new banner new years
Ишқи авбош (ҚИСМИ 3)
2064

Номард

Аз дарвозаи нимкушодаи ҳавлӣ вориди он шудам. Азизу бибияш болои кати пурнақшу нигор чой менўшиданд. Кампири Ноздона маро дида, гуфт:

- Биё, биё духтарам, очат ҳоло аз хоб нахестааст.

Азиз бошад, базӯр аз ҷояш нимхез шуд.

- Очаам барвақт аз хобаш хеста, суҳбатҳои ширини шуморо шунида, гириста-гириста ба хона рафтанд.

Кампир ҳайрон ба ман нигариста, Азиз асабиёна гуфт:

- Мо чӣ гуфтем, ки модаратонро гирён кардем?!

- Шумо моро ғулому канизак гуфтаед, кўрнамакӣ кори хуб нест!

Ҳамин дам кампири Ноздона рўймолашро дуруст карда, фарёд зад:

- Шумо худатон нонатонро базӯр ёфта мехўреду боз ба мо намак дода будед-мӣ?!

- Хола, ба даҳонатон нигоҳ карда, гап занед, наход подоши меҳнати панҷсолаи ман ҳамин бошад,- гуфтам аз алам гирён шуда…

Дигар кампир чӣ мегуфт, ба гўши ман намедаромад, зеро Азиз аз дастам гирифта, маро аз дарвоза берун кард ва гуфт:

- Раҳмат барои хизматҳоят, акнун аз пайи зиндагият шав, ман зан мегирам!

- Худозадаи номард, куҷо шуд қавлу қасамат, зориҳоят!?

Ман инро гуфтаму ба рўйи Азиз туф карда, ба хона баргаштам…

Баъди ин номардии дўстдоштаам зиндагӣ бароям маънияшро гум кард, ариза навишта, корро бас кардам. Аммо дилам қарор намегирифт, мехостам сабаби бераҳмии кампири ноодам ва набераи авбошашро фаҳмам ва роҳ пеш гирифтам ба сўйи хонаи аммаи калонии Азиз. Аммааш низ маро сард пешвоз гирифта, ба хонааш даровард. Бо гиря гуфтам:

- Апаҷон, ман ҳаргиз ба сари Азиз бор шуданӣ нестам. Чаро яку якбора ҳамаатон аз ман рӯ тофтед, охир хизмати ман ба ҳамаи шумо расида буд ку?!

Аммаи Азиз рўирост гуфт, ки онҳо ҳаргиз бегонаро келин намекунанд ва барои Азиз алакай аз оилаи хубе келин ёфтаанд.

- Мо аз Азиз пурсидем, миёни шумо чизе набудааст, илтимос, моро ба ҳоламон гузор,- дағалона гуфт аммааш ва ба суҳбат нуқта гузошт.

Фирор аз ғамҳо

Инак, аз ин воқеа ду моҳ сипарӣ мешавад, ман Азизро ба ҳолаш гузоштаму ба Худо супоридам. Як ҳамсинфам дар Русия кору зиндагӣ мекунад, худаш кореягӣ буд. Мо ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳамдигар суҳбат мекунем, ў ҳодисаи ба сарам омадаро шунида, маро ба наздаш хонд. Тамоми ҷавоҳирот ва як қисми либосҳоямро фурўхта, чипта харидам. Як ҳафта пас аз Тоҷикистон рахти сафар мебандам. Намедонам дар ғурбат маро чӣ интизор аст, аммо мехоҳам ҳарчи зудтар панҷ соли барабас рафтаи ҳаётамро фаромўш кунам, хат занаму ба оташ афканам. Охир, ман ҳам хушдорҳо доштам, дар ин панҷ сол метавонистам ба шавҳар бароям, фарзанд ба дунё биёрам, ақаллан ба донишгоҳ дохил шуда, маълумотамро пурра мекардам. Аммо ба хотири як авбош ва бибии дурўяву пайвандони ноодамаш худамро фидо кардам. Аламовараш он аст, ки Азиз ба ман гуфт, ки “ман ба духтари ҳар моҳ ба ҳабсхона ба «свиданка» мерафта бовар надорам”. Гӯё ин гапро ба вай ошноҳои зиндонияш гуфтаанд…

Лаънат ба ҳамон рўзе, ки ман бо ин авбоши беақл шиносоӣ пайдо кардам, лаънат ба дили раҳмини ман, ки ба бибии шайтонфитрати ў сўхту маро хизматгори ин оилаи бефарҳанг кард.

Ман аз оилаи ба қавли Азиз «русмаоб» бошам ҳам, мусулмонам ва Худоро бо дилам мешиносам. Бовар дорам, ки он Зоти Пок барои ҷабрҳои ба ман кардаи Азизу пайвандонаш подоши арзанда мефиристад.

СУМАЯ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД