Як бегоҳи ҷумъа, вақте ки офтоб оҳиста дар паси теппаҳо ниҳон мешуд, Собирҷон дар айвон нишаста китоб мехонд. Ногаҳон телефонаш занг зад. Ин дафъа рақами бегона буд. Ӯ телефонро бардошт ва овози заиферо шунид, ки кeмак мехост. Собирҷон дигар телефонро ба гӯшае напартофт. Ӯ бо диққат гӯш кард ва дарҳол барои кумак шитофт. Ӯ медонист, ки шояд ин фурсатест, ки Худованд барояш додааст, то гуноҳи он шаби шумро каме ҳам бошад, сабук кунад.
Дар ниҳояти ин роҳи душвор Собирҷон танҳо як чизро дарк кард, ки зиндагӣ мисли тарозу аст, агар дар як паллаи он меҳру одамият набошад, паллаи дигар бо тамоми зару зевари дунё ҳам вазнинӣ нахоҳад кард. Ӯ дар он ҳавлии кӯҳна оромиеро дарёфт, ки дар хонаи қасрмонанди шаҳриаш надида буд.
Собирҷон дар он ҳавлии падарӣ монд, вале зиндагии ӯ дигар ба пештара монанд набуд. Ӯ ҳар субҳ бо садои ҷарангосии соат не, балки бо садои виҷдонаш бедор мешуд, ки аз ҳар гӯшаи хона садои модарро кофта мегашт.
Гулчеҳра баъди як ҳафтаи ҷанҷолҳо, вақте фаҳмид, ки Собирҷон воқеан аз мансаб ва боигарӣ даст кашидааст, талаби талоқ кард ва ҷомадонҳояшро басту бо нафрате, ки хоси занони сангдил аст, “оқибат ту дар байни ҳамин деворҳои кӯҳна пӯсида меравӣ” гӯён, баромада рафт.
Собирҷон чизе нагуфта, дарро аз паси ӯ баст ва ба ҳуҷраи модараш даромад. Ҳама чиз дар ҷояш буд. Рӯймоли сафеди кампир, ки ҳанӯз бӯйи собуни ҷомашӯӣ ва гиёҳҳои кӯҳиро медод, дар болои сандуқ мехобид. Ӯ рӯймолро ба даст гирифт ва дар кунҷи ҳуҷра нишаста, мисли кӯдаки ятим зор-зор гирист. Ин гиряи марде буд, ки дар қуллаи боигарӣ қарор дошт, вале дар асл гадои як калимаи “бачаҷон”-и модар буд.
Рӯзҳо мегузаштанд ва пушаймонӣ мисли занги оҳан вуҷуди ӯро мехӯрд. Собирҷон ҳар бор, ки ба экрани телефонаш менигарист, дилаш таҳ мерафт. Ӯ акнун ҳатто ба ҳар як занги рақамҳои бегона ҷавоб медод, ки шояд муъҷизае шаваду боз овози модарро шунавад, вале ҳайҳот...
Ӯ дар ҳавлӣ ниҳолҳои нав шинонд, деворҳоро ранг кард ва ҳамаи он корҳоеро, ки модараш солҳо орзу мекард, анҷом дод. Аммо ҳар бор, ки ба ниҳоли нав об медод, худ ба худ мегуфт, ки ин соя барои кист, вақте соябони сарам дигар нест.
Як бегоҳ ӯ дар назди тиреза нишаста буд ва дид, ки чӣ тавр ҳамсояҳо бо фарзандони худ дар кӯча бозӣ мекунанд. Ӯ фаҳмид, ки бузургтарин ҷазо барои ӯ на зинда мондан ва ҳар сония бо хотираи он бист занги беҷавоб зиндагӣ кардан аст. Ӯ дар дафтари хотирааш навишт, ки одам вақте пушаймон мешавад, ки дигар фурсати ислоҳ нест ва ин дарди бедавотарин дар рӯйи замин аст.
Собирҷон тасмим гирифт, ки боқимондаи умрашро ба хидмати пирони танҳо бахшад. Ӯ дар маҳалла ба ҳамаи кампиру мӯйсафедони бекас кумак мекард, барояшон нон мебурд ва соатҳо ба дарди дили онҳо гӯш медод. Одамон ӯро марди нек мегуфтанд, вале ӯ худаш хуб медонист, ки ин ҳама танҳо кӯшиши хомӯш кардани оташи сӯзони пушаймонист. Ӯ зинда буд, нафас мекашид, вале ҳар бор, ки ба оина менигарист, дар чашмони худ ҳамон телефони хомӯш ва ҳамон шаби шумро медид. Пушаймонӣ барояш аз марг ҳам вазнинтар гашта буд, зеро марг хотима аст, вале пушаймонии зинда як азоби беохир.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН