Arzon march 2024
Сафаргул: Шавхарам ба ҷои гул ба ман китоб меовард
11248
Сафаргул: Шавхарам ба ҷои гул ба ман китоб меовард

“Як нуқтаи ҷолиб ин аст, ки агар ман панҷ дақиқа аз кор дер биёям, мегӯяд, ки чаро панҷ дақиқа аз кор дер омедед агар барвақт ҳам биям мегӯяд, ки чаро панҷ дақиқа аз кор барвақт омадед, кор соати 17 тамом мешавад ку.”

Ин пораи аз пайвастани ду дили пур аз муҳаббат ва оилаи ҷавон аст, ки Мирсид Сатторов қисса мекунад.

Мирсаид бо ҳамсараш Сафаргул 2019 бо ҳамдигар шинос шуданд. Он замон онҳо дар як донишгоҳ таҳсил мекарданду ғоибона якдигарро мешинохтанд. Тавре Сафаргул дар суҳбат қайд кард, дар бораи Мирсаид бисёр суханҳои хуб мешунидам, аммо то курси чорум боре ӯро надида будам. Баъд аз таътили сеюмкурсӣ вақте ба шаҳри Душанбе баргаштам, падарам дигар нахостанд, ки ман дар хобгоҳ зиндагӣ кунам ва ҳамроҳи як ҳамкурсам ба хонаи онҳо рафтам, аниқтараш ба иҷора. Ҳарчанд дар бораи Мирсаид бисёр суханҳои нек шунида бошам ҳам, аммо ӯро надида будам ва бори аввал ҳамсафари ҳаётиамро ҳамон ҷо дидам. Ҳамон хона сабаб гашту дар дили ману Мирсаид оташи ишқу муҳаббат аланга зад...

Мирсаид ва Сафаргул қаҳрамонҳои озмуни “Достони ишқи ман” буда, бо ирсол намудани қиссаи ишқашон ғолиби ин озмун гаштанд. Ин ду ҷавон, ки ҳоло зиндагии муштарак доранд, лазҳаҳои шиносоӣ, вохӯриҳои ширини ошиқона ва ҷангу ҷалҷолҳояшонро ба мо чунин қисса карданд:

Мирсаид: -Ба синфхонаи мо Сафаргул бисёр меомад ва он ҷо бисёр медидамаш, вале ростӣ аҳамият намедодам, аммо баъд инҳо дар маҳалаи имрӯзаи Бини Ҳисорак иҷорахона гирифтанд. Азбаски ман ҳам дар паҳлӯи хонаашон дар иҷора зиндагӣ мекардам, байнамон аз ҳамон ҷо оташи ишқ аланга зад...

Сафаргул: -Ӯ ба ман писанд омад ва вақте изҳори муҳаббат кард, ҷавоби рад надодам, чунки беҳтарин ҷавон аст.

Мирсаид: -Ман ба ин духтарак дил додам ва бо розигию дуои неки волидонамон зимистони соли 2021 ақди никоҳ бастем. Муддати ду сол мешавад, ки зиндагии хушбахтона дорем.

Сафаргул: -Росташро гӯям, ман аслан бовар надоштам, ки вай маро дӯст медорад ва бо ман оиладор мешавад, чунки Мирсаид танҳо ошиқи китоб буд, фақат китоб мехонд (механдад)

Мирсаид: -Вақте даъвати хонадоршавӣ намудам ва изҳори муҳаббат кардам, дар аввал Сафаргул рад кард ва ҳатто гуфт, ки ту кӯдак ҳастӣ, барои чи ин гуна ҳарфҳо мезанӣ. Мо дӯст будем, миёни мо дӯстӣ боқӣ мемонад. Аммо оқибати ҳар як дӯстӣ, агар дӯстии самимӣ бошад, муҳабати бузург аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки муҳаббатҳои бузург аз дӯстии хурд оғоз мешаванд. Чун Сафаргул аҳли фаҳм буд, оҳиста-оҳиста маро дарк карда, ишқи маро қабул кард ва ҳамин гуна дӯстии мо мубаддал гашт ба ишқ.

Сафаргул: -Зиндагӣ бе ҷангу ҷанҷол намешавад албатта, баъзан гапамон мегурезад, вале қаҳришавии мо ҳамагӣ чанд дақиқа давом мекунад.

Мирсаид:-Вақте занг мезадаму телефонамро намебардошт, ман аз кор гурехта мерафтам ба назди корхонааш, то фаҳмам, ки бо кадом сабаб натавонист ба зангам ҷавоб диҳад ё паёмак нависад.

Сафаргул: -Вақте ягон ҳамкурси духтараш аз номи Мирсаид ягончӣ мегуфт, табъам хира мешуд, аз ҳамон ҷо фаҳмидам, ки Мирсаидро дӯст медорам. Боре як ҳамкурсаш, аниқтараш як духтари гурӯҳашон аз даҳонаш як сухани ноҷо баромад. Ман ӯро дар ҷояш шинонда гуфтам, ки нисбати Мирсаидро чунин ҳарфҳои носазо нагӯй. Дар ҷавоб гуфт, ки Мирсаид ҳамсинфам аст, ҳамкурсам аст, чи хеле хоҳам гап мезанам, вале ман дар ҷавоб гуфтам, ки Мирсаид акнун аз ман аст ва даъво ҳам карда будем... (механдад)

Мирсаид: Аз хислатҳои ҳамсарам қариб ҳамаашонро дӯст медорам ва бештар хислати самимӣ ва табии буданаш писандам аст.

Сафаргул: -Дер омаданаш мақул нест. Дар ҷои кораш аст, вале мегӯяд, ки ина ман аз кор баромадам. Аз бисёр гуфтан монда шудам ва дигар он қадар пурсу пос намекунам

Мирсаид: -Панҷ дақиқа аз кор дер биёям, мегӯяд, ки чаро панҷ дақиқа аз кор дер омедед, агар барвақт биям, мегӯяд, ки чаро панҷ дақиқа аз кор барвақт омадед, кор соати 17 тамом мешавад- ку! Ман то ҳол як ҷадвали муайян наёфтам, ки кадом вақт ба хона равам, то ки занам эрод нагирад.

Сафаргул:- Аз вақте мо ба ҳам ошно шудем, ҳамеша маро Гулҷон садо мекунад....

Давраҳои ошиқии ин ду ҷавон чӣ гуна дар куҷо гузаштааст?

Чаро Мирсаид Сафаргулро бештар пиёда тамошо мебурд?

Ба ин ва дигар сиру асрори ин ду ҷавони дилдода аз сӯҳбати видеоии худи Мирсаид ва Сафаргул ҷавоб ёфта метавонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД