formula
Ишқи майзада (қисми 2)
1776

Онҳо ба Лайлои ороставу пероста, ки ҳамеша мисли лӯхтак зебою ҷолиб буд, бо ҳавас нигариста мегуфтанд: “Худованд ба ту додааст Лайло, корат мудом тӯй ба тӯю маърака ба маърака гаштан аст. Обрӯ дорӣ, шуҳрат дорӣ, ба куҷое, ки наравӣ, ҳамеша гули сари сабад ва бологузар ҳастӣ, мисли мо умре дар гирди дегу дегдон ба хоку лой ҷӯлида намегардӣ...”

 

Лайло дар ҷавоб танҳо табассум мекард, вале дар дил худ ба худ мегуфт: “Эҳ, дугонаҳои содаам, охир ин ҳама тӯй ба тӯю маърака ба маърака гаштани ман ба як хандаи ширини тифлакони шумо баробар шуда наметавонад. Бале, ман ҳама чиз дорам, шӯҳрат, обрӯ, пулу мол, вале чизи дар зиндагӣ барои зан аз ҳама муҳимтар-бахтро Худованд бароям насиб нагардонидааст...”

Мард, ки пулдор шуд...
Ҳамин тавр, синну соли Лайло ба 28 расид. Дар ин миён чандин марди сарватманд ва ба қавли маъруф “бойбобо” талабораш шуданд, вале Лайло ишқи ҳеҷ кадомро қабул накард. Ошиқонаш ҳамагӣ соҳиби зану фарзанду хонаву дари обод буданд ва Лайлоро зани дуюм кардан мехостанд. Ӯ хуб медонист, ки дар пояи бадбахтии як зани дигар ҳеҷ гоҳ қасри бахт сохта намешавад ва оқибати зани дуюм шудан танҳо ҷангу ҷанҷол, беобрӯгӣ ва бадбахтӣ асту халос, аз ҳамин сабаб дар пеши пояш зару зевар резанд ҳам, ишқи ягон марди бою бадавлатро қабул накард, аммо...

Ишқи марди шаробхор
Ансамбли худашон пароканда шуд ва Лайлоро ба дастаи дигар гузаронданд. Дар ансамбли нав Пайрав ном навозандаи моҳире буд, ки овозааш ба қавли ҳунармандон “гӯши фалакро карда карда буд.” Синну соли ин мард аллакай ба 50 расида бошад ҳам, бениҳоят зебо ва як йигити хушқаду қомати чор кас медидагӣ буд, аммо зану фарзанд ва оилаи обод надошт.

Лайло аз забони ҳамкоронаш шунид, ки акаи Пайрав се маротиба зан гирифта бошад ҳам, бо сабаби аз ҳад зиёд ба шароб дилбастагӣ доштанаш, занҳояш аз хона баромада рафтаанд. Аввалҳо Лайло бо Пайрав танҳо чун як ҳамкор муносибат менамуд, вале ин марди дар духтарбозӣ беустухон бо як нигоҳ ба ин зебосанами ороста дил баста, аз пайи ба дом афкандани ин сайди хушхиром гашт.

Пайрав, ки бачаи шаҳрӣ буд, дар дилҷӯӣ ҳамто надошт ва ҳар шаб ба Лайло чунон шеъру паёмакҳои пуртаъсири ошиқонае менавишт, ки дили кас аз хонданашон беихтиёр обу адо мегашт. Лайло ба ҳамлаҳои ширини ошиқи ҳунармандаш тоб наоварда, билохира ба ин марди майзада дил баст ва дере нагузашта, овозаи ишқу ошиқии онҳо дар ансамбл паҳн гашт...

Майзадаи хушқалб
Пайрав ошиқи шароб бошад ҳам, ҳамчун инсон одами бад набуд. Вай мудом бо кору бори худаш овора буда, дар ҳаққи касе ғайбату бадгӯӣ намекард, аз ҳамин хотир ҳамкоронаш ӯро дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд. Вақте овозаи ба Лайло ошиқ шудани Пайрав дар байни ҳамкорон паҳн гашт, роҳбари ансамблашон Лайлоро ба утоқи кориаш даъват карда гуфт:

-Лайлохон, ман ба ҳаёти шахсии шумо дахолат карданӣ нестам, фақат як чизро мегӯям, ки Пайрав инсони хуб аст. Айбаш танҳо ҳамин, ки бисёр менӯшад. Ман фикр мекунам, ки танҳоӣ ва бебахтӣ ин марди ҳунармандро ба чунин ҳол расондааст. Бечора аз бахт омад накард, се бор зан гирифта бошад ҳам, ягон занаш содиқу вафодор набаромад.

Занҳои беинсофаш пулу молашро хӯрданду ӯро танҳою зор партофта рафтанд. “Вазири мард зан аст” мегӯянд дар урфият, фикр мекунам, ки агар Пайрав ба дасти шумо барин зани оқила ва вафодор афтад, аз баҳри арақ мегузарад ва чунон шавҳари хубе мешавад, ки ногуфтанӣ...

Лайло сар ба зер афканда, чӣ гуфтанашро намедонист. Хомӯшии ӯро аломати ризо пиндошта, роҳбар ниҳоят сари мақсад омада гуфт:
-Лайлохон, танҳоӣ фақат ба Худованд хос аст. Инсон ҳар қадар машҳур набошад ҳам, ниёз ба як ҳамнафас дорад, агар ишқи Пайравро қабул карда, ҳамсараш шавед, бисёр кори хайр мекунед...

Лайло аз шарм лола барин сурх шуд ва “намедонам, ин ба падару модарам вобаста аст, ман ихтиёрро ба дасти онҳо додаам” гӯён, аз дар баромад...
- Миёнаравӣ кардану тақдири ду шахсро ба ҳамдигар пайвастан кори савоб аст. Тайёр шавед, ҳамин ҳафта рӯзи мубораки ҷумъа ман худам ба хонаатон хостгорӣ рафта, падару модаратонро розӣ мекунам,-хурсандона аз пасаш нидо кард роҳбари ансамблашон.

давом дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД