Қисмат (ҚИСМИ 2)
1163

Сарсониҳои Шаҳноз сар шуд. Ҳеҷ кас сухани ӯро шунидан намехост. Ба сӯяш санги таҳқиру маломат меандохтанд. Ӯ нигоҳи маҳкумкунандаи беҳарф, вале ҳазоровои атрофиёнро дар хуну пӯсташ эҳсос мекард. Ӯ ҳомила шуда буд. Аз одаму олам ва дунёи рӯшан гурехтан мехост.

Ҷазои ҳизбӣ чӣ буд, ки ҷанҷолҳои оилавӣ сар шуд. Ҳамсари Воҳид омада, ӯро дар хонааш латукӯб кард. Ба гуфти худаш, «шарманда кард». Ягона умедаш Воҳид буд, ки меояду ӯро таскин медиҳад. Аммо афсӯс…

Шаҳноз бо мӯйҳои канда, сару рӯйи харошидаву хуншор мунтазири Воҳид буд. Аз байн се рӯз гузашт, вале ӯ наомад…

Шаҳноз ба суроғи Воҳид баромад. Ӯро ёфт, аммо аз он Воҳиде, ки фақат лутфу марҳамат медид ва суханони ширину шаҳдрез мешунид, нишоне намонда буд. Дар наздаш ҷавонмарде меистод, ки аз нигоҳи бадҳайбат ва суханони талху пичингомезаш дунё дар назари Шаҳноз торик гашт.

- Ту дигар маро наков, фаромӯш накун, ки ман зану фарзанд ва хонаи обод дорам. Ҳеҷ гоҳ хонаамро вайрон, фарзандонамро ятим кардан намехоҳам, як тори мӯи ҳамсарамро аз ту боло медонам…

Ҳоли ӯ дар хона аз ин ҳам бадтар гашта буд. Нигоҳи таҳқиромези бародар ва янгааш ӯро чун тир сӯрох мекард. Он оташаки аз меҳру муҳаббат афрӯхтааш акнун гулхан шуда буд, ки Воҳид ба он оби сард рехт. Хонаи ишқаш пур аз дуди сиёҳи талх гашт ва Шаҳноз дар ин оташи хомӯшгашта дарун-дарун месӯхт. Дар сари ӯ фақат як фикр чарх мезад: «Аз ин шармандагӣ мурдан авлост».

Посе аз шаб гузаштааст. Шаҳноз аз ҷояш бархоста, ба оина наздик шуд. Дар назди оина шамъ месӯхт. Ӯ ба оина нигариста, мӯйҳои парешонашро ба тартиб овард.

Ҷавонзане бо рӯи чун субҳгоҳон сап-сафед, чашмони зебои бодомӣ, мӯйҳои абрешим, рухсораҳои чун гули лола, ки аз ҳаяҷон сурхтар шуда буданд, аз оина ба ӯ бо алам менигарист. Ӯ бори дигар худро ба тартиб даровард, мехост дар лаҳзаи охирини ҳаёт ин дунёро зебо падруд гӯяд. Аз хонаи хоби худ оҳиста ба ҳавлӣ баромад. Маҳтобшаб буд. Аз таги айвон ресмони ғафсеро, ки худ бегоҳӣ тайёр карда монда буд, гирифту ба сӯи оғил рафт. Бо дастони ларзон бандро ба гарданаш ҳалқа карда, дар торикӣ ҷои салма андохтанашро мекофт, ки нохост дар батнаш ҷунбишеро ҳис кард. Аввал фикр кард, ки аъзои баданаш ларзид, аммо баъди дуруст мушоҳида кардан фаҳмид, ки фарзанди ба дунё наомадааш дар батнаш ҷунбида истодааст. Магар аз нияти модар огоҳ шуда бошад, ки безобита шудааст?

Ӯро ҳиссиёти ширине фаро гирифт, оҳиста даст ба шикамаш бурд ва ба худ омад. Худоё, ман чӣ кор карда истодаам? Наход қотили фарзанди худ шуданиам? Аз шарму ноумедӣ нияти худкушӣ кард, аммо ҷон ширинӣ кард, ё меҳри тифли батнаш маҷбураш кард, ки ҳалқаи тангшударо бо панҷаҳои чангакшудааш барканад ва бар қасди марг зиндагиро пазируфт. Ӯ бандро аз гардан бароварда партофт ва гирён попеч ба сӯи хона тохт.

Шаҳноз баъдҳо аз фарзандаш миннатдор буд, ки намонд модараш чунин кори нобахшиданиро содир кунад.

“Худкушӣ гуноҳи кабира аст” мегӯянд, худкушро ҳатто ҷаноза кардан раво нест. То саҳар мижа таҳ накард ва ба худ қарор дод, ки ҳеч гоҳ ин фикрро ба сараш дигар роҳ нахоҳад дод.

(Давом дорад)

Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД