formula
Ишқ ва бахтамро аз ҳафтаномаи “Оила” ёфтам
31.01.2023
ОИЛА
4429


Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ!
Ман яке аз мухлисони ашадии ин нашрия мебошам, зеро ишқ ва бахтамро маҳз аз ҳафтаномаи “Оила” пайдо карда, бо шарофати ин газета соҳиби оилаи обод ва фарзандони нозанин гаштам.

1111

Солҳои пеш дар ҳафтаномаи “Оила” маҳфили шиносоӣ амал мекард. Шавҳари ман Умедҷон низ ба нияти барпо намудани ба ин маҳфил аъзо шуда будааст. Ман он солҳо хеле ҷавон будам ва пайваста “Оила” мехондам. Боре саҳифаи газетаро кушодаму тасодуфан чашмам ба рубрикаи “Маро танҳо нагузор!” афтид. Он рӯз дугонаам низ ҳамроҳам буд ва мо шӯхӣ карданӣ шуда, таваккалан ба яке аз рақамҳо занг задем. Гӯширо ҷавони хушсадои бардошт, вале дугонаам бо ӯ дағалӣ карда, дилашро ранҷонд. Рӯзи дигар ҷавон боз занг зад. Хостам гӯширо ба дугонаам диҳам, вале ҷавон “дугонаатон бисёр дағал будааст, шумо ба ман писанд омадед” гӯён, хоҳиш кард, ки наздиктар шинос шавем. Ҳамин тавр боз чанд маротибаи дигар занг зада, билохира он ҷавон дили маро ёфт ва мо бо ҳам аҳду паймони ишқу муҳаббат бастем. Давоми ду сол хислатҳои ҳамдигарро омӯхта, мо хеле самимӣ гаштем. Ишқамон торафт бузуртар мешуд ва ниҳоят ва эҳсос намудем, ки дигар бе ҳамдигар зиста наметавонем. Ба ман махсусан худотарсию поктинатии ин ҷавон писанд буд. Дар симои ин ҷавон шоҳзодаи орзуҳоямро пайдо карда, он қадар сахт дӯсташ доштам, ки ногуфтанӣ. Мабодо рӯзе занг назадад, чизеро гум кардагӣ барин сабру қарор аз даст дода, чи кор карданамро намедонистам.

55

Хулоса, ошиқам мардона ба қавлаш вафо кард ва баъди хатми курси дуюм ба хонаи мо хостгор фиристода, забонхат навишт, ки ба хондани ман монеъ намешавад. Танҳо бо ҳамин шарт волидонам ба никоҳи мо розигӣ доданд.
Ҳамин тавр тӯйи зебое ороста, риштаи тақдираморо ба ҳам пайвастем.

_62
Ташаккури зиёд ба “Оила”-и азиз, ки маро бо ин ҷавон ошно карда, хушбахттарин зани ҷавон гардонд. Тӯлӣ даҳ соли зиндагиамон ману шавҳари меҳрубона Умедҷон соҳиби 4 фарзанд  се духтару як писар шудем. Ду духтарам аллакай мактабхон ҳастанд, ду фарзанди дигарамон боғча мераванд. Ман хатмкардаи Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон ҳастам ва бо дастгирии шавҳарам Магистратураро низ дар ҳамин донишгоҳ ба итмом расонидам. Ҳамсарам бисёр ҷавонмарди меҳрубон, баномус ва ғамхор буда, намегузорад, ки поямро ба замин сахттар монам. Дар тӯли даҳ соли хонадориамон боре ҳамаз забони ин мард сухани дағал ва дашному ҳақорат нашунидаам. Вақте духтарони таҳсилкарда ба шавҳар мебароянд, аксаран ҳамсаронашон монеъи фаъолияти касбии онҳо мегарданд, вале ман ҳатто баъди соҳиби фарзанд шудан ҳам кору фаъолиятамро давом медодам, зеро шавҳарам ҳаматарафа маро дастгирӣ карда, барои пешравиам кӯмак мерасонд.

Ростӣ ду соли охир ману шавҳарам ҳафтаномаи “Оила”-ро намехонем, вале ҳар рӯз ба сомонаи Оила. ТЧ ворид шуда, тамоми хабарҳояшро пайгирӣ менамоем. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки қиссаҳои “Оила” бофтаю сохтаанд, вале мо, ки бахти худро аз ин нашрия пайдо кардаам, ба “Оила” сахт эътиқод дорем ва онро дӯст медорем. Аз ҳаимн хотир эълони озмуни “Достони ишқи ман” –ро дар сомонаи Оила. ТЧ дида, қарор додам, ки қиссаи ишқамонро менависам, то ки ба дигарон дарси ибрат гардад.

“Оила” ба мо ишқи ҳақиқӣ ва бахту саодати бузург ато кард ва ман ҳамчун як зани хушбахт ба тамоми муштариёни нашрия ва сомонаи Оила. ТЧ бахти сафед мехоҳам.

 Умедҷон ва Меҳрангез Қодировҳо

Все партнеры сайт бел (2)

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Амид 2023-08-22, 21:25
Ташаккури зиёд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Амид 2023-08-22, 21:25
Ташаккури зиёд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД