Имрӯз яке аз чеҳраҳои маъруфи олами фарҳанг ва санъати тоҷик, ҳунарпешаи хушзавқ ва инсони асил Исфандиёр Ғуломов бо унвони олии ҳунарӣ - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ин марди сар то ба по ҳунар умри пурбаракати хешро сарфи рушду нумӯи санъати театр ва кинои тоҷик намуда, бо офаридани садҳо образҳои хотирмон дар саҳнаи театр ва кино аизи дили мардум гаштааст.
Беҳуда нагуфтаанд, ки санъат ва ҳунар аслан марзу бум надоранд, Исфандиёр Ғуломовро натанҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошуравӣ, балки дар хориҷи дур низ дӯстдорони санъати асил хуб мешиносанд, эътироф мекунанд, дӯст медоранд, эҳтиром менамоянд, зеро ба маънои томаш ҳунарманд аст.
Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj ин ҳунарманди асилро бо унвони баланди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сидқан муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳату умри пурбаракат ва парвозҳои баланди эҷодӣ хоҳонанд. Инак, ҳамчун рамзи ихлос ва эҳтиром ба ҳунари устод барномаи “Пайроҳаи зиндагӣ”-ро пешкашатон месозем, ки дар он Исфандиёр Ғуломов дар бораи роҳи тайкардаашон дар зиндагӣ нақл мекунанд.