arzon replenishment
Ишқи марди пир
1974
no-img

 

Ишқи марди пир

Модари Раъно-Саида аз шавҳараш Саид 20 сол хурд буд. Саид пеш аз ӯ зани дигар дошт, вале муддати 15- сол зиндагӣ карда бошанд ҳам, фарзанддор нашудаанд. Оқибат Саид талоқи занашро дода, дар синни 38- солагӣ бо Саидаи нозанин, ки нав 18-сола шуда, мактабро хатм карда буд, хонадор шуд. Аввалҳо Саида ба шавҳараш ягон зарра меҳр надошт ва ҳамеша таъкид мекард, ки ӯ то охир бо ин мӯйсафед намемонад, ҳатман ягон рӯз аз хона гурехта меравад, вале дар рафти зиндагӣ оҳиста-оҳиста ин марди табиатан меҳрубону дилсӯз бо муносибати хуб ва суханони пур аз меҳру муҳаббаташ дили нозуки ӯро ба даст оварда, ба худ моил гардонд.

10 ганҷинаи марди нек

Пас аз тавлиди писари нахусанаш-Шерзод Саида ба дарки саодати зиндагӣ расида, бо тамоми ҳастиаш шавҳарашро дӯст дошт. Акнун дар сар о сари дунё аз Саид дида барои Саида шахси наздиктар ва азизтар набуд, зеро шавҳараш марди сарватманд набошад ҳам, бениҳоят меҳрубон буд ва намегузошт, ки пояшро ба замин сахттар монад. Дар бадали 20-сол худованд ба онҳо пай дар пай 10 фарзанд ато намуд. Саида ҳар дафъаи ҳомиладор шуданаш исқоти ҳамл кардан мехост, вале Саид “занакҷон, ман 15- сол дар ҳасрати фарзанд сӯхтам ва сад шукр мегӯям, ки баъди солҳои дарози интизрӣ худованд маро ба муроди дилам расонид. Фарзанд атои худванд аст, ҳаргиз аз неъмати додаи парвардигор ношукрӣ накун. Ман то зиндаам иҷозат намедиҳам, ки ту кӯдаки поку ҳалоламонро гирифта партоӣ. Худванд чанд фарзанде, ки диҳад, таваллуд мекунӣ. Лозим ояд, сарамро ба санги хоро мезанам, вале намемонам, ки фарзандонам хору зор шаванд” гӯён, намемонд, ки назди духтур равад. Тавлиди ҳар як тифлашон барои ин падари фарзанддӯст мисли ид буд, вале афсӯс, ки умр ба ӯ вафо накарда, Саид дар синни 58 -солагӣ дар садама ҷон дод ва Саидаашро бо 10 фарзанд дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда рафт...

Марги падар ва хазони орзуҳо

Ҷисми бе ҷони Саидро баъди се-чор рӯз пайдо намуданд. Вақте ки мурдаро ба хона оварданд, қиёмат гӯё қоим гашт. Хурду калон дар марги ин марди некдил, ки мисли фариштаҳо бе озор буд ва ҳаргиз дили касеро боягон сухани ноҷор намеранҷонд, гириста, афсӯс мехӯрданд, ки худованд дидани роҳати бачаҳояшро ба Саиди солҳо дар ҳасрати фарзанд сӯхта насиб нагардонид. Хешу ақраб ба 10 фарзанди Саид, ки мисли кабӯтаракони пару болашон шикаста бо гардани каҷ оби дида мерехтанд, нигариста, ҷигахун мешуданд, вале тақдири бераҳмро бо дилсӯзӣ тадбир кардан ҳеҷ имкон надошт. Саида дар сӯги шавҳараш хун гириста ҳар замон аз ҳуш мерафт ва занҳо ба рӯяш об пошида, ӯро бо азобҳои алам ба ҳуш меоварнад. Вақте ки тобути шавҳарашро бардоштанӣ шуданд, зан худро болои ҷасади шавҳараш партофта, фиғон кашид:

“Саидҷон, маро бо 10 фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ партофта куҷо меравӣ?! Ту ба ман ваъда дода будӣ, ки ҳаргиз намемонам ба пойи ту ва бачаҳоят хоре халад. Номардӣ накун, Саидҷон, маро бо фарзандони хурдсолам танҳо монда нарав, охир бе ту ман чи сон дигар зиндагӣ мекунам...”

Мардҳо ҳарчанд кӯшиш мекарданд, зани аламзадаро аз сари тобут дур карда наметавонистанд. Саида “Саидҷон, моро партофта нарав” гӯён, ҷасади кафанпечи шавҳарашро маҳкам оғӯш карда хун мегирист. Ниҳоят зан аз гиряву нлаи зиёд қувват рафта беҳуш шуд ва мисли чанори решагардон ба замин афтод. Занҳо Саидаро ба гӯшаи дигар бурданд, то ки ба рӯяш об пшидаву дар таги биниаш пахта дӯд карда ба ҳуш биёранд, мардон бошад, аз фурсат истифда бурда, тобутро сари китф бардоштанд ва ба сӯйи водии хомӯшон равон шуданд...

                                                                                        

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД