goodwell
IRS: Дар километри 63-юми роҳи Душанбе-Чаноқ сел омад
01.10.2026
Oila.tj
69

Имрӯз, 1-уми октябр бар асари боришоти шадид дар баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ, аз ҷумла дар километри 63-юм, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб сел фаромад. Дар ин бора ширкати IRS, ки масъули нигаҳдории роҳ дар ин масир аст, хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, техникаҳои ширкат фавран ба маҳали ҳодиса сафарбар шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар муддати кӯтоҳ анҷом дода шудаанд.

Гуфта мешавад, ки боришоти борон дар ин масир ҳанӯз идома дорад. Аз ронандагон даъват шудааст, ки ҳангоми ҳаракат эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои бехатариро риоя намуда, ба тавсияҳои кормандони роҳсозӣ таваҷҷуҳ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД