formula
“Қиссаи дил”-и Валиҷони Азиз
509


Валиҷони Азиз яке аз сарояндаҳои ҷавону хушовози кишвар аст, ки бо сурудҳои дилнишини худ ба дили ҳамагон роҳ ёфтааст.

Ин сарояндаи машҳур ду рӯз қабл таронаи навашро бо номи “Қиссаи дил” дар ютуб-канали хеш пешкаши мухлисони савту наво сохт.
Клиптаронаи “Қиссаи дил”-ро дар бадали се рӯз 35 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Валиҷони Азиз ду рӯз қабл зодрӯз дошт. Мухлисону ҳаводорон ва дӯстони сершумораш дар саҳифаҳои иҷтимоӣ Валиҷонро бо рӯзи милодаш сидқан табрику муборакбод гуфтаанд. Валиҷон дар посух ба табрикоти онҳо чунин гуфтааст:

“МИННАТДОРИИ ХЕШРО БА КУЛЛИ ҲАМВАТАНОН, ДӮСТОН, МУХЛИСОН, ҲАМКАСБОН, УСТОДОН ВА ХЕШУ ТАБОРОН МЕРАСОНАМ. БАРОИ ТАБРИКОТИ САМИМИЯТОН БА ҶАШНИ МЕЛОДАМ ҶАҲОНИ СИПОС БА ШУМО АЗИЗОНАМ. МАН БО ШУМО ЗИНДААМ.”

Валиҷон Азизов 2-декабри соли 1982 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар зогоҳаш хатм намудааст.

Валиҷон аввалин қадамҳои худро дар ҷодаи санъат соли 2002 гузошта, дар як муддати кӯтоҳ мухлисони зиёде пайдо намуд.Ин сарояндаи хушзавқ оиладор ва соҳиби 5 фарзанд: 2 писар ва се духтар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД