Arzon march 2024
Ишқи ноком (қисми 2)
2695

Давомаш ...

Сиёвуш боз рафт ба суроғи хотира. Ва хандид. Чун ба ёдаш омад пораи ҷолибе аз рӯзгори муштараки ду дилдодаи ноком. Рӯзе Шаҳноз занг зад:

- Сиёвуш, ба хонаи мо меравем?

- Чаро?

- Модарам.

- Чӣ мехоҳад?

- Шуморо бубинад.

- Меравем.

Хонаи Шаҳноз. Тартиб ҷои худро дошт. Ҳама чиз озода. Чун назди миз рафтем, рӯи дастархонро самбӯса зб медод. Чӣ қадар меписандам.

- Шумо аз куҷо медонед, ки ман чунин самбӯсаро меписандам?

- Шаҳноз гуфт.

 Суҳбати сари хон

24-уми май. Соат 14:30. Дар идора машғули кадом коре будам. Касе занг зад. Шаҳноз буд. Хоҳиш намуд, то ӯро ба хӯрокхӯрӣ барам. Дар тарабхонаи “Анаҳито”-и шаҳри Кӯлоб сари хон то шом сӯҳбат намудем. Гоҳ аз муҳаббат мегуфтему гаҳе аз маънии зиндагӣ. Ҳамин тавр, рӯз поён ёфт.

Рӯзи тақдиркуш

18-уми август. Соат 15:30. Шаҳноз занг заду гуфт ба бозор меравад ва чун баргашт бароям занг хоҳад зад. Аммо …

Дар идора будам. Телефон садо баровард. Модари Шаҳноз буд. Мегиристу мегуфт. Намедонам чӣ. Танҳо фаҳмидам, ки Шаҳноз дар бемористон аст. Сактаи дил ӯро бурд ба бистар, ки баъд ба сандалии марг иваз шуд.

 Дар сари тобут

Давидам ба Бемористони вилоятии шаҳри Кӯлоб. Вориди ҳуҷра шудам. Ва дидаму кош намедидам. Ҷисме болои бистар бе ҷон хобида, зане болои сараш нола дорад. Ҳуш аз сарам парид. Афтодам.

Субҳ. Хонаи Шаҳноз. Ҳама ҷамъ. Ӯ дар миён хоб. Баъд бароварданаш. Не, не, набаред. Шаҳнозамро набаред гуфта, дода задам. Ҳама ба ман менигаристанд ва медиданд фиғони ишқро. Аммо, бурданд ӯро. Ба дунёе, ки бозгашт надорад ...

 Тарки ақлу кор

Рӯзе бозор рафтам. Зане рӯбарӯям баромад. Диду шинохт.

- Бачаҷон, ту Сиёвушӣ?

- Бале.

- Оиладор шудӣ?

- Не, модарҷон!

Он вақт аз марги азизи дили ман акнун як солу чор моҳ гузашта буд. Ба хотири муҳаббати ӯ тарки ҷойи кор кардам. Ҳамон ҷое, ки ӯ пайваста ба суроғам меомад.

Бемор шудам. Сар аз июни соли 2016. Бемории тӯлонӣ. Хотираамро аз даст додам. Ҳатто номи инсонҳоро ба хотир оварда наметавонистам, ба ҷуз чеҳраашон. Бародарон аз ман ҷудо шуданду аз дидорашон бенасиб мондам. Давоми 7 моҳи беморӣ тифлаки дусолаеро дар як кулбаи холӣ ҳамроҳам гузоштанд. Касе ба аёдатам намеомад...

Панҷ шабонарӯз чизе нахӯрдаам, ба ҷуз об. Ва субҳе дар хобам пирамарди нуроние омад. Сиёвуш гуфту рафт. Ва ман бархостаму бе ихтиёр гиристам. Ва якбора ҳама чиз ба хотирам омад.

Рост пеши Шаҳноз рафтам, то он чизеро аз сар гузаронида будам, барояш қисса кунам. Ва кардаму сабук шудам. Бале, сабукам акнун, ҳарчанд сӯзиши ишқ гоҳҳо суроғам меояд. Вале, шукр!

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Махфӣ 2023-09-22, 22:28
Қиссаи бе маъно
Посух
Мига 2023-09-23, 16:55
Дигар ин хел хикояхояи бесарунукро нанависед.
Посух
Саида 2023-09-25, 14:51
Хммм.ммм
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Махфӣ 2023-09-22, 22:28
Қиссаи бе маъно
Посух
Мига 2023-09-23, 16:55
Дигар ин хел хикояхояи бесарунукро нанависед.
Посух
Саида 2023-09-25, 14:51
Хммм.ммм
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД