Formula july 2024
Ишқи сархӯр Қисми 2
1551

                  «Гусола»-и шуданӣ

Собирҷон, ки акнун курси аввалро хатм мекарду бори аввал ба деҳа мерафт, аз ҳисоби пулҳои ҷамънамудааш барои модараш як телевизори плазмавӣ, телефони мобилии нав, куртавору пойафзол харид, боз раиса барои модарат тӯҳфа гӯён, қанду қурси зиёду як ҷуфт гӯшвораи тилло низ харида дод.

Модар писарашро бо савғои зиёд, хандону болидарӯҳ фарбеҳу сафеду покиза дида, сараш ба осмон расид. Ҳамон бегоҳ ҳамкорони модараш бо ҳамроҳии мудири ферма Асад-амак ба дидани Собирҷон омаданд, ҳама занон дар нӯги остинашон барои бачаи донишҷӯяшон чизе оварда буданду Гулзор-хола дастархони идона ороста, онҳоро меҳмон кард. Дар омади гап Собир дар бораи раисаи накӯкор ва шартномааш гап кушода, сари ҳамкорони модарашро ба осмон расонд. Асад-амак аз ҷояш хеста, Собирро ба оғӯш кашида гуфт:

-Гулзор, ту як писар дорию шаҳбоз-писар, беҳуда намегӯянд, ки гӯсолаи шуданӣ, аз хушаи думаш маълум аст! Инака бин-а, дар пойтахт истода ғами фермаи моро хӯрда гаштааст!- Ҳамин тавр Собир мушкили ҳамкорони модарашро осон карду пас аз як моҳ Сайҳуна Бахтиёровна мошини махсусро ҳар ҳафта чор бор барои харидани шир ба деҳаи онҳо мефиристод. Дар як муддати кутоҳ, таъмири капиталии ферма гузаронида шуду яхдонҳои бузург барои нигаҳдории шир шинонида шуданд. Гулзор-хола ба писари қоматбаланди зебояш, ки акнун ба риштаи ғоибона гузашта, дар сехи коркарди шири Сайҳуна роҳбар буд, ба ҳавас нигариста Худоро шукрона мекард.

                Сафари хориҷа

Ҳарчанд Сайҳуна зуд-зуд Собирро ба тарабхонаҳо даъват кунаду дар бораи вай ҳама чизро донад ҳам, боре ҳам аз зиндагии шахсияш лаб во намекард, вале… Як рӯз Сайҳуна ба назди Собир омада гуфт:

-Собирҷон, тайёриятро бин, ба Туркия меравем, як таҷҳизоти коркарди қаймоқро харидорӣ намудан лозим, якҷоя бошем, беҳтар аст.

Собир бо дилу ҷон розӣ шуд, Сайҳуна ҳуҷҷатҳои ӯро барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ талаб карду баъди ду ҳафта аллакай онҳо дар Туркия буданд. Собир бори аввал дар хориҷа буду дар муносибат бо одитарин ашё душворӣ мекашид, Сайҳуна бо меҳрубонӣ ёрияш мекарду бо шухӣ мегуфт:

-Ҳолӣ бало мешавӣ, балое, ки боз маро дарс мегӯӣ!

Шаби аввали мусофират онҳо то дер сӯҳбат карда, баъд ҳар кас ба ҳуҷраи худаш гузашт, шоми дигар онҳо ба меҳмонхонаи бошукӯҳе рафтанду пас аз ғизои шом ҳар ду ба ҳуҷрае гузаштанд, ки як рахти хоби хеле бошукӯҳ дошт. Сайҳуна Собирро гарм ба оғӯш кашида, лабонашро ба лабони ҷавони ҳайратзада гузошт, Собир худро гум кард, зеро бори аввал гармии оғӯши занро медид, аммо майи сурхе, ки Сайҳуна ба ӯ дору аст гӯён, нӯшонида буд, таъсири худро гузошту....

                  Ишқи нобаробар

Субҳ Собир худро дар оғӯши Сайҳуна дарёфта, шарм дошт, аммо зан аз нав лабони бӯсахоҳашро ба лабони ҷавон часпонида, ӯро аз шарм раҳониду гуфт:

- Собир, ман аз ту бист сол калонам, ҳатто аз модарат ду сол калонам, вале чӣ кунам, ба ту ошиқ шудаам. Медонӣ, баъде, ки шавҳарам ба ман хиёнат карда, ба духтархолаам, ки дугонаи беҳтаринам низ буд, издивоҷ кард, дилам аз ҷинси мард монд, вале ҳамон рӯзе туро дидам, худамро зан эҳсос кардам. Фарзанди ягонаи ман Ясмин аз ту як сол бузургтар аст, бисту як сол дорад ва ҳамроҳи шавҳараш дар Канада зиндагӣ мекунад. Ӯ афғонеро дӯст дошт ва ба нею нестони ман нигоҳ накарда, ҳамсари ӯ шуда ба Канада рафт, инак ман мондааму давлату сарватам, хонаҳои бошукӯҳу холиям. Як апа дорам, дар Самарқанд зиндагӣ мекунад, дар як сол як бор дидор мебинем. Падару модарам аз дунё рафтаанд, бо хешу таборам аз дасти духтархолаам гап намезанам, ба онҳо бовар намекунам, мардони зиёде мехоҳанд диламро ба даст оранд, вале дили ман дар дасти туст, чӣ бояд кард?- Ду ҳафтаи бо ҳам дар хориҷа будан Собирро волаю шайдои Сайҳуна кард, ҷавони дар умраш оғӯши занро надида ширеш барин ба зани ҳамсоли модараш часпида буд.

                     Зану шавҳар

Баъди сафари Туркия Собиру Сайҳуна никоҳи мусулмонӣ намуда, зиндагии якҷоя оғоз карданд. Дар хонаи панҷҳуҷрадори серҷиҳозу зебои маркази шаҳр, дигар тамоми кору бори Сайҳунаро Собир ба анҷом мерасонид. Пас аз як соли зиндагии якҷоя писарчаашон Самирҷон ба дунё омаду дигар барои Собир фарқе надошт, ки ҳамсараш ҳамсоли модараш аст ё аз бибияш. Вале панҷ соли дар пойтахт будани Собир ба охир расиду ӯ донишгоҳро хатм карда, дипломашро гирифт, вале алаккай чун тоҷир дар ҷомеа мавқеи худро ёфта буд. Сайҳуна баъди тавлиди писараш хеле кам ба тиҷораташ мароқ зоҳир мекард ва ҳама кору борашро шавҳари ҷавонаш ба субут мерасонид. Ба хотири ба писараш додани насаби худаш Собир бо Сайҳуна аз ақди никоҳи давлатӣ гузашта, зану шавҳари қонунӣ шуданд. Собир ҳар дафъа ба хабаргирии модараш бо мошини гаронбаҳои хориҷӣ ва тӯҳфаҳои зиёде мерафт, ин дафъа ҳам чунин буд, вале Гулзорхола писарашро бо табъи гирифта хушомадӣ намуда гуфт:

-Бачам, ман пир шудаам, агар ягон дӯстдошта дорӣ, бигӯ то ба хостгорӣ рафта, армон шиканам, то кай бо сари қоқ танҳо мегардам? Духтурон мегӯянд, ки аҳволи дилам он қадар хуб нест… -Собирҷон модарашро зиёд дӯст медошт ва гапро ба дигар сӯ бурда гуфт:-Очаҷон, ягон дугонаатонро ҳамроҳ гирифта, ба осоишгоҳи «Баҳористон» рафта, дам гирифта биёед. Баъд масъалаи зангирии манро ҳал мекунем. Холаи Гулзор розӣ шуд ва баъди омадан аз осоишгоҳ занг зада, Собирро ба маслиҳат даъват кард…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД