Formula july 2024
Иштиҳо надоштани кӯдак нишонаи кадом бемориҳост?
292


Иштиҳо вазифаи танзимкунандаро дар бадан иҷро намуда, барои пур шудани ҷисми инсон бо маводи ғизоӣ мусоидат менамояд.

Иштиҳо ба кори маркази ғизо, ки дар гипоталамус ва кортекси мағзи сар ҷойгир мебошад, алоқаманд буда, сигналҳои гуруснагӣ ё сершавӣ аз он ҷо пайдо мешаванд.

Нахӯрдани хӯрок ё набудани иштиҳо дар тиб намудҳои гуногун ва нишонаҳои алоҳидаи худро дорад.

Гипорексия - кам шудани иштиҳо

Гиперрексия – зиёдшавии иштиҳо

Булимия - хоҳиши идоранашавандаи ғизохӯрӣ мебошад, ки бар асари он кӯдак наметавонад ҳаҷм ва таркиби ғизои хӯрдашударо назорат кунад.

Анорексия – ҳолати қариб пурра рад кардани хӯрокро ба миён меорад. Он барои кӯдакон хеле хатарнок буда, оқибатҳои ногуворро ба монандӣ дистрофияи узвҳо ва вайроншавии мубодилаи модда ба вуҷуд меорад ва ҳатто то ба марг бурда мерасонад.

Парарексия- кӯдак аз бӯйи ғизо ҳаловат мебарад ва хоҳиши хӯрдан мекунад ва ё баръакс хӯрдани ғизоро рад мекунад.

              Сабабҳои гумшавии ишҳтиҳо

Набудани иштиҳо ё афзоиши якбораи эҳтиёҷоти ғизо дар кӯдакон метавонад бо як қатор омилҳо алоқаманд бошад:

1. Бемориҳои узвҳои дарунӣ

Бемории гуногуни илтиҳобии меъда ва рӯда метавонанд ба тановули ғизо таъсир расонанд.

2. Камхунӣ

Норасоии гемоглобин дар хун - ҳуҷайраҳое, ки оксигенро интиқол медиҳанд. Аз камхунӣ азият кашидани кӯдакон метавонад ба як қатор бемориҳо оварда расонад. Барои ин ҳолатро дақиқ кардан муоинаи пурраи духтурон зарур аст.

3. Бемориҳои эндокринӣ

Диабети қанд, бемории ғадуди сипаршакл, халоса ихтилоли эндокринӣ ба иштиҳо таъсири худро мерасонад.

4. Бемориҳои гуногуни рӯҳӣ

Бемориҳои рӯҳӣ ба кори маркази ғизо, ки дар гипоталамус ва кортекси мағзи сар ҷойгиранд, таъсири манфӣ расонида, боиси вайроншавии иштиҳо мегардад.

5. Бемориҳои системаи асаб

Бемориҳои системаи асабро низ кӯдак беиштиҳо месозанд.

6. Витаминоз

Вақте ки бадани кӯдак миқдори зарурии витаминҳо ва микроэлементҳоро қабул намекунад, иштиҳо гум мешавад.

Хулоса, иштиҳо надоштани кӯдак шаҳодат аз бемориҳои ҷиддӣ медиҳад. Волидайн бояд дар чунин ҳолатҳо нисбати фарзанди хеш бепарвоӣ зоҳир накарда, дарҳол аз паси ташхис ва табобат шаванд. Насли солими хоҳед, ба тарбия намудани одатҳои ғизои солим дар фарзандони худ диққати ҷиддӣ диҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД