду гузаронида мешуд ва шояд бо дидани манзараи кушташавии сагҳо ва мурдаи ҳамҷинсаш ин саг сахт ба ғазаб омада бо мақсади қассос гирифтан девонавор ба одамон ҳамла кард бошад.
Иқбол Султонов, иҷрокунандаи вазифаи директори Корхонаи воҳидӣ давлатии комуналии “Нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд низ тасдиқ кардааст, ки дар ҳақиқат се рӯз пеш аз ҳодисаи ҳамлаи саг ба сокинон, дар ин маҳаллаи Хуҷанд 5 саги дайду маҳв карда шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД