new banner new years
Истаравшан: Чаро Фаррух Нигинаро кушту дар телефон сабт кард?  
7300

 12-уми июн соати 6:30-и пагоҳӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ҷ. Мирамин», воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ясии ҷамоати деҳоти “Гули сурх” Нигинаи 22-соларо сокини деҳаи Зарнисор Фаррух Холмуҳаммедов буғӣ карда кушт.


Барои пайдо намудани посух ба пурсишҳои худ ҷониби ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-и шаҳри Истаравшан роҳ пеш гирифтем.

Говро бурду ҷасадаш омад

Хусуру хушдомани мотамзадаи Нигина ба аксҳои ӯ нигоҳкунон ашк мерезанду афсӯс аз марги мармузи келинашон мехӯранд. Дар ин замона, ки аксар келинҳо оини эҳтиромдориро намедонанд, келини онҳо боэҳтирому хоксор будааст.

Ҷамол Ҷумъаев, хусури Нигина, ки шоҳиди аввалини ҳодиса аст, чунин нақл кард:

-Нигина соати 5 саҳарӣ аввал намозашро хонду баъд ба ҳавлиҳо об пошид. То дами обро ҷабидани ҳавлӣ дар ошхона ноништа омода кард. Чун доимӣ говро ба заминҳои кишт бурд, ки мех карда ояд. Маъмулан 15-20 дақиқа вақт сарф мекард. Аммо рӯзи 12 –ум соати 6:30 говро бурду соат 7 шуда бошад ҳам, даракаш нашуд. Бо оилаам якҷо хавотир шудем ва авсунашро гуфтем, ки Нигинаро рафта фарёд кунад. Ба сари кишт рафт ва хабар овард, ки “гов ҳасту Нигина нест”.

Чаро гумонбар кушторро наворбардорӣ кард?

Амаки Ҷамол дар даст акси келин бо чашмони пуроб нақлашро давом дод:

-Хонаи қудо, ки дар наздикии заминҳои кишти мо ҷойгир аст, фикр кардем ба хонаи модараш рафтааст, бо вуҷуди он ки одати нопурсида рафтан надошт. Аввал ба модари Нигина занг задем, баъд ба падараш. Ҳар ду исрор доштанд, ки дар хонаи онҳо нест. Падари Нигина хавотир шуда аз саҳро ба хонаи мо омад. Аҳли оила якҷо бо падари келин ба саҳро рафтем, то Нигинаро пайдо кунем. Вақте ба таги дарахти чормағз расидем, дидем, ки сатилҳои оби бо худ бурдааш пури об истодаанд. Дар паҳлуи сатилҳо ҷӯй ва дар дохили ҷӯй ҷисми беҷони Нигина хобидаасту рӯяш бо рӯймоли сараш пӯшида.

Ҷониби қудо марги духтарашонро аз қисмат дониста гуфтанд:-Диҳанда ҳам Худо асту гиранда ҳам худи ӯст. Шояд ҷони Нигинаи моро бо ҳамин роҳ гирифт?

Магар мурда рӯйи худро мепӯшад? Чаро қотил ҳолати куштанашро наворбардорӣ кардааст? Агар он куштори одӣ бошад, чаро дар телефони мобилияш навор гирифтааст? Онро ба кӣ ва барои чӣ нишон доданӣ буд? Масъулини мақомоти тафтишотӣ бояд тамоми ҷузъиёти кушторро таҳлил кунанд. Щаёти як ҷавонзан хазон шуд. Ҷигари ду оила реш шуд. Ҳоло байни мардуми маҳал овоза ҳаст, ки қотил “псих” будаасту чӣ кор карданашро намедонистааст. Қотеъона мегӯям, ки Фаррух солим аст ва оиладору фарзанддор. Бояд барои амали ваҳшиёнааш дар пеши қонун ҷавоб гӯяд. Агар “псих” ё девона мебуд, ҷасадро дар ҷӯй пинҳон намекард. Ҷисми беҷони келинамро ба таги дарахти чормағз бурда кӯшиш кардааст, ки ҳарду рӯймолашро гиреҳ карда, мурдаро дар дарахт кашол кунад, то ҳама гӯянд, ки Нигина худкушӣ кард. Хайрият тез-тез омадурафт кардани мардум монеи ин сохтакорӣ шудааст.

Хушдомани Нигина-Роҳат Ҷумъаева ашк мерезад, ки келинашон, ки барои онҳо мисли фарзанд буд, ваҳшиёна кушта шудааст. Ҷумъаева хост тариқи ҳафтанома ба масъулини мақомоти ҳуфзи ҳуқуқ хоҳишашро расонда гӯяд:

-Ҳамин қадар хоҳиш дорам, ки моро бо қотили худонотарс рӯ ба рӯ кунанд, то ба саволҳоямон аз забони худаш посух гирем. Донам, ки чаро маҳз ҷони келини мо даркор шудааст? Чаро назад, накуфт, дасту пояшро нашикасту буғӣ карда кушт? Ин куштор тасодуф буд ё фармоишӣ?

Гумонбар:

Тарсониданӣ будам, аммо...

Дар гузориши РВКД- дар вилояти Суғд дида мешавад, ки гумонбари қатли Нигина Аббосзода, Фаррух Холмуҳаммадов иқрор шудааст, ки дар ҳақиқат Нигинаро кушта, ҷасадашро пинҳон кардааст. Ин пинҳонкорӣ бо мақсади ошкор нашудани ҷиноят будааст. Ӯ нақл мекунад, ки Нигина говро баста об доду сатилҳоро гирифта сӯи хонаашон равон шуд. Аз фурсати набудани атрофиён (саҳарӣ, ки буд, одамон дар кӯчаҳо набуданд) истифода карда, хостам коми дил ситонам, аммо келинчак дод зада, зиддият нишон дод. Вақте раҳо кардам, боз аз тарс дод мезад. Ғазабам омад ва барои садояш дигар набаромадан гулӯяшро бӯғӣ кардам. Як дам дасту почак зад ва аз ҳаракат бозмонд. Ман гумон накардам, ки мурдааст. Фикр кардам, аз ҳуш рафта бошад. Сатилҳо, ки пури об буд, об нӯшонданӣ шудам, вале об нанӯшид. Тарсидам ва чӣ кор карданамро надонистам. Хостам ҳарду рӯймолашро гиреҳ карда, ҷасадро ба шохи чормағз кашол кунам, аммо одамурафти одамон сар шуд ва ин имконнопазир гашт. Мурдаро ба ҷӯй тела дода бо рӯймолаш рӯяшро пӯшонидаму роҳ сӯи хона гирифтам. Вале ӯ шарҳ надодааст, ки чаро ҳолати куштанашро наворбардорӣ кард?

Ба Президент шикоят мебарам, агар...

Шавҳари Нигина Мирбарот, ки дар Федератсияи Россия қарор дошт, баъди шунидани ин ҳодисаи нохуш озими роҳ мешавад, то аз Сибир ба Истаравшан ояд. Аммо дар санаи 12-ум не, 13-ум ҳавопаймо мешавад ва баъди гӯручӯб шудани Нигина омада мерасад.

Ӯ гуфт:

-Зани ман зан не, фаришта дар симои одам буд. Ҳоло ба адолати судӣ умедвор гаштаам, ки нисбати қотил ҷазои мувофиқ медиҳад. Агар ҳукми кушандаи ҳамсарам аз 20-25 сол кам бошад, на танҳо ба суди вилоятию Суди Олӣ, балки ба худи Президент арзамро мебарам.

Раис:   Фаррух “псих” ва оилааш носолим буд

Раиси ҷамоати деҳоти “Гули сурх” Ориф Султонов оид ба ин қазия ва афзоиши ҳодисаҳои нохуш дар ҷамоат чунин гуфт:

-Ҷамоати деҳоти “Гули сурх “беш аз 47 ҳазор аҳолӣ дорад ва барои мо, ки ҳамагӣ аз 14 нафар иборатем, корбарӣ мушкил аст. 14 нафар барои 16 деҳа ва як шаҳрак. Теъдоди коргар зиёд шавад, кор бо аҳолӣ ва оилаҳои осебпазир ва носолим осонтар мегардад. Оилаи Фаррух Холмуҳаммедов ҳам оилаи носолим аст. Худи гумонбар ба истилоҳ “ псих” асту модараш бадтар аз ӯ. Ҳоло модараш марги шавҳарашро як ҳафта нашуда, дар кӯчаҳо дар гӯш наушник суруд гӯш кардаю суруд замзама карда гаштааст. Шояд ин як саҳнасозӣ бошад, вале зани солимақл ҳеҷ гоҳ ин гуна рафтор намекунад. Падараш бошад, марди майзадае буд, ки то рӯзи ҳодиса дар кӯчаҳо мисли мурда афтида мехобид. Пас аз ду рӯзи ҳодиса падари Фаррух ҳам аз шиддати бадмастӣ дар ҷӯйи назди хонашон афтида, фавтидааст.

“Умуман дар давоми 6 моҳи соли 2019 дар ҷамоат 3 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки як куштору ду худкушӣ мебошад”-афзуд Султонов.

Пас аз суҳбат бо хонаводаи шавҳари Нигина ба хонаи гумонбари ҳодиса-Фаррух ба деҳаи Зарнисор рафтем. Модараш худро ба девонагӣ мезад ва касе вориди ҳавлӣ шавад, дашном медод. Ҳамин қадар гуфт, ки писараш ба деҳаи Ясӣ мардикорӣ мерафт. Раиси ҷамоат исрор дошт, ки зан ба ин ҳад девона набуд, шояд ду зарбаи сахти оилавӣ якбора таъсир карда бошад.

Масъулин чӣ мегӯянд?  

Масъулини мақомоти прокуратураи шаҳри Истаравшан вобаста ба ин қазия барои халалдор нашудани рафти тафтишот аз додани иттилоъ худдорӣ карданд. Як манбаи наздик ба тафтишот гуфт, ки алайҳи гумонбар Фаррух Холмуҳаммедов бо гумони қатли зани 22-сола бо моддаи 104-и Кодекси ҷинояти ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Вале саволҳои аҳли оилаи шавҳари мақтул: “Магар мурда рӯйи худро мепӯшад?”, “Чаро қотил ҳолати куштанашро наворбардорӣ кардааст?”,  “Онро ба кӣ ва барои чӣ нишон доданӣ буд?”... ҷавоб мехоҳанд.

Фарзона Муродӣ,

Хуҷанд-Истаравшан-Хуҷанд

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Одил 2019-07-30, 19:49
Худо раҳмат кунад, духтари хушруйча будаст
Посух
Гов 2019-07-30, 19:49
Гов суд кунанд ҳаромия
Посух
Руха 2019-07-30, 19:50
Рузаш буд шудаст, лек ҷинояткор бояд ҷазои сазовор гирад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Одил 2019-07-30, 19:49
Худо раҳмат кунад, духтари хушруйча будаст
Посух
Гов 2019-07-30, 19:49
Гов суд кунанд ҳаромия
Посух
Руха 2019-07-30, 19:50
Рузаш буд шудаст, лек ҷинояткор бояд ҷазои сазовор гирад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД