Анҷоми ишқи алфонс
Як рӯз холаам занг зада, бо овози ларзон гуфт, ки ман дар фалон ҷоям, агар тавонӣ биё, ки ин ҳаром маро мекушад… Хайрият шавҳарам дар сафари хизматӣ дар хориҷа буду ман таксӣ киро карда, ба назди холаам рафтам. Ӯ ҳоли зоре дошт…
Мӯйҳои дарози марғуладораш тарошида, дар рӯйи фарш мехобиданду аъзои баданаш ҷо-ҷо сӯхтагӣ буд, сару рӯяш каб-кабуд. Пас аз чанде ситорашавҳари алфонсаш омаду маро дида, бо асабоният гуфт:
- Авлоди ҷалаби ҳаром, мекушам ин кампири фартутро!!!
Ман, ки ба ӯ нафрати беандоза доштам, бо тамоми овоз фарёд задам:
- Ҷалаби ҳаром модару хоҳарат ва занат, ки аз ҳисоби ту алфонси худозада хӯрда мегарданд! Вақте дум-думаш кашола шуда мегаштӣ, кампир набуд, вақте хонаву дару тамоми сарвату сарваташро хӯрдӣ, кампир набуд, худам бо ду чашмам медидам, ки туфлиҳояшро тоза мекардию мӯзаҳояшро аз пояш мекашидӣ, акнун кампиру нодаркор шуд?! Ҳозир аз назарам гум шав, ман ӯро мебарам, вагарна хонаатро месӯзам.
«Ситора» чун дид, ки дар майдонҳои ҷаҳон ғолиб бошад ҳам, зӯраш ба ман намерасад, аз назарамон гум шуд. Холаамро ба хона овардаму модарамро низ даъват кардам, тӯли як ҳафтаи дар хона набудани шавҳарам ӯро табобат кардаму баъд модарам ӯро ба хонаамон бурд…
Зиндагии нав
Холаам каме ба худ омад, мисли беморони рӯҳӣ дамдузду хаёлӣ шуда буд. Пас аз шаш моҳ ба Русия рафт, азбаски кадбонуи моҳир буд, он ҷо дар тарабхонаи тоҷикие сарошпаз шуда пул ҷамъ карду хонаи дуҳуҷрагӣ харид. Ҳоло ӯ дар қаҳвахонае ба ҳайси ошпаз кор мекунад, бо насиҳатҳои модараму ёрии додаронам писарону духтаронаш бо ӯ оштӣ карданд. Язнаам, ки ҳоло ҳоҷӣ асту зани нав гирифтааст, ба ин кори онҳо монеъ нашуд. Зани нави язнаам ҳама духтаронашро бо обрӯ ба шавҳар доду писари хурдияшро зан…
Писарон дар вазифаҳои хуб кор мекунанду ҳавлии баъд аз ҷудо шуданашон сохтаи падарашонро ба оилаи падараш, ки як писар дорад, доданду худ рӯзгорашонро ҷудо карданд. Имрӯз писаронашон мехоҳанд, ки холаам ҳамроҳи онҳо зиндагӣ кунад, вале ӯ мегӯяд, ки “шарм медорам. То зиндаам, худам кор карда мехӯрам”. Вале холаам бемории дил дораду азоб мекашад.
Худованд ҳамабин аст, шавҳари «ситора»-и холаам бо мошинаш ба дарё париду на мурдаашро ёфтанду на зиндаашро…
Аслан барои марги касе хурсанд намешавам, вале ҳар чӣ коридӣ, ҳамон медаравӣ…
САЛОҲАТ,
Таснифи Нисо ХОЛИД