Фирор аз дард
Асҳоб дар фурудгоҳи бузурги Шереметово ба тайёра нишаст, хотираш парешон буд, зеро бори аввал ба Тоҷикистон мерафт. Писари амакаш Ёсин шаш моҳ боз ӯро зорӣ мекунад, ки ба назди ӯ биёяд:
- Тоҷикистон барои афғонҳои сарсону муҳоҷир, ки аз ҷангу хунрезӣ ба ин ҷо панаҳ бурдаанд, ватани дуюм ба ҳисоб меравад. Мардумаш мисли ману ту тоҷиканд, забонам як аст, урфу одатамон, динамон, бовар дорам, ки ту мусибати ба сарат омадаро ин ҷо фаромӯш мекунӣ… Баъд намояндагии ширкататро ин ҷо мекушоӣ, сиёсати ҳукумати ин кишвар сиёсати дарҳои боз аст ва иқдоми ту дастгирӣ хоҳад ёфт, Амрикои ту садсолаҳо боз пойбарҷост ва нахоҳад гурехт, чанде ин ҷо бош боз бармегардӣ…
Асҳоб ҳангоми аз Афғонистон ба Амрико кӯч бастани волидонаш 15-сол дошт, падараш афсари ҳарбӣ бошад ҳам дар Амрико тиҷорати чойю қаҳваро ба роҳ монду аз ҳамин ҳисоб миллионҳои аввалинашро ба даст овард. Писари ягонаашро низ ҳамроҳ гирифт, Асҳоб иқтисодшинос шуду дар роҳи тиҷорат дасти рости падар, зиндагияшон олӣ ҷараён дошт, вале…
Тайёра ба ҳаво бархосту мард чун навори синамо зиндагии кӯтоҳ, шодию мусибати хешро пеши назар овард…
Бемории падар
Аслан меъдаи падараш бемор буд, марди сарватманд ки буд, ба беҳтарин клиникаҳои ҷаҳонӣ рафта табобат мегирифт, аммо оқибат захми меъда ба саратон печид. Ӯ оҳу афғон набардошт, натарсид, ҳатто мижжааш ҳам хам нахурд. Ба модараш, ки боалам мегирист бо маломат нигариста гуфт:
- Моҳҷаҳон, ту маро алаккай ба гӯр бурдании-чӣ? Аввал ин ки саратон ҳаргиз ҳукми қатл нест, ман камаш бист соли дигар боз туро бо инҷиқиям азоб медиҳам. Баъд, ба Асҳоб арӯси муносиб ёфтан лозим ман мехоҳам набераҳоямро бинам, ин ҷанги хонумонсӯз бародарони маро дар рӯйи дунё парешон сохт- эътимод кунам, ки насли Ғуломнабӣ дар ин хок сабз мешавад!
Асҳоб он замон бисту панҷ сол дошт.
- Байни афғонҳои Амрико муносибашро намебинам, агар лозим донӣ ба Олмон меравем ба хонаи Ҳайдар ӯ шаш духтар дорад, баъди андешаи зиёд гуфт модараш. Ҳеҷ гап не, сайр ҳам сайру саргардони ҳам- ҷиддӣ амр кард падараш ва онҳо чанд рӯз пас ба Олмон парвоз карданд. Дар меҳмонхона истиқомат мекарданду ба хонаи ҳамшаҳриҳои муқими ин шаҳрашон меҳмонӣ мерафтанд. Ба Асҳоб аз се духтари қадараси Ҳайдар ягонтояш маъқул нашуд, модараш бисёр мехост аз хешони худаш (Ҳайдар писартағои модараш мешуд) арӯс интихоб кунад, вале беҳуда нагуфтаанд, ки ҳар чӣ Худо хост ҳамон мешавад…
Ишқи парӣ
Омадани онҳоро шунида як ҳамкори собиқи падараш ба суроғашон омад. Аҳмад-оғо, генерали артиш буду баъди даргириҳо дар Олмон зиндагӣ ихтиёр намуда буд. Аҳмад-оғо онҳоро ба меҳмонӣ даъват кард, занаш аз дидани шиносҳои дерин хурсанд шуда оби чашм кард. Дар хонаи бошукӯҳи генерал, худашу як писараш бо оилааш зиндагӣ мекард. Се писари дигараш ҳамсарҳои аврупоӣ интихоб карда дар гӯшаҳои гуногуни дунё мезистаанд. Келини чоруми хонадон низ на афғон, балки ҳинду будааст. Хонуми меҳрубон дастархондор ва зебое буд, духтараки сабзинаи қоматбаланде гирди меҳмонҳо парвона буд. Асҳоб гумон кард, ин духтарак низ ҳинду аст, вале зани Аҳмадоғо гуфт, ки Парӣ духтари ронандаи собиқи шавҳараш аст. Падару модараш дар як таркиш ҳалок шуданду ману шавҳарам қарор додем ӯро ҳамроҳи хеш гирем. Охир Латиф-падари Парӣ ба мо аз писар дида зиёдтар хизмат мекард…
Қомати баланд, чашмони ҷоду, сару либоси миллии хоси афғонҳо, абрувони баланду зебо мӯйҳои марғуладори Парӣ аз нигоҳи аввал дар дили Асҳоб нишаста буданд ва баъди ба меҳмонхона баргаштан ба модараш гуфт, ки агар розӣ бошанд барои Парӣ хостгорӣ раванд.
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД