Кӯдакие, ки бо дард оғоз шуд
Давлатманд Холов 26-уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин) дар хонаводаи кишоварз ва аҳли фарҳанг ба дунё омад. Гузаштагони ӯ ҳунарманд, китобдор, паҳлавон ва човандоз будаанд, ки ин ҳунарҳо аз насл ба насли онҳо гузашта истодаанд. Падараш ба ӯ навохтани созҳои мусиқиро омӯзонд ва муҳаббати ашъори Мавлоноро дар дилаш ҷой кард.
Аммо дар 13-солагӣ падарашро аз даст дод. Нахустин оҳанги худро Давлатманд Холов дар соли 1963 дар сӯгвории падараш хонд - ҳамон лаҳзае, ки дар он дарду ғами кӯдакона ба санъати фалак табдил ёфт ва роҳи зиндагии ӯро барои ҳамеша муайян кард.
Дар омади гап, писараш Лоиқ ҳам ин анъанаи хонаводагиро дар даргузашти Давлатманд Холов идома дод ва дар рӯзи марги падараш фалаксароӣ кард.
Мактаб-интернат - ҷое, ки ҳунарманд ташаккул ёфт
Давлатманд соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 аввал дар мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб ва соли 1964 дар интернати давлатии “Коммунизм”-и деҳаи Сари Чашма идома медиҳад.
Давлатманд Холов мегуфт, таҳсил дар мактаб-интернат як қисмати ҳаёташ ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, чун “унвони овозхони халқии интернат”-ро дар он ҷо соҳиб гардидааст.
Ӯ аз он замон ёдовар мешуд, “низомномаи хоси тарбиявии мактаб-интернат аз мактаби одӣ фарқ мекунад. Тарбияи интернат шахсро такон медиҳад, ки бояд аз шоҳроҳи кашидашудаи зиндагӣ берун набарояд. Ҳамин омил аст, ки мо ба ин мартабаҳо расидем”.
Давлатманд Холов ҳарчанд тахассуси нахустинаш меъмор ё ба истилоҳ архитектор буд, аммо ӯ ба дунболи ҳунар рафт ва дар бунёди “кохи муҳташами Фалак” нақши меҳварӣ гузошт.
Оғози фаъолият ва ташкили дастаи ҳунарӣ
Солҳои 1968-1973 дар шуъбаи маданияти шаҳри Кӯлоб кор карда, соли 1978 дар Театри драмаи мусиқии Кӯлоб ба фаъолият оғоз кард. Дар ин давра Давлатманд аллакай бо хондани сурудҳои мардумӣ шӯҳрат пайдо карда буд.
Соли 1989 ӯ дар назди театр дастаи ҳунарии “Фалак”-ро таъсис дод ва ин даста сипас ба дастаи ҷумҳуриявии “Фалак” дар Кумитаи телевизион ва радио табдил шуд. Давлатманд Холов аз соли 2004 то соли 2020 роҳбари бадеии ин дастаи ҳунарӣ буд. Дар он давра, ба қавли ҳампешагонаш, фалак аз сатҳи миллӣ ба сатҳи байналмилалӣ баромад.
Давлатманд Холов ҳамзамон то охири умр омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд ва дар ин боргоҳ бештар аз 15 сол ба шогирдон дарси мусиқии “Фалак” меомӯхт.
“Устоди хубу инсони нек буд”
Файзалӣ Ҳасан, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, фалаксарои маъруф ва яке аз шогирдони Давлатманд Холов, зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, устодаш “сар то по ҳунар буд ва барои муаррифии санъати тоҷик зиёд талош кард ва ба мақсадаш ҳам расид”.
“Давлатманд Хол барои ҷаҳонӣ шуданӣ фалак саҳми бузург гузошт ва дигар фалак бо номи Давлатманд Холов пайванди ногусастанӣ дорад ва таърих инро фаромӯш нахоҳад кард”, - таъкид кард Файзалӣ Ҳасан.
Ӯ афзуд, ки қариб 20 сол ҳамроҳи Давлатманд Холов дар ансамбли давлатии “Фалак” кор кардааст ва марҳум барояш устоди хуби санъат ва дӯсти хубу самимӣ маҳсуб мешавад.
“Устод шеърфаҳм буд, бештар ғазал месуруд ва барои шогирдон ҳам талқин мекард, ки шеъре интихоб кунанду оҳанг банданд, ки вазни сабук надошта бошад”, - ба ёд овард Файзалӣ Ҳасанов.
Ин фалаксаро аз Давлатманд Холов “устоди хуби санъати фалаксароӣ” ном бурд ва ҳамзамон таъкид кард, ки “инсони нек буд”.
“Тақлид накунед, роҳи худро ёбед”
Шӯҳрат Сайнаков, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон соли 2009 бо даъвати Давлатманд Холов ба дастаи ҳунарии “Фалак” пайвастааст. Ӯ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз хурдӣ мухсили ашадии сурудҳои Давлатманд Холов буд ва вақте варо ба кор дар дастаи ҳунарӣ даъват кард, боифтихор онро пазируфт.
“Ҳоло ифтихор дорам, ки қариб 15 сол шогирди устод Давлатманд будам. Он кас барои роҳи худро ёфтани мо бисёр ёрӣ медоданд. Мегуфтанд, ба ман тақлид накунед, ҳар кадомат мани худро ҷӯеду ёбед. Барои ёфтани сабку равияи худ ба ҳамаи овозхонҳо ёриву роҳнамоӣ мекарданд”, - гуфт Сайнаков.
Ӯ афзуд, Давлатманд Холов ғайр аз он ки дар роҳи санъат роҳнамои шогирдон буд, ҳамзамон мададгору пуштибони ҳама ҳунармандони ҷавон низ дониста мешуд.
“Натанҳо мушкилоти эҷодии моро бароварда мекард, ҳатто мушкилоти хусусиву берун аз кории шогирдонашро баррасӣ ва ҳал мекард, аз паси дастпарваронаш аз вазорату идораҳо то деҳоти дурдаст мерафт, то проблемаро ҳал намекард, пас намегашт”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Шӯҳрат Сайнаков гуфт, ки дар чандин сафарҳои хориҷӣ ҳамроҳи Давлатманд Холов буд ва эҳтирому иззати варо аслан дар хориҷа дид: “Дар Белорус будем, вақте дар шаҳри Минск бо як думбра фалак сароид, хориҷиёне, ки забони тоҷикиро намедонистанд, ҳунари устодро бо кафкӯбӣ истиқбол карданд”.
Фалсафаи Давлатманд: аз чӯпонӣ то ирфонӣ
Баъди Одина Ҳошим, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз соҳибмактабони санъати фалаксароӣ, Давлатманд Холов аз тарғибгарони дигари шинохтаи санъати кӯҳистони тоҷик - Фалак маҳсуб мешавад. Ба бовари муҳаққиқони мусиқӣ, Холов ин мусиқиро, ки бештар хоси шубону коргарони дашту пуштаҳо буд, ба мусиқии ирфониву тасаввуфӣ табдил кард.
Худи Давлатманд Холов соли 2022 дар мусоҳибаҳое гуфта буд, “дар замони ҷавонии мо дар тамоми маҳдудаи Шӯравӣ фалаксароӣ роиҷ гашт ва ин фарҳанги волои худро ба гӯши ҷаҳониён мерасонидем. Ансамбл ташкил дода будем ва сафарҳои ҳунарии зиёде доштем. Ин замон Фалак хеле рушд кард ва садояш дар само мепечид. Фалак аз дашт бархесту кулли фалакро фаро гирифт”.
Аммо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ба гуфтаи ин фалаксаро, “ҳама фарҳанги миллии мо беқадр ва камтаваҷҷӯҳ шуд, мутаассифона, Фалак ҳам як муддате аз ёдҳо дур шуд ва дар ҳоли фурӯпошиву нобудӣ омада расид. Баъди созиши тоҷикон ва омадани сулҳи комил дар Тоҷикистон, Фалак мавриди таваҷҷӯҳи дигарбора қарор гирифт”.
Ин фалаксаро мегуфт, “пас аз ин, ин навъи мусиқии анъанавӣ дар ҳама маросими суннатии мардуми мо ворид гашт ва Фалак ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги мардумӣ шуд”.
Мавсуф фалсафаи фалакро чунин шарҳ дода буд: “Дуруст аст, ки Фалак дар кӯҳистон маъмул буд ва марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, дар ҳоли кишт ва дар сари киштзору даштҳои ҳосилхез рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро месароид ва фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид”.
“Ҳоло Фалак моли миллати тоҷик аст ва дунё аз ин мусиқӣ сухан мегӯянд. Ин фалсафаи табиии зиндагӣ аст ва садои Фалак имрӯз дар шаҳрҳои бузургтарини олам тантана дорад”, - афзуда буд фалаксарои номвари тоҷик.
Ғайр аз ин, ӯ таъкид мекард, ки “Фалак аз қалбҳои нолон берун омада буд ва қалбҳои оламиёнро фаро гирифт. Мардум дар гузашта аз тангдастиву мушкилӣ фарёд мекашиданд. Ҳоло замони он фаро расидааст, ки фалак оҳанги рӯҳафзо ҳам дошта бошад. Имрӯз мо на танҳо аз дарду ғаму фироқ сароем, балки фалаки шодиёнаро низ бояд хонем”.
Ҳунари овозхонии фалак 15-уми декабри 2021 дар Пориси Фаронса аз сӯйи ЮНЕСКО шомили мероси фарҳангии ғайримоддии башарӣ шуд, ки ба ин поя расидани ин риштаро ҷузъе аз талошҳои Давлатманд Холов медонанд.
Дилбохтагӣ ба Мавлоно ва дигар ғазалсароиҳои ӯ
Давлатманд Холов ошиқи ашъори Мавлоно буд. Ҳатто мешавад гуфт, ки нуқтаи авҷи ҳунарии Давлатманд Холов мавлавихонии ӯ буд, ки ин бахши ҳунараш дар Тоҷикистон маҳдуд нашуда, дар ҷуғрофиёи форсизабонон раҳ ёфт.
Ба гуфтаи худаш, дар Эрон ӯро ба унвони “Оқои дур машав” мешиносанд - ба номи яке аз ғазалҳои маъруфи Мавлоно, ки месароид: “Ай шуда ғарра дар ҷаҳон, дур машав, дур машав”. Фалаки дигари ӯ бо ашъори Мавлоно – “Ҳилат раҳо кун, ошиқо, девона шав, девона шав” ҳам дар саросари ҳавзаи форсизабон шӯҳрат дорад. Фалакҳои машҳури “Сорбон”, “Инсонам орзуст” ва “Эй дил”-и сароидаи Давлатманд Холов ҳам ҳама аз ашъори Мавлоно аст. Ӯ ҳатто “Фотиҳаи Фалак”-ро бо ашъори Мавлоно хондааст.
Ӯ ғайр аз ғазалҳои Мавлоно, инчунин аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Бедил, Фирдавсӣ ва дигар шоирони классик беш аз сад суруд сароидааст. Аз ҷумла, “Шоҳ паноҳам бидеҳ” (Фирдавсӣ) аз маъруфтарин фалакиҳои ин овозхон аст.
Дӯстии Давлатманд Холов бо Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ҳам вирди забонҳост. Ӯ аз шоирони муосир бештар аз ҳама ашъори устод Лоиқро оҳанг бастааст. Худи Давлатманд Холов дар ҷамъомаде дар ин робита гуфта буд, ки “вақте ашъори устод Лоиқро мехонам, Соиб пеши назарам меояд – Лоиқ барои ман шоири классик аст”. Ҳатто Давлатманд Холов ба эҳтироми ин дӯстӣ фарзандашро Лоиқ ном ниҳодааст.
“Шоҳнома Ватан аст” – суруди дигари маъруфи Давлатманд Холов аст, ки матни он ба Гулрухсор, Шоири халқии Тоҷикистон, мансуб мебошад. Ин суруд дар Эрон ҳам басо маҳбубият дорад.
Чеҳраи фалаки тоҷик дар дохилу хориҷ
Дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш ӯ қариб ба 100 мамолики ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ намуда, сарбаландона санъати волои миллиро муаррифӣ кард. Дар дохили кишвар ҳам, аз зумраи сарояндагоне шинохта мешуд, ки дар сатҳи мансабдорони баландпояи давлатӣ мавриди эҳтиром қарор дошт ва қариб дар тамоми ҷашну чорабиниҳои давлатӣ ширкат мекард. Ӯ ҳатто соли 2014 “Шахсияти сол” эълон шуда буд.
Дар қатори Одина Ҳошим, Давлатманд Холов фалаксарое маҳсуб мешавад, ки барои рушди Фалак ва ҷаҳонӣ сохтани он саҳми бориз гузошт. Бо вуҷуди ин, Давлатманд Холов дар он мусоҳиба бо мо хоксорона мегуфт, “ба хидмати мардум камар бастаам ва агар нақше дар фалаксароӣ дошта бошам, шукр мегӯям ва ифтихор мекунам”.
Ҳоло роҳи ин устоди фалакро фарзандаш Лоиқи Давлатманд идома медиҳад. Инчунин, чанд фарзанди дигари Давлатманд Холов ҳам даст ба мусиқӣ задаанд.
Ёду номи Давлатманд Холов гиромӣ бод!
Меҳрофарин НАҶИБӢ