goodwell
Ишқи раис (ҚИСМИ 2)
47

Ба роҳи каҷ

Гулнур духтари зебое буд ва мардони айёш тури макру фиребро рӯйи роҳаш мепартофтанд, вале ӯ бепарво буд, аммо дуои мардони ошиқ гирифташ, ки худаш лайлои як марди дилсанг шуд…

Ҷавонмарди зебоеро раиси ноҳияи онҳо таъин карданд ва Гулнур ба як нигоҳ ошиқи раиси ҷавон шуд. Раис низ аз рӯзҳои аввал бо нигоҳаш сар то пои ин корманди зебояшро навозиш мекард. Раис ҳамроҳи худаш ҷавонеро ба ҳайси ронанда оварда буд, ҳама мегуфтанд ҷиянаш аст, вале Саид хеш буданаш бо раисро инкор мекарду мегуфт, ки ҷӯраҳои хубем. Як бегоҳ Гулнур то дер ҳисобу китоб карда ба берун нигоҳ кард, ки алаккай шом шудааст. Ҳамин вақт Саид ба ҳуҷраи корияш даромада гуфт:

- Муаллима раис ин бегоҳ лаби дарё моҳихӯрӣ мераванд ва шуморо даъват мекунанд.

Гулнурро аз хурсандӣ табларза гирифт ва зуд розӣ буданашро гуфт. Саид ҳеҷ гумон надошт, ки зан маътали ишора аст аз ин рӯ илова кард, аввал раисро мебарам баъд шуморо боз ягон кас набинад гап шавад.

Гулнур дав-давон ба хона рафта оббозӣ карду либосҳои варзишии сап-сафед ба бар карда ба модараш гуфт, ки ба як маърака меравад. Модари рамузфаҳм фаҳмид, ки дар нимаи шаб ягон хел маърака нест, вале чизе нагуфт, шояд мехост духтараш бахташро ёбад. Он шом Сармад Алӣ, ҷавонтарину зеботарин раис дар вилоят, он қадар садқаву бандаи Гулнур шуд, ки ҷавонзан худро хушбахттарин бонуи дунё ҳисоб мекард. Онҳо ду каса то дер роз гуфтанду дил холӣ карданд, ҳамин хел ду-се моҳ бо ҳам буданд, Гулнур ошиқу шайдо шуда буд, вале раис канд… Риштаи меҳру муҳаббату вохӯриҳоро яку якбора канд. Бечора Гулнур чанд бор чашми мардумро хато карда ба ҳуҷраи кории ӯ даромад, вале раис ӯро мисли як ношинос аз дар берун ва оқибат аз кор ихтисор кард….

Бозгашт ба худ

Гулнур ду моҳи дароз фақат мегирист. Модараш аз кор рафтанашро ба хешу ақрабу, ёру бегона дар бемор шуданаш мегуфт, аммо дар ноҳия алаккай ишқи яктарафаи онҳо овоза шуда буд. Гулнуре, ки панҷ вақт намозашро тарк намекард, акнун май мехӯрд, бо баҳонаи духтур меравам аз модараш пул мегирифту аз он тараф бо шишаи май ё коняк баргашта ду рӯзи дигар маст мехобид. Як зани қоматбаланди зебои, хушлибос ба як зани чиркини майзадае, ки мудом аз баданаш бӯйи сирпиёзу сигор меомад мубаддал гашт. Модараш фақат мегирист ва медонист, ки духтарашро ишқ ба ин ҳол расонидааст, аммо маслиҳат дода наметавонист ин даъфа ба ёрии Гулнур хоҳараш Зайнур расид…

Шавҳари Зайнур корманди милиса буду баъзан ҳафтаҳо ба хона намеомад, ӯ апаи багаштабахташро ба хона бурда шабу рӯз дар гӯшаш як гапро такрор мекард:

- Ту коре, кун, ки ӯ туро дида пушаймон шавад, ки чӣ гуна занро аз даст додааст, ту ба ин афту андом ба касе лозим нестӣ.

Зайнур шабу рӯз дар гӯши апааш мехонду мехонд ва оқибат Гулнур ба худ омад ва ба Душанбе ба назди додаронаш рафт. Модараш барои писаронаш як хонаи дуҳуҷрагӣ харида буд, ки дар донишҷӯйи азоб накашанд. Гулнур зиндагиро аз нав оғоз кард ва назди дӯзандае шогирд нишаста тамои нозукиҳои духтани кӯртаҳои миллиро ёд гирифт. Аввалин мизоҷонаш ҳамсояҳо ва ҳамсабақони додаронаш буданд ва оҳиста-оҳиста шӯҳрат ёфт.

Баъд додаронаш донишгоҳро хатм карда ба деҳа баргаштанду Гулнур писаронашро бо худ овард. Шамсу Қамар дар беҳтарин литсей мехонданд ва модарашон шабу рӯз кор мекард. Ӯ акнун дар бонке ба кор даромада буд, рӯзона кор мекард, шабона курта медӯхт. Баъд сехи дӯзандагие кушоду кораш равнақу барор ёфт, оҳиста-оҳиста писаонаш низ ба тиҷорати модар шарик гаштанд. Гулнур ҳарду писарашро хонадор намуда дар як моҳ ду арӯс фаровард, ҳарчанд писаронаш мегӯянд, ки дигар кор накун ӯ бекор истода наметавонад…

Ишқи қисматсӯз

Гулнури зебо хушдорони зиёде дошт ва дорад, вале ишқи қисматсӯзи раис дили ӯро аз ҷинси мард хукун карда буду ҳаргиз майл ба марде намекард. Модарашу хоҳараш мудом таъкидаш мекарданд, ки марди хуберо ёфта ба шавҳар барояд, аммо ӯ ба ин масъала кайҳо нуқта монда буд. Дар хонадони онҳо як фазои оромию покизагӣ ҳукмрон буд, келину писаронаш шахсони замонавӣ бошанд ҳам ба Гулнур пайравӣ карда панҷ вақт намозашонро тарк намекарданд, ҳатто ду наберааш ба намозхонии калонсоло тақлид мекарданд. Писари калонияш ҳамеша орзу зиёрати Хонаи Худоро дошт, чун ин орзуяшро ба модараш гуфт додараш таклиф кард, ки бо модараш якҷоя ба тавофи Каъбатулло раванд. Ва инак очаю бача дар Арабистонанд, вале ин хоб дили Гулнурро сип-сиёҳ кард…

Гулнур чанд муддате, ки дар сафари ҳаҷ буд, мегиристу аз Худо зорӣ мекард то гуноҳҳои ӯро бахшад. Рӯзҳои муқаддаси зиёрат низ ба охир расиданду ӯ ба ватан баргашт, чун модари пираш барои зиёрат омад Гулнур хобашро нақл кард ва модараш гуфт:

- Духтарам аз Худо умед дорам, ки ҳаҷҷат қабул шудааст, зеро хоби раҳмоние дидамат. Таъбири хоби ту бошад танҳоият ҳаст, охир ту ба чилу ҳашт даромадӣ ва бисту панҷ солашро танҳо бемард сипарӣ кардӣ ин Худоро хуш намеояд ва бояд шавҳар кунӣ…

Аммо Гулнур намехоҳад дари дили шикастаашро ба рӯйи марде во намояд, ноҷавонмардии як мард бовари ӯро куштааст…

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД