Шаҳноз рӯи ҷойнамоз нишаста буду бо гӯшаи рӯймол нами чашмонашро пок карда, аз Худои мутаол илтиҷо мекард: «Худовандо, ягона давлат, умеду орзую ормон, имрӯзу фардои ҳаётамро аз ман ҷудо накун. Чашми душманонро кӯр кун. Бигузор, Қатраякам бо ман бошад. Охир, дар дунё ман ба ғайр аз ӯ касе надорам. Шукронаи фарзандони падар, аммо ҳар кадом бо хонаву дари худ саргардон. Дар ин дунё насибам як Қатра аст, бигузор бо ман бошад. Мехоҳам Қатраам дарё шавад, номбардори модар бошад. Худоё, садоямро шунав!».
Шаҳноз баъди хатми донишкадаи олӣ ба зодгоҳаш ба кор омад. Духтари фаъол, ташкилотчӣ, дидадаро ва хушсухан буд. Дар куҷое, ки кор кунад, бо ҳамкорон зуд унс мегирифт ва дӯстдоштаи атрофиён мешуд. Баъди дар мактаб каме кор кардан роҳбари ҷавонони ноҳия интихоб шуд.
Шаҳноз саргарми кор шуда, бо ташкилу гузаронидани чорабиниҳои шавқовари тарбиявӣ дар байни ҷавонон ба зудӣ соҳибобрӯ гашт. Атрофиён ӯро дӯст медоштанд, сазовори боварии ҷавонон гашта буд. Рӯзҳо сипарӣ мешуданд, обрӯи ӯ на танҳо дар байни ҷавонон, балки миёни ҳамаи аҳли ноҳия меафзуд…
Дар ҳаёташ ҳодисае рух доду ҳаёти ӯро дигаргун сохт. Ӯ ошиқ шуд, ошиқи шайдо. Девонавор ошиқ шуду худ бехабар монд. Ӯ шабҳои дароз мижа таҳ намекард. «Ин чӣ балое буд, ки ба сари ман омад? Не, не, ман бояд нагузорам, ки ин ҳиссиёти маро дигарон фаҳманд. Охир, ман сарвари ҷавонони ноҳия ҳастам. Онҳо аз ман бояд ибрат гиранд. Ин рафтори ман нафрати одамонро бедор мекунад, ба шахсе дил бастаам, ки оиладор аст. Худоё, аз шармандагӣ нигоҳам дор, ба ман қуввае деҳ, коре кун ки ин сир фош нашавад».
Муҳаббати Шаҳноз ба Воҳид зиёда мегашт. Ишқи ҷавонӣ сӯзу соз дорад. Ду ҷавони аз иштибоҳи хеш ё сарнавишт ба ҳам омада мехостанд иморати бахти худро аз меҳру муҳаббат созанд. Вале иморатро Воҳид бо зани дигаре бино карда буд. Самари он муҳаббат акнун ду фарзанди нозанинаш буд.
«Офтобро ба домон пӯшонида намешавад» мегӯянд. Дар тамоми ноҳия миш-миш шуд, ки сарвари ҷавонони ноҳия бо корманди ҳифзи ҳуқуқ ишқварзӣ мекунад.
Шаҳноз сар боло карда наметавонист.
Вале чӣ илоҷ?
Магар шуои хуршед, мавҷи баҳр, парвонаи гирди шамъ, булбули боғ, оруи болои гул ва табассуми тифлаконро инкор кардан мумкин аст?
Ҳаргиз не!
Муҳаббат қувваи бузурге будааст.
Дар ҷаласаи ҳизбӣ муносибати ин ду ҷавонро муҳокима ва ҳардуро аз кор пеш карданд.
(Давом дорад)
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА