Қиссаи ишқатонро нақл карда,
соҳиби тӯҳфаҳои олиҷаноб шавед!
Ба ифтихори Рӯзи ошиқон-14 феврал сомонаи oila.tj озмуни беҳтарин қиссаҳои ошиқонаро таҳти унвони “Достони ишқи ман” эълон менамояд.
Шумо бо ишқу ошиқи хонадор шудед ва имрӯз зиндагии ширину гуворо доред?
Мулоқотҳои ошиқонаатонро ба ёд оварда, то ҳол дилатон гум мезанад?
Барои расидан ба васли маҳбуб ё маҳбубаи худ мисли Лайлию Маҷнун дурудароз мубориза бурдаед?
Мехоҳед дигарон аз ишқу муҳаббати поки шумо сабақ гиранд?
Пас шанси худро аз даст надода, дар озмуни “Достони ишқи ман” иштирок намоед ва соҳиби тӯҳфаҳои олиҷаноб гардед!
Шартҳои иштирок дар озмун хеле осон ва одӣ аст. Шумо метавонед қиссаи ишқи худро навишта ба сомонаи oila.tj ва ё ба саҳифаҳои расмии мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ (фейсбук, интаграм, телеграм) равон кунед. (Ҳунару маҳорати навиштан надошта бошед, метавонед ишқатон бо забони худ нақл карда, сабти овозатонро ба мо фиристед)
Қиссаҳои ошиқонаи иштирокчиёни озмун бо аксҳояшон дар сомонаи oila.tj ва саҳифаҳои иҷтимоии он нашр карда мешаванд.
Озмуни “Достони ишқи ман” дар арафаи рӯзи ошиқон ҷамбаст гашта, ғолибон рӯзи 14-феврал соҳиби туҳфаҳои олиҷаноб хоҳанд гашт.
Моро пайгирӣ намоед, рӯзҳои наздик дар бораи тӯҳфаҳо барои ғолибони озмуни ”Достони ишқи ман” ба шумо маълумот медиҳем.
Телефон барои тамос: 900-31-77-41