- Рӯзҳое буданд, ки волидайнам як-ду нонро ду-се рӯз ба ман пора-пора медоданду халос. Модарам бошад, кӯрпа лаганда (бо кӯҳҳои калон дӯхтани кӯрпа) мекард. Дар вақтҳои набудани кӯрпа тоқӣ медӯхту мефурӯхт. Ба ин минвол каме бошад ҳам, ба падарам кумак мекард.
Ман бошам, аз камбағалии волидайнам мудом норизоӣ мекардам, зеро бозичае ба қадри тавон надоштам, либосҳои шинаму рангобаранг низ. Мисли ҷӯраҳоям ҳар рӯз чизҳои ширину болаззат хӯрда наметавонистам. Ба ҳар яки онҳо бо ҳавас менигаристаму назди модар омада, боалам мегиристам. Ба ӯ шикоят мебурдам, ки барои ман, мани яккафарзанд зиндагии шоистае муҳайё насохтаанд. Ин суханонам ҳарчанд ба волидайнам сахт мерасид, вале онро ҳамчун нози кӯдакона қабул мекарданд.
- Писарам, медонӣ, ки қалби маро овони кӯдакиям дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ кардаанд?,- якбора бо суол муроҷиат кард ба мухотабаш мӯйсафед, ки бодиққат қиссаи ӯро гӯш мекард.
- Бале, бобои Ҳофиз, аз касе шунида будам,- Ҷасур кӯтоҳак ба суоли мӯйсафед ҷавоб доду мунтазири гӯш кардани давоми қисса шуд.
- Аслан волидайнам хеле бандаи бадавлат будаанд. Дар замони сериву пурияшон то қадри тавон ба беваву бечораву камбизоат кумак кардаанд. Ана дар ҳамон вақт падарам дандонҳои модарамро, ки пӯсида будаанд, тило кардааст.
- Бою бадавлат ки будаанд, чаро якбора бебизоат мондаанд?,- миёни гапро шикаста, суол дод Ҷасур.
- Дар кӯдакиям ман бемор мешаваму духтурон тавсия медиҳанд, ки ҳарчи зудтар диламро дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ кунанд. Падару модарам тамоми сарваташонро фурӯхта, барои ҷарроҳии ман сарф мекунанд. Ҳамин тавр рӯзҳои камбағалонаи онҳо сар мешавад.
Қисса кӯтоҳ, дар ин байн падарам азбаски бисёр дар гарму сард кор мекарданд, ба бемории сахте гирифтор шуда, вафот карданд. Он вақт модарам маро "падарат ба сафари дуру дароз рафтаанд" гӯён, таскин дода буданд. Ман бошам, ба модарам "ба падарам гӯед ба ман дучарха фиристанд" гуфта, аз модарам хоҳиш карда будам. Он вақтҳо ҳанӯз ба маънии маргу зиндагӣ сарфаҳм намерафтам.
Хуллас, ҳар рӯз ба модарам "падарамро гӯед ба ман дучарха фиристанд" гуфта, гиря мекардам. Зеро ба ҷӯраҳоям, ки дучархасаворӣ мекарданд, ҳавасам меомад. Мехостам ман ҳам мисли онҳо дучарха дошта бошам. Модарам зориву тавалло ва гиряҳои шабонарӯзии маро дида, ниҳоят рӯзе аз рӯзҳо дучарха овард.
Баъдан фаҳмидам, ки ӯ назди дугонааш - духтури дандон рафтаасту бо баҳонаи дардмандии дандонаш ду дандони тилояшро канда фурӯхтааст. Ана бар ивази ҳамон пул ба ман дучарха харидааст. Зеро он вақт пули меёфтаи модарам базӯр ба рӯзғор мерасиду бас.
Зиндагиямон баъди марги падарам вазнинтар шуда буд.
- Ҷонфидоии модарро дидӣ?,- гуфт ба ҳамсуҳбаташ бобои Ҳофиз, ашкони чашмашро пок карда.
- Ҳа, воқеан модарон омодаанд, ки барои фарзанди худ ҷон диҳанд. Баъд чӣ шуд?,- боз суол кард Ҷасур.
- Солҳо гузаштанд, "камбағалро аз болои шутур ҳам саг мегазад" гуфтагӣ барин, ман ба бемории зардпарвин гирифтор шудам. Модарам ҳар рӯз маро пуштора карда як километр роҳро тай менамуду барои гирифтани сӯзандору ба беморхона мебурд. Баъдан фаҳмидам, ки ӯ барои табобатам ҳам ду дандони тилояшро бо баҳонаи дардмандӣ кандаасту фурӯхтааст.
Ман ҳанӯз хатна нашуда будам, ӯ барои хатна кардани ман боз се дандони дигарашро канда фурӯхтааст. Ман рӯз аз рӯз кам шудани дандонҳои модарро дида ҳайрон мешудам, вале ба ҳолаш механдидам. Модарам аз хандаи ман ғамгин не, балки завқ мебурд. Баъзе ҷӯраҳоям модарамро дида маро масхара мекарданд, ки модарат бедандон аст.
(Давом дорад)
АРДАШЕР